Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ОН ЧӢ РАНГИН МЕКУНАД ИН РӮЗГОРОН, ВАҲДАТ АСТ…

Бо лутфи илоҳӣ нерӯи ваҳдат дар кишвари мо бар алайҳӣ ҷудоӣ имконе фароҳам овард, то рӯзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андӯҳ аз диёр по кашад, ба бӯстони зиндагӣ баҳори нозанин рангорангӣ ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардумон гул кунанд. Худи ҳамин рақам, ки дар ин гирудори гӯшношунид қариб сад ҳазор одам кушта шуда, як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ гардид, далели рӯҳияи ҷангу бесарусомониҳо аст ва хомӯш намудани алангаи оташи ин ҷанг коре буд хеле сангин.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Дар ин самт талошу шуҷоат, кӯшишҳои шабонарӯзии Сарвари кишвар, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз лавҳи хотирҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд. Қудрате, ки Худованд ба ин марди шуҷоъ, меҳрубону саховатпеша ва ватандӯст Сарвари кишвар эҳдо карда, нури лутфашро ба сӯйи ӯ равона сохт, ҳайратфузуну таҷҷуббарангез мебошад. Ин марди шариф савганд ёд карда буд, ки паноҳандагонро ба Ватан бармегардонад ва сулҳро дар кишвар барқарор хоҳад намуд. Хушбахтона, ҳамин тавр шуд.
Ӯ дар рӯзҳои аввал изҳор карда буд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ба ин аҳдашон вафодор монданд. Миллати тоҷик баъди ҷудоии андӯҳбор ба ҳам омад ва акнун саҳаргоҳон боз мурғи ваҳдат дар боғҳои ҳаёти кишвар сурудхонон аст. Вақте ки меҳмонон аз хориҷи кишвар ба Анҷумани тоҷикон ба Душанбе омада буданд, дар ибтидо бовар накарданд, ки дар хоки Тоҷикистон оромӣ, сулҳ ҳукмфармо аст, ҳатто тарсу ҳарос доштанд ва чанд тан аз онҳо инро аз тариқи расонаҳо иброз карда буданд. Имрӯзҳо зиндагии пурбаракат дар кишвари афсонавии мо тантана дорад ва беихтиёр аз танӯри сина ин ҳарфҳо берун меҷаҳанд:

Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,
Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.
Ба бахти ҳамдилон шуд Тоҷикстон равзаи ваҳдат,
Ба ин ваҳдат, ба ин ваҳдатмакон шукрона бояд кард.
Ба дилҳо ҷои нафрат меҳрубонӣ бозпас омад,
Би ин лутфи илоҳӣ, дӯстон, шукрона бояд кард.

Ваҳдати миллӣ дар рӯзгорамон, дар Ватани азизамон тантана мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карданд, ки бо таҷлили ҷашни Наврӯз, аз як тараф, суннатҳои аҷдодиро ба ҷо оварда, арҷ мегузорем ва аз сӯйи дигар, барои боз ҳам муттаҳид шудани миллати тоҷик такони хеле хубе хоҳад буд, он ба ваҳдати миллӣ таҳкими бештаре мебахшад. Миллате, ки ваҳдату истиқлолиятро бо ҳам дорад, миллати хушбахт аст. Тоҷикон хушбахтанд, ки ҳар дуи ин меваи хушбахтӣ насибашон гаштааст:
Халқҳоро баҳри парвоз беҳ зи ваҳдат бол нест,
Миллатеро давлати беҳтар зи истиқлол нест.

Агар имрӯзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Оре, чеҳраи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ билкул дигаргун шудааст, ба кӯчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем. Ва гуфтаниам:

Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рӯзгорон, ваҳдат аст
Бишкуфад аз боди ваҳдат чеҳраи кӯҳсори мо,
Он чи хандон мекунад рухсори инсон, ваҳдат аст.
Соҳили дарёи бахти мардумон шодоб гашт,
Он чи шодон мекунад дунёи гирён, ваҳдат аст.
Андалеби толеи мо месарояд субҳгоҳ,
Он чи бинвозад дили мо бомдодон, ваҳдат аст.
Боз кун дасти дуо, эй дӯст, ҳар шому саҳар,
Он чи аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.

Бале, шукрона аз он мекунем, ки Ватан дорем, Ватани озоду соҳибистиқлол, фазояш орому пур аз накҳат самояш ситоразору нилгун, маромаш сулҳу ободӣ ва озодӣ. Ҳар лаҳзаву ҳар соат меболем, ҳаёлам парвоз мекунем, болҳоямонро чун кабутари сулҳ меафшонем, ба аҳли дунё аз сулҳу оромӣ паём мерасонем, хушамон меояд аз дидани ин сарвати бебаҳо, туҳфаи Яздони пок. Ватани мо табиате дорад нотакрор, ки оламиёнро мафтун кардааст. Чун накҳати гулҳояш машомамонро атрогин месозад, чун рангорангии табиаташро менигарем, чун садои обҳои мусаффояш хаёламонро шодоб месозад ва чун ҳар дам ҳавояшро нафас мекашем, хеле масрур мегардем, мурғи илҳом ба нағма меояд.
Роҳи сулҳҷӯёнаву сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро мардум дастгирӣ намуда, эътимоди ҳамагонро ба дурустии роҳи пешгирифта қавӣ сохт ва умеди халқро ба оқибати неку фарҷоми осоиштаи корҳоямон зиёдтар кард. Маҳз мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болтар донист.
Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоиёти ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 20 соли Ваҳдати миллӣ чун 20 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷи¬кис¬тон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумуъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқ¬лолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор, Ваҳдати миллии давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то адаб устувору поянда бошад!

Масрура МИРЗОҲАСАНОВА,
Ҷамил ВАЛИЕВ,
кормандони Китобхонаи
миллии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин