Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

БОАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД

БОАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД
Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи Истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ аст. Истиқлолия боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки маҳз бо шарофати он Тоҷикистони ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Маҳз дар ин даврон Тоҷикистон ҳамчун давлати нави комилҳуқуқ ба арсаи сиёсати ҷаҳон қадам гузошт.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомали Раҳмон давлати тоҷикон қомат рост кард ва ба бунёдкорию созандагиҳо рў ба фардои умед овард. Кори тамоми соҳаҳои кишвар дар ин аём ботадриҷ ва муваффақона пеш рафт. Истеҳсолот авзуд иқтисодиёти мамлакат оҳиста-оҳиста рушд кард.
Мамлакати мо, тавре дар назар аст, ба модели инноватсионии рушди иқтисодитёт хоҳад гузашт. Амалишавии мақсадҳои иқтисодии ҷамъият бо намуди рушди инноватсионӣ ба он алоқаманд мебошад, ки асоси онро раванди доимӣ ва ва мақсадноки ҷустуҷў омада созӣ ва амалисозии навовариҳо ташкил медиҳад ва он имкон хоҳад дод, ки натанҳо самараноки истеҳсолоти ҷамъиятӣ баланд гардонида шавад, балки ба таври принсипиалӣ роҳҳои рушди онро таѓир диҳад. Таҷрибаи якқатор мамлакатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти ба низоми рушди соҳаи навоварӣ равона шуда неруи иқтисодиро ҳатто дар даврони буҳрон метавон мустаҳкам намояд.
Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои то имрўз андешидашудаи тарақиёти воқеъии маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир 2- баробар зиёд шудааст ва ҳоло ба ҳисоби миёна 23 фоиз маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Тавре аён аст, давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини шароити мусоиди ташакули соҳа ҳамаи чораҳои заруриро амали сохта истгодааст. Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои амалигрдида мавқеъи Тоҷикистон беҳтар шуда тибқи арзёбии созмонҳои байналмилаллии молиявӣ, дар давоми солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.
Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукуни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башари дар ташаккули маънавии ҷомеъа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар ин иртибот, бахусус тайи понздаҳ соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷидди амали карда шуд. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷори намудани низоми нави таҳсили миёнаи умуми, ворид сохтани технологияи иттилоотӣ нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул карда намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидагни сатҳу сифтаи дониши хонандагон ва талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Яке аз ҳуҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи давраи истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид. Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳанд, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолият карда донишҷў таҷрибаи худро таҳким бахшанд.
Тадбирҳои то ба имрўз тадбиқнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тавре мебинем, боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерўи инсонӣ гардида ба амлишавии афзалиятҳои муаяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокию маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмуъ ба пешравии ҷомеъа болоравии сатҳи зеҳнии он фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳоли таъсири мусбат мегузорад.
Аз соли 2004-ум саркарда дар соҳаи маориф ислоҳот ва навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оѓоз гардида ва инраванд то ба имрўз идома дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки мезанизми рушди устувори низоми маориф фароҳам оварда шавад ва ба талаботи асри XXI мутобиқ намудани он, таъмин кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва қонеъ гардорнидани талаботи давлат ва ҷомеъа мусоидат намояд.
Солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот низ татбирҳои назарас амали гардидаанд ва ба омузиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диқкати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табии соҳиби афзалият гардидаанд. Ин иқдомот боис шудаанд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот торафт беҳтар гардад. Воқеъан донистани забонҳои хориҷӣ дар навбати аввал русиву англисӣ ва ташакули таввсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва ба онҳо барои аз худкунии техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.
Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарввати бебаҳо ва неруву захираи тавонои зеҳни ба шумор меравад. Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неркманд ва ҷомеаи кишварамон осуда бошад, бояд ба таври амалу рафтор намоем, ки фарзандонамон босаводу соҳибмаърифат бошанд ва ҳамқадами замон пеш раванд.
Бояд гуфт, ки ояндаи ҷомеъа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон хоҳад гузашт. Аз ин рў, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандустӣ дар шароити имрўза аҳамияти калонро касб мекунад. Ин амр аз тамоми ҷомеъа, алалхусус аз устодони макотибҳои олӣ, тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдили, ватандорӣ ва ифтихори милиро бо ҷавонон ташвиқ намоянд зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи милат аст. Воқъан, истиқлолият ҳамон вақт маъни ва моҳияти воқеъи пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихи ҳаматарафа омузанд, ватан, миллат, забон ва фарҳанги милли хешро азизу гиромӣ доранд.
Инак 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Аз ин рў, ҳар яки мо вазифа дорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият ва ободии Ватани азизамон рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу давлат софдилона иҷро намоем.
Иди истиқлол муборак.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин