Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

Нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ

Нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ
Бо ин ном бо ташаббуси муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Академияи ВАО дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор шуд. Дар ин хамоиши омўзишӣ иҷрокунандаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон З. Исмоилзода, Раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, муовини директори АМИТ «Ховар» Қ. Сайфуллоев ва директори «Радиои Тоҷикистон» О. Саидзода ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, рўзноманигорон ва собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.
Гардонандаи ин ҳамоиш З. Исмоилзода дар сухани ифтитоҳии хеш нақши воситаҳои ахбори оммаро дар таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ниҳоят арзанда арзёбӣ кард. Аз ҷумла, ў дар суханронии худ таъкид кард, ки вақте ки «Созишномаи сулҳу ва ризоияти ҷомеа» соли 1997 дар Маскав имзо шуд, дар телевизион барномае вобаста ба соҳаи кишоварзӣ мерафт, бурида шуд ва ба мардуми тоҷик аз сулҳи деринтизори тоҷик нахустин муждаи нек дода шуд. Ў гуфт: «Аз рўзҳои нахустине, ки Рохбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, рўзноманигорон дар паҳлўи он кас буданд ва тамоми лаҳзаҳои пурэҳтироси он давронро намоиш медоданд ва дар барномаҳои радиоӣ ахбори муҳимро саривақт ба шунаванда мерасонданд ва дар матбуоти даврӣ мақола менавиштанд ва хаёти сиёсиву фарҳангиро инъикос мекарданд. Ў афзуд, ки бояд аз ҷониби муҳаққиқон нақши ВАО дар ин давра ба силки таҳқиқ кашида шавад ва ба таври ҳаққонӣ ҳаёти сиёсӣ мунъакис гардад. Сипас, риштаи суханро ба иҷрокунандаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоира Рудобаи Мукаррам дод. Суханронии Рудобаи Мукаррам аз ду қисмат иборат буд: а) нақши расона ва иттилоот дар инъикоси ваҳдати миллӣ ва б) фаъолияти созанда ва ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ.
Аз ҷумла, ў дар гузориши худ аз сухани донишманди англис Ҷ. Моррисон ёдовар шуда гуфт: «Ҳар касе, ки иттилоотро идора мекунад, ақлро назорат мекунад. Ҳар касе, ки иттилоотро дастрас мекунад, азизи мардум хоҳад шуд». Ва афзуд, ки рўзноманигорон дар инъикоси ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистони тозаистиқлол, хусусан ваҳдати миллӣ нақши густарда ва шоиста доранд. Хусусан, нақши садову симо ва рўзномаҳову маҷаллот дар инъикоси воқеаҳои сиёсӣ, бавижа ҷанги шаҳрвандӣ, ҷараёни музокироти тоҷикон ва лаҳзаҳои ба имзо расидани «Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ», фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат хеле барҷаста аст. Ў дар идомаи суҳбати худ афзуд, ки: «Маҳз бо талошҳои хастагинопазиронаи меъмори сулхи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу амонӣ барқарор шуд, гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд ва тамоми харобаҳое, ки ҷанги таҳмилӣ ва бародаркуш ба вуҷуд оварда буд, рафъ гардида, дар ҷумҳурӣ ҳаёти осоишта таъмин карда шуд. Ваҳдат, ба гуфтаи Рудоба Мукаррам, меҳварсутуни истиқлоли Тоҷикистон ааст. Ў ҳамчунин ба хидматҳои шоиста ва боистаи Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъкид кард.
Баъдан Ғайбулло Афзалов – раиси Шўрои куҳансолон дар хусуси ваҳдати маънавӣ, ваҳдати забонӣ ва ваҳдати фарҳангӣ сухани худро ифтитоҳ бахшида, аз таърихи Тоҷикистон дар даврони Шўравӣ ва замони истиқлол лаҳзаҳои хотирмонашро ба насли ҷавон хотиррасон кард. Ў аз ҷумла гуфт: «Ман иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсози XVI дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун вакили парлумон будам ва воқеаҳои он солҳоро мисли навори кино дар пеши чашм дорам. Албатта, замони хеле вазнин буд. Гирдиҳамоӣ ташкил шуда, мардум ба қисмат ҷудо шуданд. Бо дахолати баъзе давлатҳо ва гурўҳҳои иғвоангез ҷанги бародаркуш шурўъ шуд. Мардуми бегуноҳ ҳар рўз кушта мешуданд. Нон намерасид, заводҳои ҳама аз кор монда буданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои душвор вакилони халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси Шўрои вазирон интихоб карданд. Ва сухани нахустини ў дар ин ҷаласаи тақдирсоз ин буд, ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар рўзҳое, ки иҷлосия идома дод, Роҳбари давлат бо як ҳайати хурд ба Шаҳритус ба назди гурезагон омад ва бо суханани эътимодмахши худ гуфт: «Ин ватани шумост,шумо дар он ҳаққи зиндагӣ доред, ман ба шумо тилло ваъда намедиҳам, вале метавонам як бурида нон ёбам, ки шумо дар ватани худ бихуред ва онро ободу шукуфо созед». Ҳамзамон бо ин, дар бораи раванди сулҳи тоҷикон, ки сесолу се моҳ идома дошта, 40 гуфтушунид сурат гирифт ва ниҳоятан соли 1997 дар Маскав «Созишномаи сулҳ ва ризоияти тоҷикон» имзо шуда, тасмимҳои баъдӣ барои ба танзим овардани харобаҳои ҷанг шурўъ шуд. Ў ҳамчунон аз хатарҳои табаддулоти давлатӣ аз ҷониби генерал Назарзода ва роҳбари ТЭТ «Наҳзати ислом» М. Кабирӣ ёдовар шуда, амалкарди онҳоро накўҳиш кард. Ва дар фарҷоми сухани худ таъкид кард, ки: «Вахдати мо аз иҷлосия шурўъ мешавад».
Муовири АМИТ «Ховар» Қ. Сайфуллозода низ аз сабақҳои ҷанги шаҳвандӣ ёдовар шуда, дар хусуси хатарҳои иттилоотӣ, ҳушёру зирак будан аз таҷоҳуми душман, ба муборизаҳои иттилоотӣ омода будан, халои иттилоотӣ, гароиши ҷавонон ба равияҳои бегона, таъсири пандемияи бемории сироятии «Ковид 19» ва инъикоси рухдодҳои муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ аз ҷониби АМИТ «Ховар» ва радиои FM Ховар сухан гуфт. Ў аз ҷумла, аз камфаъолиятии марказҳои матбуотии вазорату идораҳо, сомонаву саҳифаҳои интернетӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд зарурат дорад, ки фазои иттилоотии кишвар боз ҳам таҳким ёбад.
Обидҷон Саидзода директори радиои Тоҷикистон оид ба нақши радиои «Точикистон» дар сари вақт ва ҳадафманд расонидани хабарҳои сиёсӣ, хусусан ташкили барномаҳои алоҳида ва силсилагуфторҳо дар бораи вахдат сухан гуфт.
Хабарнигори рўзномаи «Садои мардум» Ворис низ дар бораи ғафлат ва ноогоҳии ҷавонон аз сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ мояи нигаронӣ карда, аз ҷумла таъкид кард, ки ваҳдат имрўз ба чанд омили муҳим, бавижа: огоҳӣ аз фитрат, такмили маърифати миллӣ, бедор кардани худшиносӣ, худогоҳӣ, хештандорӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ниёз дорад. Ў дар гузориши худ ба масъалаҳои аз таҷоҳуми фарҳангҳои бегона, мағшўӣ ва рисолати рўзнома дар муқобили ҳамин гуна ҳуҷумҳои иттилоотӣ ишора кард.
Сипас, собиқадори радио ва телевизион Шералӣ Мустафоқулов, ки хабарнигори рўзномаи «Ваҳдат» низ ҳаст, дар бораи сафари худ ба Афғонистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳияи барномаҳо бо гурезагон изҳори ақида кард. Аз ҷумла, ў гуфт, ки бо ҳамроҳии наворбардор Анвар Ғайбуллоев ва як гурўҳи дигари хабарнигорон барномаи «Хоки Ватан»-ро омода карданд, ки барномаи нахустини он моҳи ноябри соли 1993 соати 17.00 ба вақти Душанбе пахш шуд, ки ду ҳадаф дошт: -баргашти гурезаҳо ба Ватан ва – ба ҳаёти осоишта расидан. Ин ду ҳадаф амалӣ шуд. Баъди пахшу нашри ин барнома одамони зиёде ба назди бинои телевизиони Точикистон меомаданд, падару модар, бародару хоҳар ва хешу ақрабои худро суроғ мекарданд. Барои дарёфти онҳо нома менавиштанд вам о ба воситаи хабарнигорон кўшиш мекардем, ки садои ҳамватанони худро ба онҳо бирасонам ва барои дарёфти онҳо талош кунем. Албатта, вақте ки мегуфтем, ки падар ё бародари шумо зинда аст, хушҳолии онҳоро ҳадду канор надошт. Ў инчунин афзуд, ки зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар мавзеи «Дашти морон» ниҳоят вазнин, яъне зимистонаш қаҳратун ва тобистонаш ҷонсўз буд. Вақте ин барномаи «Хоки Ватан» пахш шуд, дар дили мардум як шўъла ё шарораи умед зинда шуд ва онҳо бовар ҳосил карданд, ки ба Ватан баргарданд ва зиндагии худро идома бахшанд.
Сафаралӣ Нозимов собикадори радио ва телевизион, ки шоҳиди воқеаҳои он солҳо буд, аз ҷумла гуфт: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар, Хори Ватан аз аз лолаю райҳон хуштар» ин байт моҳияти асосии барномаи «Хоки Ватан»-ро ташкил медод. Мо дар он рўзҳо ба воситаи баландгўякҳо дар ноҳияи Шаҳритус дар назди сарҳад истода, ин барномаро бо садои баланд пахш мекардем ва бо ин кор ташвиқ мекардем, ки гурезагон ба ватан баргарданд. Аз ҷумла, мо «Муроҷиатномаи Роҳбари давлатро оид ба баргардони гурезагон ба Ватан» ба ин тариқ ба онҳо шунавонидем. Маҳбубияти ин барнома дар он буд, ки одамон ба василаи он ба дидори азизони худ мерасиданд ва ба зиндаву саломат будани онҳо эътимод мекарданд. Ў дар охири сухани худ ҳикояте гуфт, ки бисёр муассир ва такондиҳанда буд.
«Соли 1993. Ноҳияи Шаҳритус. Зане дар сари гаҳвора ба фарзанди навзоди худ шир медод. Ногоҳ садои мусалсали тирпаронӣ баромад. Мардум ба таҳлука афтода, рў ба гурез ниҳоданд. Зан низ бо ҳарос берун баромад ва дид, ки одамон ба тарафи дарёи Панҷ мегурезанд, ба онҳо ҳамроҳ шуда, аз дарё гузашт. Гуреза шуд. Ва он вақт кўдакаш ба ёд расид, ки дар гаҳвора монда буд. Худро меларзонду мегирист ва хост боз аз дарё гузарад ва ба пеши фарзандаш баргардад. Мўсафеди рўзгордида гуфт, дар деҳа як қисми одамон боқӣ монданд, ягон каси савобҷўе бибинад, ки кўдаке гиря дорад, онро бо худ мебарад, тарбият мекунад. Бо ташвиқу тарғиби ҳукуматдорон як гурўҳи мардум, аз ҷумла ҳамин модар баъди ҳашт моҳ ба Ватан баргаштанд. Зан дар ҳама ҷо фарзанди худро меҷуст. Чун ба хонааш наздик шуд, тапиши дилаш дучанд гардид. Дари хонаашро боз кард, ки гаҳвора ҳамон ҷое, ки гузошта буд, истодааст. Бо як ҳаракати фавқулода пардаи гаҳвораро бардошт. Дид, ки аз фарзандаш искилете боқӣ монда. Аз дилу ҷигараш фиғон кашид, нолаю мўя кард. Ба худ ҳазор бор лаънат фиристод, ки чаро фарзандашро дар гаҳвора фаромўш кард».
Ин гуна ва садҳо лаҳзаҳои дардолуд ва аламоваре ҳастанд, ки доғи ҷанг дар синаҳои модарон захми носури худро гузоштааст.
Таърих ҳамеша ба инсон ҳушдор медиҳад, ки аз гузашта сабақ бигирад ва ба оняда бо нияти нек ва бо чашми хирад нигарад. Таъкид гардид, ки «дар зудтағйирёбанди муосир, ки садҳо зуҳуроти номатлуб ва хатарзоро пеш овардааст, намояндагони ВАО бояд бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, касбият ва содиқ будан ба Ватан дар таҳкими суботу амният ва ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми басазо гузоранд. Аз ҷумла, намояндагони ВАО нисбат ба паёмадҳои ҷаҳони муосир, ки қувваҳои бадхоҳу пасипардагӣ ва ифротӣ, ҳар гуна иттилооти бардурўғу иғвоангезро дар фазои иттилоотӣ пахш намуда, манфиатҳои кишварҳои абарқудратро ҳимоя менамоянд, бо силоҳи худ-қалам муборизаи оштинопазир бурда, рисолати худро дар ҷомеа иҷро созанд. Зеро дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷаҳон зуд-зуд тағйир меёбад ва бархе аз қувваҳои бадхоҳ, ки аз хориҷа дар камин истода, ба сўи кишварамон сангпартоӣ менамоянд ва аз дидани пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони муосир чашмашон хира мешавад, шоирону нависандагон ва рўзноманигорон дар ҳифзи амнияти давлат ва пойдории суботи мамлакат саҳми бориз бояд гузоранд. Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки дар кишвар холигии фазои итилоотӣ бояд пур карда шавад, зеро қувваҳое ҳастанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ аз холигии фазои иттилоотӣ истифода менамоянд».
Баргузории чунин ҳамоишҳои омўзишӣ ва амалӣ, албатта, дар тарбияи насли ҷавон аҳаммияти вижаю бузург дорад. Шукри сулҳу амонӣ бикунем ва барои ҳифзи он ҳамеша талош дошта бошем, то Ватани азизамон – Тоҷикистон боз ҳам шукуфою сарсабз бошад.
Нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣУмриддин ЮСУФӢ,
сармуҳаррири рўзномаи «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин