Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

Озмуни гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» доир мегардад

Озмуни гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» доир мегардадДар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 баргузор гардида, даври шаҳрии он то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад.

Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин