Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 
  • 17:38 – Тавзеҳи Паёми сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 
  • 14:22 – ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯНД 

ДИДОРБИНӢ ДАР ЛИТСЕИ ҲАРБӢ

ДИДОРБИНӢ ДАР ЛИТСЕИ ҲАРБӢ
Имрўз бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ Рудобаи Мукаррам, Раиси Шўрои куҳансолон Афзалов Ғайбулло, муовини Вазири мудофиа Абдусаттори Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва расму маросим Азизулло Мирзозода, муовини раиси мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо ҳайати шахсӣ ва таълимгирандагон – курсантони Литсеи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба баланд бардоштани рўҳияи сарбозон, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстию ватанпарастӣ мулоқоти гарму самимӣ ва хотирмон сурат гирифт.
Ҷаласаро муовини Вазири мудофиа Абдусаттори Шоҳиён ифтитоҳ намуда, аз ҷумла дар бораи хизмати сарбозӣ, шарту шароити муҳайёнамудаи давлату Ҳукумат ба низомиён, чи гуна таъсис додани Артиши миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ҳамчун муассиси Артиши миллии Тоҷикистон, корномаҳои қахрамонони халқи тоҷик изҳори андеша кард.
Рудобаи Мукаррам - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ сухани худро бо қироати шеъри ватанпарастонаи «Тоҷикстон» оҒоз карда, зимнан дар хусуси сиёсати қавианосири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Ваҳдати миллӣ, нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, зарурати таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён кард. Ў сулҳу ваҳдатро яке аз арзишҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дониста, аз курсантони ин мактаби ҳарбӣ даъват карда, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи Ватан аст, зеро онҳо дар ин литсей нозукиҳои касби ҳарбиро меомўзанд ва барои ҳимояю дифоъи хоки поку муқаддаси Ватан-Модар ҳамеша бояд омода бошанд. Илова ба ин, оид ба таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, дар мисоли ДОИШ ва ТЭ ҲНИТ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ҷалбу шомилшавии ҷавонон ба равияҳои бегонаи эктремистӣ, ки имрўзҳо ба василаи шабакаҳои муғризонаи иҷтимоӣ интишор мешаванд, изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба дўст доштани Ватан-Модар, Тоҷикистони азизу маҳбуб даъват карда, амалҳои номатлуби намояндагони ташкилоти экстремистии ҲНИТ-ро маҳкум кард.
Дар ҷаласа Раиси Шўрои куҳансолон Афзалов Ғайбулло, муовини Вазири мудофиа Абдусаттори Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва расму маросим Азизулло Мирзозода, муовини раиси мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ карданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин