Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

НАҶОТИ МО ДАР ВАҲДАТ АСТ

Дар арафаи омад-омади Рӯзи ваҳдат идораи рӯзномаи «Садои мардум» бо ду нафар аъзои Комиссияи оштии миллӣ Иброҳим Усмонов - раиси Кумитаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналхалқӣ, муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг, раиси зеркомиссия оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз ҷониби Ҳукумат ва Абдунабӣ Сатторзода - муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, узви зеркомиссия оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз ҷониби ИНОТ ҳамсуҳбат шуд ва назари онҳоро нисбат ба татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пурсон шуд.
-Устоди муҳтарам Абдунабӣ Сатторзода нақши «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
- Созишномаи мазкур аз лиҳози арзиши фавқулодаи худ ба Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Агар яке ба сарзамини бостонии мо ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро овард, дигаре сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштию ваҳдатро дубора барқарор намуд.
То имзои Созишномаи умумӣ, бидуни муҳобот, мо ва кишвари азизамон – Тоҷикистон бар асари ҷанги ҳамватанӣ дар вартаи ҳалокат қарор доштем. Масъала чунин буд, ки мо, тоҷикон ё ба ҳам меоем аз роҳи сулҳу оштӣ ва ё нобуд хоҳем шуд бо идомаи ҷангу низои байнихудӣ.
Ба бахти мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ аз байни тарафҳои даргир одамоне ёфт шуданд, ки ин хатари бузургро саривақт дарк намуданд ва бо сарварии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик (ИНОТ) устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳи сулҳу салоҳро пеш гирифтанд.
-Роҳи тайкардаи ин санади таърихӣ аз нигоҳи шумо.
-Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллати мо, кишвари мо, давлати мо буда, натиҷаи Музокироти сесолаи байни тоҷикон, мулоқоту машварати сарони ҷумҳурӣ ва роҳбарони ИНОТ, заҳмати фаровони ҳайатҳои музокиракунандаи тарафҳо, кӯшишҳои хастагинопазири кишварҳои нозири музокирот ва мусоидати ҳамешагии созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Вақте ки санадҳои ҷудогонаи Созишномаи умумӣ дар ҷараёни Музокироти тоҷикон дар душвортарин шароит ва тангтарин фурсат ғолибан дар дили шаб ва ё дар поёни он баъд аз баҳсу мунозираҳои шадид ва тӯлонӣ омода мегардид, банда ба ҳайси узви ҳайати Музокирот нигаронӣ доштам, ки он санадҳо ҳатман пур аз ғалат ва иштибоҳот хоҳад шуд ва гумон аст, ки ҳангоми татбиқ самари дилхоҳе бидиҳад.
Пас аз гузаштани ду сол аз раванди татбиқи Созишномаи умумӣ бо камоли қаноатмандӣ ва ифтихор арз менамоям, ки усулан ва моҳиятан дар он хатое ё иштибоҳе нарафтааст. Агар хатое ё иштибоҳе ҷой дорад, дар ҷузъиёти он ба назар мерасад, на дар куллиёти он. Имони комил дорам, ки «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар ҷумлаи беҳтарин санадҳои дипломатӣ қарор хоҳад гирифт ва дар оянда ба ҳайси намуна омӯхта хоҳад шуд.
Зимнан, мехоҳам ин ҷо аз онҳое ном бубарам, ки дар эҷоди Созишномаи мазкур бевосита даст доштанд, хоссатан аз Талбак Назаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, шодравон Отахон Латифӣ, М. Ҳимматзода, А. Достиев, Ш. Зуҳуров, Иброҳим Усмон, Саид Салим ва чанди дигар.
-Назари шумо ба раванди ду соли сулҳу оштӣ?
-Бале, аз имзои Созишномаи умумӣ ду сол гузашт. Ҳафтае баъд ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) низ ду соли пурра мешавад. Ҷаласаи аввали КОМ дар шаҳри Маскав дар рӯзи 7 июли 1997 баргузор гардида буд. Аз оғози кори КОМ дар Душанбешаҳр низ 1 солу 9 моҳ пур шуд.
Ман хурсанд аз он ҳастам, ки ду сол боз дар кишвари мо ҷанг нест ва соли дувум аст, ки дар он раванди сулҳу оштӣ ба таври бебозгашт ҷараён дорад.
Дуруст аст, ки раванди мазкур хеле ба кундӣ пеш меравад ва на ба тавре ки ба нақша гирифта шуда буд. Лекин муҳим он аст, ки раванди сулҳу оштӣ алорағми ҳамагуна монеаҳое, ки ба вуҷуд омадаанд, дар Тоҷикистон қатъ нагардид ва дер бошад ҳам оҳиста – оҳиста ба самар мерасад.
- То имрӯз иҷрои кадом масъалаҳои дар Созишнома пешбинишуда ба таъхир афтодаанд ва иллати он дар чист?
-Агар аз таъхири иҷрои масъалаҳои дар Созишнома пешбинишуда сухан карданӣ шавем, бояд хотиррасон кунем, ки ҳамаи муҳлатҳое, ки қаблан дар Созишнома муқаррар гардида буданд, кайҳо ба охир расиданд. Мувофиқи Созишнома ҳамаи масъалаҳо мебоист дар бадали 12-18 моҳи давраи гузариш ҳаллу фасл мегардиданд. Аммо ин тавр нашуд. Иллаташ дар он аст, ки аввало, худи масъалаҳое, ки бояд КОМ дар ҳамкорӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонад, зотан душвор мебошанд, аз қабили ислоҳи Ҳукумат тибқи саҳмияи 30 фоиза, тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ, реинтегратсияи комили размандагони ИНОТ ба сохторҳои низомӣ ва интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Сониян, беэътимодии тарафҳо ба якдигар низ боиси таъхири иҷрои онҳо гардид. Гузашта аз ин ҳар яке аз тарафҳо кӯшиш менамуд, ки Созишномаро, агар чунин таъбир раво бошад, ба нафъи худ ва бар зарари тарафи дигар истифода намояд.
Ба болои ин ҳама дар дохил ва хориҷ нерӯҳое, гурӯҳҳое, афроде буданд, ки истиқрори сулҳу оштӣ ба манфиати онҳо набуд. Аз ин рӯ талош мекарданд, ки ба он халал расонанд ва халал ҳам расонданд.
Феълан ҳанӯз иҷрои масъалаҳои ислоҳи Ҳукумат аз тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия дар сохторҳои ҳукумати иҷроия, ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, реинтегратсияи комили размандагони собиқи ИНОТ ба сохторҳои низомӣ ва интизомии ҳукумат ба охир нарасидааст. Бартараф намудани манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ ва воситаҳои ахбори умум вобаста ба анҷоми марҳилаи дувуми Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ мебошад, ки, мутаассифона, он ҳам ба охир нарасидааст. То ҳол ислоҳи сохторҳои қудратии Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи аттестатсияи ҳайати шахсӣ, ба шумули фармондеҳӣ давом дорад ва ғайра.
-Чаро муҳлатҳои иҷрои дар Созишнома муқарраргардида риоят намешаванд? Оё саривақт ба анҷом расонидани он ба манфиати ҳамаи мо нест?
-Ба қисмати аввали саволатон, агар таваҷҷуҳ карда бошед, ман вобаста ба саволи пешинаатон ҷавоб гуфтам. Аз ин сабаб ба такрори дубораи он зарурате нест.
Дар мавриди бахши дувуми саволатон ҳаминро гуфтаниям, ки анҷоми саривақтӣ ва пурраи Созишнома, тавре шумо дуруст мефармоед, ба манфиати ҳамаи мост, аз ҷумла ба манфиати тарафҳои дохили қазия. Инро худи онҳо низ дарк кардаанд. Аммо гап дар он аст, ки ҳалли масъалаҳое, ки дар Созишномаи умумӣ омадаанд, аз як тараф, чандон кори осон намебошад, аз тарафи дигар, марбут ба омилҳои мухталифест. Аз ин сабаб фурсати муайян мехоҳад. Вале ин чунин маъно надорад, ки тарафҳо муҳлати иҷрои Созишномаро ба таври беохир кашол бидиҳанд. Зеро кашол додани раванди татбиқи Созишнома на танҳо ба манфиати ҳеч яке аз тарафҳо нест, балки ба манфиати ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони он низ намебошад. Ҳар қадре ки раванди сулҳу оштӣ тӯл кашонда шавад ва ба кундӣ ҷараён гирад, ҳамон қадр душманони сулҳу оштӣ барои анҷоми кори бадашон имконоти бештаре пайдо хоҳанд кард.
-Баъзан овозаҳое пахш мешаванд, ки Комиссияи оштии миллӣ фаъолияташро қатъ кардааст. Оё ин хилофи Созишнома нест?
-Бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Дарвоқеъ, аз моҳи сентябри соли 1997, яъне аз оғози фаъолияти КОМ дар Душанбе то ба имрӯз ду-се бор вазъияте пеш омад, ки барои фаъолияти босамари КОМ дар ҳайати пуррааш шароити мусоид намонд. Барои мисол, моҳи сентябри соли гузашта пас аз қатли узви КОМ шодравон Отахон Латифӣ чунин ҳолат ба вуҷуд омада буд ва аъзои КОМ аз ҷониби ИНОТ то таъмини амнияти хеш ва шароити мусоид ба кор набаромада буданд.
Дар банди 3 «Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ», ки ҷузъи таркибии Созишномаи умумист, омадааст, ки «комиссия мақоми муваққатӣ буда, фаъолияташро баъди даъвати парламенти нав ва ташаккули мақомоти роҳбарикунандаи он қатъ менамояд». Дар ҷараёни татбиқи Созишнома ду-се бор қатъ гардидани фаъолияти аъзои КОМ аз ҷониби ИНОТ чораи ҳалли масъалаҳо аз рӯйи ноилоҷӣ буд.
-Имрӯзҳо ҳалли кадом масъалаҳо аз нигоҳи шумо таъхирнопазиранд?
-Раъйпурсии умумихалқӣ дар заминаи тағйироту иловаҳо бо Конститутсияи ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими Қонуни нави интихобот ва баргузории интихоботи парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, бартараф кардани манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии шомили ИНОТ ва воситаҳои ахбори умум аз ҷумлаи чунин масъалаҳои таъхирнопазиранд. Бе ҳаллу фасли онҳо раванди сулҳ пеш нахоҳад рафт.
-Оё ба анҷоми масъалаҳои 30 фоиза дар Тоҷикистон оштии кулро чашмдор шудан мумкин аст?
-Таъмини сулҳи сартосарӣ ва оштии кул дар Тоҷикистон танҳо ба анҷоми масъалаи 30 фоиза вобастагӣ надорад. Ба сохторҳои иҷроия ворид гардидани намояндагони ИНОТ ба хотири барқарор кардани таносуби нерӯҳои сиёсӣ дар қудрат мебошад. Бешубҳа, ин чиз то андозае боиси дарёфти сулҳу оштӣ миёни нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон ва маҳалу минтақаҳои мухталифи он мегардад. Вале сулҳу оштӣ дар кишвари мо замоне барқарор хоҳад гашт, ки силоҳ дар дасти мардум боқӣ намонад, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ қавитар гарданд, қонунҳо риоят шаванд, маншаъҳои низоъ ва хусумат бардошта шаванд ва ҳама якдилу яктан аз пайи обод кардан, инкишоф додани иқтисод, илму фарҳанги кишварамон шавем.
Ворид гардидани намояндагони ИНОТ ба сохторҳои иҷроияи Ҳукумат танҳо ба хотири ишғоли қудрат ва гирифтани мансаб бошад, ҳеч гоҳ ба сулҳу оштӣ, хосса оштии кул намерасонад. Мақсад аз ишғоли курсӣ ифода намудани иродаи гурӯҳе аз мардум аст ва он, бешубҳа, омили муҳиммест дар дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон.
-Арзиши ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён дар ҷамъияти имрӯза аз нигоҳи шумо?
-Қабл аз он ки ба саволатон бевосита ҷавоб бигӯям, як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки яке аз иллатҳои ба фоҷеаи миллӣ дучор гардидани мову шумо (агар дуруст мулоҳиза шавад) дар он аст, ки моро дар садсолаҳои охир аз решаҳои худ, аз гузаштаи пурифтихори худ, аз илму фарҳанг, суннатҳои давлатдории худ ҷудо мононданд ва дар ниҳоят пора-пора гардида, дар маҳватаи танги маҳалҳои худамон дар миёни чордевори кӯҳҳои баланд қарор гирифтем.
Зинда гардонидани ифтихороти миллии гузаштаи дуру наздик, аз қабили ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён, бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Т. Ӯлҷабоев, Ака Шариф Ҷӯраев ва ғайраҳо, ки онро Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлатии хеш қарор додаст, аз боарзиштарин мафкураи имрӯзӣ дар ҷомеаи мо мебошад. Имони комил дорам, ки мафкураи мазкур дар ташаккули тафаккури миллии ягона ва парвариши эҳсоси ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми минтақаву маҳалҳои Тоҷикистон заминаи мусоид хоҳад гардид.
Бо гузашта танҳо ифтихор кардан кам аст, онро бояд шинохт, аз он сабақ гирифт ва онро дастури зиндагиву кори рӯзмарраи хеш қарор дод.
Илова бар ин таҷлили ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён дар қадамҳои аввали ҷумҳурии тозоистиқлоли мо рамзӣ ҳам мебошад. Зеро мо бисёре аз он равандҳоеро, ки имрӯз аз сар гузарониданием ва масъалаҳоеро, ки ҳал карданием, 1100 сол пеш аз мо Сомониён аз сар гузаронида, ҳаллу фасл намуда буданд.
Мо бояд на танҳо таҷрибаи неки онҳо, балки аз таҷрибаҳои талхашон низ баҳра бигирем. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз муборизаҳои дохилӣ, низоъҳои қавмию маҳаллӣ пояҳои давлати якзамон муқтадири Сомониёнро хароб намуда буданд. Мо набояд ба хатоии онҳо роҳ диҳем. Имрӯз наҷоти мо танҳо дар ваҳдату якпорчаги мост.
-Фардои ин баҳамомаданҳо ва сулҳу оштиро чӣ тавр мебинед?
-Аз нав ба ҳам омаданҳо ва ба сулҳу оштӣ гаравидани тоҷикон дар остонаи асри ХХ1 барои ман фоли нек аст. Ман бовар бар он дорам, ки тоҷикон пас аз он ки фоҷеаи сахти миллиро дар ин чанд соли охир аз сар гузарониданд, ҳоло ба шинохти ҳайсияти хеш оғоз намуда, зарурати ваҳдати миллӣ ва ташаккули миллати воҳидро дарк кардаанд. Ҷойи хушӣ он аст, ки тоҷикон имрӯз на танҳо ба сарнавишти хешу қавми наздикашон, ҳамдиёру ҳаммаҳаллаашон, балки ба тақдири ҳаммиллату ҳамзабонҳои дурру наздики худ низ бепарво нестанд.
Ин падидаи некро бояд ривоҷ дод ва аз он пуштибонӣ кард, то густариш ёбад ва комил гардад.
-Ташаккур.

Рӯзномаи «Садои мардум». - 26 июни 1999.

рейтинг: 
Оставить комментарий
Looking forward to more information and you have continually intrigued me. Thank you for creating an article that has amazing substance and is well write my assignment formed and even I am revived by your composed style as well.
Ответить
Да вот тут я нашел ответ

-----


смотреть аниме онлайн

-----

Сдесь могла быть ваша реклама :D

-----


как войти в кабинет налогоплательщика

-----

Вы только скажите где лучшее кино

-----


скачать активатор для windows 7 максимальная

-----
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин