Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН

ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН
Силсилавохўриҳо бо афсарону сарбозон тибқи нақшаи муқарраршуда идома дорад. Имрўз гурўҳи корӣ дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, Раиси шўрои куҳансолон Афзалов Ғ., Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Азизулло Мирзозода, муовини раиси мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар қисми низомии 0123-и Қушунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсии афсарону аскарон дидору мулоқот баргузор намуданд.
Аз ҷумла, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам гуфт: «Мо бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дидорбонии шумо омадем. Ва ман салому паёми Сарвари давлатро ба шумо – азизон мерасонам. Ва бо чашми худ дидем, ки дар ҳамаи қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла қисми низомии шумо низ тамоми шароити моддиву техникӣ муҳайё шудааст. Ҳайати гурўҳи корӣ аз ошхонаҳои барҳаво, ҳаммом, синфхонаҳои таълимӣ ва китобхона дидан карда, барои омода кардани чунин шароити мусоид ба роҳбарияти қисми низомӣ таҳсин гуфт.
Рудобаи Мукаррам дар суханронии муфассали худ дар бораи масъалаҳое чун худшиносию худогоҳии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, касбу донишҳои замонавӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба равияҳои бегона, омўхтани забонҳои англисиву русӣ, таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик, хусусан мутолиаи «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров махсус таъкид кард. Ҳифзи Ватан барои ҳар як фарди Ватан, хусусан ҷавонони далери шуҷоъ, мисли шумо қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандӣ мебошад. Ў аз сарбозон даъват ба амал овард, ки пайрави Пешвои миллат бошем, ташаббусҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намоем ва дар ободу шукуфо кардани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин