Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БИНОИ 9-ОШЁНАРО МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ДОДАНД
Дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 9-ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншоотро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Шаҳрофар” таҳия намудааст.
Иншооти нуҳошёнаи истиқоматӣ дорои 36 ҳуҷра буда, аз хонаҳои ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Аз ҷумла, 18 манзил дорои ду ва 18 хонаи дигар дорои се ҳуҷра мебошанд. Дар маҷмӯъ масоҳати умумии ҳуҷраҳо 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, қолин ва дигар лавозимот таъмин буда, барои онҳое, ки соҳиби хона гардиданд, имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму хунук таъмин буда, ҳамчунин иншоот бо хати мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Корҳои ободонӣ дар атрофи иншоот сомон ёфта, барои сайру гашт ва фароғати истиқоматкунандагон имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои кӯдакон майдончаи алоҳидаи бозӣ бо дастгоҳҳои дилхушӣ сохта шуда, дар атрофи бино нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Намои берунаи иншоот бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тантанаҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ маҳсуб мешавад, зеро ба ин васила мушкилоти боз 36 оилаи дигар ҳал гардид.
Зимни боздид хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари ғамхору меҳрубони худ барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин ташаббус масъулияти онҳоро дар самти иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам зиёд менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гаштаанд, таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят карданд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБУМУМИИ №46-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
5 октябр дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.
Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидаанд. Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёнияти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Зимни боздид ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бунёди муассисаи мазкур мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро дар самти надоштани таълимгоҳ ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дарозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз маҳали зарардида 35 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳсил ба коллеҷҳо ва мактабҳои олии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дохил гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” бунёд гардидааст.
Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва дар дохили он ҳамчунин ошхона бо имконияти муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст. Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот китобхонаи замонавӣ ҷой дода шудааст, ки дар он китобҳои фанниву бадеӣ дастрас мебошанд.
Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидаанд. Иншоот дар масоҳати як гектар бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди муассиса сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат дода шудааст. Дар назди таълимгоҳ як майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулияти варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро сазовори таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ШОҲРОҲИ «КӮЛОБ-ШАМСИДДИНИ ШОҲИН»-РО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карданд.
Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб — Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб” дар асоси ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзида, мутахассисону роҳсозонро бобати анҷоми босифати тадбирҳои сохтмонӣ вазифадор карда буданд.
Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ буда, пудратчии асосӣ Ширкати чинии Хинҷиян Констракшн ва Энержиан Групп ЛТД ва Консалтинг компани ЛТД мебошанд.
Дарозии умумии роҳи мазкур 32 километрро дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи лоиҳа, қитъаи роҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуда, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 то 23 метр ва дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳи мошингард аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, аз километри 6,6 то километри 21-ум бо назардошти нишебии тӯлонӣ ва таъмини ҳаракати бехатар се хати ҳаракат бунёд шудааст. Дар роҳи мазкур мувофиқи лоиҳа 3 пул бо дарозии умумии 220 метри тӯлонӣ бунёд карда шуд.
Ҳангоми амалисозии тадбирҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисони роҳсоз қубурҳои обгузар васл карда шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Барои таъмини бехатарии роҳ сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, бунёди пиёдароҳҳо, равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин, сохтмони канорасангҳо ҷавобгӯ ба стандарҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шуд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 490 коргар, аз ҷумла, 400 корманди маҳаллӣ бо ҷалби 76 техникаи махсус тадбирҳои роҳсозиро ба поён расониданд.
Таҷдиди ин роҳ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Тавассути ҳамин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад. Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувору қатъӣ гузошта шудаанд. Танҳо давоми солҳои охир бо талошҳои хастагинопазири Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6 марҳила таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб” бо сифати баланд анҷом дода шуд. Дар натиҷа зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандарҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Дар умум, навсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бо ҷалби шарикони рушд сомон дода шудааст.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ва фаъолияти шабонарӯзӣ ба пешрафти корҳои сохтмонӣ дар ин роҳи байналмилалӣ замина гузошт.
Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, инчунин мутобиқи дастури роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳ барои сарҳадчиён ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, як хонаи модару кӯдак, иншооти ёрирасон, се таваққуфгоҳ барои мошинҳои боркаш ва истгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон дар километрҳои 182-250-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, воқеъ дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида буд, қубурҳои обгузари оҳану бетонӣ бо дарозии 140 метр ва деворҳои оҳану бетонӣ бо дарозии 80 метр бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар қитъаи мазкур корҳои оҳану бетонӣ ва тадбирҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
Воқеан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин дар самти татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки бо ин мақсад таҳти ҳидоятҳои хирадмандона ва дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардид.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд.
Маҷмӯан дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳамин тавр бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ зимни танҳо ҳамин сафари корӣ дар доираи амалисозиии Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб — Қалъаи Хумб”, аз ҷумла роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб беш аз 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бунёд шуданд.
Ин тадбир барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар тамоми фасли сол, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва сафари бехатари шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳсозӣ қадамҳои устувор барои ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА ЯТИМОН ТУҲФАҲО ВА БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ КАЛИДИ ХОНА ТАҚДИМ НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.
Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ин навбат 43 нафар кӯдакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибистиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрӯзгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллат орзу карданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан нигоҳубин менамояд. Барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.
Таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини тамоми шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ба хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятро муҳайё месозанд.


САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ «ПАРКИ НАССОҶИИ ШАҲРИ КӮЛОБ» ОҒОЗ БАХШИДАНД
Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сифати маҳсулоти корхонаи нассоҷӣ ва имконияти кории он шинос шуданд.
Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” ҳамчун маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Бояд зикр кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 49 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардид. Ҳоло танҳо дар 3 корхонаи саноатии кишвар: корхонаи Ваҳдат текстили шаҳри Душанбе, корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш ва парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб бештар аз 100 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад, ки ҳам бозори дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содирот карда мешавад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар муҳлатҳои наздик боз 5 корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд мегардад.
Корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардида, ин иқдом барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Хатҳои технологӣ аз ширкатҳои маъруфи Италия, Туркия ва Чин харидорӣ гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулоти баландсифату рақобатпазир истеҳсол карда шавад.
Дар корхонаи истеҳсоли ҷӯроб айни замон 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 15 дастгоҳи истеҳсоли нӯги ҷӯроб, 6 дарзмол ва 110 дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо васлу насб гардида, мувофиқи талаботи харидорон, беш аз 500 навъи ҷӯроб истеҳсол менамояд. Аз истеҳсол то рангу бор ва ороиши ҷӯробҳо дар дохили корхона роҳандозӣ гардидааст.
Дар корхонаи навтаъсис 430 сокини маҳаллӣ, ки асосан бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.
Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, ришта барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз коргоҳҳои ҳудуди мамлакат дастрас карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки 80 фоизи таркиби маҳсулоти корхонаи мазкур аз нахи пахта иборат аст ва ин афзалият имконият медиҳад, ки харидорони маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои дохилу хориҷ зиёд бошад. Истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти насли нав роҳандозӣ шуда, ба рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
Ба фаъолият оғоз намудани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” идомаи тадбирҳо дар роҳи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсоливу содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, бозорҳои ҳудуди кишвар бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби муассисони корхонаи мазкур дар ду марҳила дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсолии 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол бунёду ба истифода дода шуд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи навбатии нассоҷӣ дар шаҳри Кӯлоб ба афзоиши истеҳсолот мусоидат намуд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба риояи талаботи байналмилалӣ ҳангоми истеҳсолот ва густариши бозори фурӯш аз хориҷи кишвар ҷалб намуда, дар ин самт ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин