Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

РӮЗЕ, КИ АШКИ ҒАМРО БА ТАБАССУМ ИВАЗ КАРД

Дарёфти сулҳ ва оштӣ дар Тоҷикистон ба ду омили бағоят муҳим вобаста буд:
1. Дарки бартарии манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои маҳаллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ;
2. Ба ҳам омадани мафиатҳои геополитикии кишварҳои зидахл.
Агар ин ду омил дар солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон мавҷуд намебуд, он воқеаҳои даҳшатангез ва нооромиҳои фалокатбор то имрӯз давом мекарданд, чунонки дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон солҳои сол идома доранд.
Муқовимати сиёсию низомие, ки 5 майи соли 1992 дар байни нерӯҳои сиёсӣ ва маҳаллии онвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, пасон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфт, бо сипарӣ шудани се соли муборизаи шадиди мусалллаҳона, расонидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, бе хонаю ҷойю макон гардидани садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат тарафҳои даргири тоҷиконро ба натиҷае расонд, ки на танҳо ҳеч яке аз тарафҳо на дар танҳоӣ ва на дар ҳамдастӣ бо кишварҳои ҳавохоҳашон ба ғаразҳояшон намерасанд, балки бо идомаи он хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдоршавии тамомияти арзии он бештар мегардад. Ба Тоҷикистон хатари ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани он бевосита таҳдид мекард. Гап-гапи ташкили Ҷумҳурии Бадахшон, кӯшиши танзими Қонуни асосии Бадахшон, бастани роҳҳо ва таркондани пулҳо дар самти Шимоли кишвар, ҳамлаи мусаллаҳҳона ба вилояти Суғд, эълони Ҷумҳурии исломии Ғарм ва ғ. гувоҳ бар он мебошад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2004 дар арафаи ҷашни Ваҳдат аз мавҷуд будани нақшаи ба се бахш тақсим кардани Тоҷикистон дар он солҳо дарак дода буд: 1) Ҷумҳурии Бадахшон; 2) Ба ном минтақаи озоди Хуҷанд; 3) Қисмати ҷануби Тоҷикистон. Ба татбиқи ин нақшаҳо нерӯҳои муайяни дохилӣ ва хориҷӣ мафиатдор буданд ва дар ҳамин роҳ пайгирона фаъолият менамуданд.
Бахти тоҷикон баландӣ кард, ки дар он замони барои кишвар пуртаҳлука ва дар айни замон сарнавиштсоз дар раҳбарии тарафҳои даргир ду шахсияти фавқулода – Президенти кунунии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари опозитсиони собиқ шодравон Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ қарор доштанд ва пеш аз ҳама ва беш аз дигарон дарк намуданд, ки идомаи муқовимати мусаллаҳона барои кишвар ва халқи он оқибатҳои нохуши ҷуброннопазире ба бор дорад. Бинобар ин онҳо ҷонибдорони худро ба музокирот розӣ кунонданд ва ба ин раванд сарварӣ намуданд. Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар 27 июни 1997 дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳу оштӣ барқарор шуд.
Ба сохторҳои ҳукуматӣ ворид гардидани намояндагони опозитсиони собиқ, ҳамоиши нерӯҳои низомии ИНОТ ба сохторҳои низомӣ ва қудратии мамлакат, авфи гуноҳ ба иштирокдорони муқовиматҳои сиёсӣ ва низомӣ, иштирок дар чорабиниҳои муштараки сиёсӣ ва ҳам низомӣ, аз он ҷумла ба муқобили нерӯҳои ошӯбгар ва ғ., бидуни шак, раванди тозаоғози ваҳдати миллиро тақвият бахшиданд. Намояндагони маҳалу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз нав ба ҳам омаданд ва мисли солҳои пешина дар канори ҳам дӯстона ба зиндагӣ оғоз намуданд.
Афсӯс, ки бо гузашти ҳамагӣ 11 сол дар ҷомеаи тоҷик аз нав ва бо шиддати ҳарчи бештар зуҳур намудани ҳодисаи боло гирифтани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, қавмию маҳаллӣ, фурсатталабию манфиатҷӯӣ, худхоҳию ғаразҳои шахсӣ бар манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ ба мушоҳида мерасад. Хатари ин падидаи таассуфангез дар он аст, ки дастовардҳои раванди сулҳ ва оштиро зери савол қарор дода, ба ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар халали ҷиддӣ мерасонад. Мисли он ки баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, мақомоти расмӣ ва намояндагони маҳалу минтақаҳо фаромӯш намудаанд, ки сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ба ивази чӣ қурбониҳо ва кӯшишу заҳматҳои сахте ба даст омада буданд. Ин аз як тараф.
Аз тарафи дигар, агар дар солҳои 90-уми асри гузашта ба масъалаҳои Тоҷикистон ду-се кишвар – Федератсияи Русия, Эрон ва Ӯзбекистон манфиатдор буданд ва ба ифоқа омадани онҳо дар масъалаи Тоҷикистон нисбатан осонтар буд, ҳоло вазъият хеле душвортар ва печидатар гардидааст. Зеро имрӯз шумори кишварҳои манфиатдор дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ғайр аз он се мамлакат ҳоло ҳузури давлатҳое, мисли ИМА, Ҷумҳурии мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғ. дар Тоҷикистон рӯз то рӯз муассиртар ва густурдатар мешавад ва ҳар яке аз онҳо, табиист, ки ҳадафҳои худро дорад. Барои ҳамин ҳам моро лозим меояд, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оштӣ ва пойдории онҳо дар кишварамон ва идомаи раванди ваҳдати миллӣ сиёсати санҷидашуда, пухта, бомулоҳиза ва бохирадонаеро дошта бошем, то ки пеши роҳи сарзадани ҳамагуна ихтилофҳои эҳтимолиро миёни ин кишварҳо бигирад ва манфиатҳои онҳоро дар заминаи Тоҷикистон наздик гардонад. Вагарна дар сурати зарурӣ манфиатҳои ин кишварҳои хориҷиро ба ҳам овардан сахт душвор хоҳад гардонд. Як қадами беҷо, таваккалӣ ва ноандешида метавонад манфиатҳои миллии моро зери хатар гузорад ва дастовардҳои моро дар роҳи сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ барҳам занад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият». - 26 июни 2008.

рейтинг: 
Оставить комментарий
Народ кому интересно нашла отличный торрент плеер Kino-Torrent версия PRO
Все фильмы, сериалы и мультфильмы в одной программе - просмотр и скачивание. Бесплатно и без рекламы.
Быстрый поиск по всему рунету. Обновления фильмов точно в день выхода в кинотеатрах.
Сегодня добавленно: "Мег: Монстр глубины" "Днюха!" "Mamma Mia! 2"
Скачать Kino-Torrent версии стандарт можно с офф сайта: KinoTorrentSetup
Скачать Kino-Torrent версии PRO (Nulled) можно здесь: KinoTorrentPro
Incredible posting this is from you. I am really and truly thrilled to read this marvelous post. You've really impressed me today. I hope you'll continue to do so! Dissertation writing services
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин