
Ҳисоботи Раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов аз фаъолияти он дар соли 2020
Шўрои куҳансолон муштаракан бо Комиҷроияи ҳаракат чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, соли равон тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Варзобу Шаҳринав ва дигар ниҳодҳо як қатор вохўрию суҳбатҳо доир сохт.
Аз ҷумла, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа рўзи 19 феврали соли 2020 раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов, мушовири калон- ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, сардори Донишкадаи ҳарбӣ полковник С. Файзизода, муовини Сардори Донишкадаи ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ полковник Н.Ниёззода бо ҷалби устодону афсарон ва курсантони донишкада мизи мудаввар дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ” баргузор сохтанд.
Соли равон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов, ҳамоҳангсоз – мушовири ҳаракат Р. Давлатов, аъзои Шўрои куҳансолон, академикҳо С. Одинаев, М. Яқубова, муовини ректор оид ба илм С. Сафармамадов, сардори раёсати илм ва навоварии техникӣ Р. Наботӣ, профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети механика ва математика Н. Раҷабов, номзади илмҳои кимиё М. Султонмамадова, номзади илмҳои физика математика А. Зарипов олимони ҷавон ва донишҷўёни факултетҳои физикаю математика ва биологияю химияи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ноҳияи Файзобод бошад вохўрӣ дар мавзўи “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров-муаррифигари тамаддуни қадимаи халқи тоҷик” бо ҷалби кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шўрои занон, имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ноҳия доир гардид. Дар вохўрӣ раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, мушовири калон-ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, аъзои Шўрои куҳансолон- доктори илми таърих, профессор Ҳ. Пирумшоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вобаста ба аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об тибқи нақша дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо иштироки раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, мушовири калон, ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, ректори донишгоҳ доктори илмҳои биология, профессор У. Маҳмадёрзода, муовини ректор оид ба тарбия И. Самандаров вохўрӣ баргузор гардид.
Бо сокинони ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Фархори вилояти Хатлон дар мавзўи “Истифодаи самараноки захираҳои замин ва об дар асоси суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор: 2018-2028” дар мувофиқа бо муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикргардида чорабинӣ баргузор гардид, ки раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ, раиси шўрои куҳансолони ҳаракат дар вилоят С. Шомалангзода, аъзои шўрои куҳансолон И. Шафиев, шоир Озар, мухбири рўзномаи “Ваҳдат” дар вилояти Хатлон А. Бобоев, корманди рўзномаи вилоятии “Ваҳдатсаро” С. Баёзӣ дар он иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар маҳал бо ҷалби масъулон ва кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, маориф, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кумитаи идораи замин, раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, асосиатсияи истифодабарандагони об ва раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кўлоб дар ноҳияҳои Балҷувон, Мўъминобод, Шамсиддин Шоҳин дар мавзўи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти энергетикӣ” бо сокинону фаъолони маҳал суҳбату вохўриҳо доир карда шуд. Дар чорабинӣ раиси шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ, раиси шўрои куҳансолони ҳаракат дар вилоят С. Шомалангзода корманди рўзномаи вилоятии “Ваҳдатсаро” Саидҷаъфар Баёзӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар иртибот бо мавзўъҳои болозикр дар нашрияҳои вилоятии “Хатлон”, “Новый Хатлон”, “Ваҳдатсаро” хабару мақолаҳо ба табъ расонида шуда, тавассути шабакаҳои телевизиони “ТВ Хатлон” ва “ТВ Кўлоб” бо ҷалби коршиносон барномаҳои таҳия ва нашр гардид.
Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон раиси Шўрои кўҳансолон Ғ. Афзалов, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон, шоир А. Хатлонӣ, котиби масъули нашрияи “Ваҳдатсаро” С. Баёзӣ ва масъулони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик бо фаъолону сокинони маҳал дар мавзўи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ” вохўриҳо доир намуданд.
Дар вохўрӣ раиси Шўрои куҳансолон вакили мардумӣ ва иштирокчии бевосита дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон Ғ. Афзалов, раиси комиҷроия, муовини раиси ноҳияи Данғара Б. Файзиддинзода, раиси ноҳияи Темурмалик Ф. Аминзода, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон, шоир А. Хатлонӣ, котиби масъули нашрияи “Ваҳдатсаро” шоир С. Баёзӣ ба сухан баромада, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар бунёди сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва гирифтани пеши роҳи даргириҳо бо гурўҳҳои мухолиф ва манфиатҷў, эҷоди заминаи мусоид барои баимзорасии Аҳдномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳо, умед бахшидан ба ояндаи неки зиндагӣ дар дили шаҳрвандон ва нақши созандаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори ҷомеаи навини ҳуқуқбунёду демократӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳои пурмуҳтаво намуда, ҳозиринро ба арҷгузории аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Таъкид гардид, ки мардум ба аҳаммияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи Конститутсия, Рўзи Президент ва Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ду насл» бо иштироки собиқадорон ва ҷавонон ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид, ки раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов дар он иштирок ва суханронӣ намуд.
Шўрои куҳансолон дар соли 2021 низ баргузории силсилаи ҷамъомаду вохўриҳои пуртаъсирро ба нақша гирифтааст.