Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Пурсиш: Аз имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 8 сол сипарӣ шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом комёбиҳо ноил гардид?
Посух: 8 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор аст. Ин аз ҷумлаи бузургтарин ва асоситарин комёбиҳоест, ки ба шарофати маҳз ҳамин Созишномаи умумӣ ба даст оварда шуд. 8 сол аст, ки минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо аз нав ба ҳам омаданд ва мисли пешина якҷоя дӯстона зиндагӣ ва кор мекунанд.
Дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо – иқтисод, саноат, кишоварзӣ, илму фарҳанг, адаб ва ҳунар ва ғайра ба назар мерасанд. Фақат як рақамро таъкид мекунам, ки афзоиши рушди маҳсулоти умумии кишвар маҳз пас аз соли 1997, яъне пас аз имзои Созишномаи умумӣ ба вуҷуд омад ва то имрӯз давом дорад.
Пурсиш: Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Посух: Сулҳ ва оштӣ дар Тоҷикистон, ба эътирофи умум, дар миқёси байналмилалӣ ҳодисаи нодир буд. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳаллу фасл шуд. СММ дар тӯли таърихи худ беш аз 50 амалиёти сулҳхоҳона гузаронидааст ва танҳо дар 5-тои он барор доштааст, ки яке аз онҳо ҳамин сулҳи тоҷикон буд.
Ин сулҳ обурӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон баланд бардошт ва ӯро барои дигарон намунаи ибрат гардонд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи моро ҳамчун намуна дар бисёр кишварҳои дунё меомӯзанд.
Институти сулҳи САҲА дар зарфи 3 сол бо омӯхтани таҷрибаи мо машғул шуд. Ба он ходими Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷаноби Арне Зайферт роҳбарӣ мекард. Натиҷаи тадқиқот дар ду китоб ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ ҷамъбаст гардид. Ҳоло бо он ходимони Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария машғул мебошанд ва семинар, мизи гирд ва муколамаҳо баргузор карданд. Соли 5-ум аст, ки Муколамаи минтақавиро Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандҳои демократӣ бо дастгирии Бунёди Кеттеринг ва Институти муколамаи давомдор ва бо сарварии ҷаноби Ҳаролд Сандерс ва хонум Ренда Слим созмон дод.
Пурсиш: Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон аз нигоҳи шумо чӣ гуна аст?
Посух: Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хориҷии устувор, санҷидашуда, пухта ва мутавозуни худ сол ба сол мавқеъ ва нуфузашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Сиёсати «дарҳои боз» имкон дод, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мо бо кишварҳои дигар густариш ёбад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё робитаи дипломатӣ дорад.
Як мисоли сиёсати устувор ва пухтаи Тоҷикистон мавқеи мо нисбат ба қазияи Афғонистон аст. Он чиро, ки Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид мекард, аз ҷумла хатари ҷунбиши Толибонро ҷаҳониён танҳо баъд аз фоҷеаи 11 сентябри соли 2000 фаҳмиданд.
Сабаби чунин эътибор пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои судманди он дар миқёси ҷаҳон аст:
А) Эълони Соли оби тоза;
Б) Ташкили Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир.
Лозим ба таъкид аст, ки имсол нозадии намояндаи ҶТ барои кор дар Дафтари СММ пазируфта шуд.
Пурсиш: Омилҳои асосии дарёфти сулҳ ва оштӣ дар Тоҷикистон кадомҳоянд?
Посух: Сулҳи тоҷикон омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ дорад ва асоситарини онҳо чунин мебошанд:
1. Мадади саривақтии дӯстон, кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ, хосса СММ, САҲА ва ғайра;
2. Ба ҳам омадани манфиатҳои кишварҳои зидахл;
3. Дарки зарурати сулҳ ва оштии миллӣ аз ҷониби худи тарафҳои даргири тоҷик, мақомоти расмии давлатӣ роҳбарони Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Онҳо намехостанд, ки кишварашон хароб гардад, пош хӯрад ва ба бунёди давлати миллиашон осебе расад.
Пурсиш: Омилҳои асосии ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар кадомҳоянд?
Посух: Ба назари ман, омилҳои асосии ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар инҳоянд:
1. Ҳифз дастовардҳои сулҳу оштӣ;
2. Фаромӯш накардани сабақҳои талхи солҳои муқовимати сиёсию низомӣ;
3. Таъмини имконоти баробар барои рушди минтақаҳои Тоҷикистон;
4. Муваффақ шудан ба рушди иқтисоди кишвар;
5. Тақвияти минбаъдаи ниҳодҳои демократӣ ва низоми демократӣ;
6. Таҳияи Барномаи андешаи миллӣ ва миллатсозӣ.
рейтинг: 
Оставить комментарий
I genuinely welcome your method for do my paper for me writing an article. I spared as a most loved it to my bookmark website page list and will checking back rather than later. Share your thoughts.
Ответить
Народ кто хочет играть в современные игры на высоких настройках с динамичными теняими
даже на самых слабых ПК или ноутах. Без лагов и фризов (Но нужен более менее нормальный интернет).
Читайте статья по настройке компа здесь.
Видео по установке и настройке смотрите тут.
Играю уже пол года на ведре 2005 г. Буду рад кому помог разорить буржуев игровой индустрии!!!
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин