Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри ҲисорТибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон санаи 4-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ дар мавзӯи «Конститутсия – шиносномаи миллат» бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, Раҳимзода Маҳмад Забир профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Муҳтарам Ҳотам шоир ва раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шарифҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор
Конференсияро Раиси шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шарифҷон ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, инчунин дар хусуси нақши Конститутсия дар ҷомеаи мо суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки асоси давлатдории ҳар ҷомеаи мутамаддин, ба вижа Тоҷикистон Конститутсия мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи арзишҳои миллӣ, нақши Конститутсия дар ҷомеаи муосири тоҷик, ҳифзи озодии инсону шаҳрванд ва амалӣ шудани қонунҳо дар асоси Конститутсионӣ маърӯза кард. Аз ҷумла, мавсуф таъкид кард, ки рафтору амали шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат гиранд, зеро яке аз аркони калидии кишвари ҳуқуқбунёди моро Қонуни асосӣ ташкил медиҳад. Бешак, нақши Конститутсия дар пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон назаррас буда, риояи он барои шаҳрвандони кишвар ҳам фарзу ҳам қарз аст. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷавонону наврасон омӯзонем ва онҳоро дар доираи риояти қонунҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо тарбия намоем. Албатта, донистани Конститутсия натанҳо барои баланд шудани маърифати ҳуқуқи, балки маърифати сиёсӣ мусоидат мекунад.Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки мо дар ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ метавонем Ватани азизамонро ободу зебо гардонем ва барои наслҳои оянда зиндагии орому осуда боқӣ гузорем. Пас мо бо ҳидоятҳои раҳнамоикунандаи Пешвои миллат барои шукуфоӣ ва ободии Тоҷикистони маҳбуб ҳиссаи худро бояд гузорем.
Сипас Раҳимзода Маҳмад Забир профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: «Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми мо санаи тақдирсози миллат мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷониби дигар, риояи талаботи Конститутсия барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмист. Дар сурати риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст».
Баъдан Муҳтарам Ҳотам шоири шинохта дар хусуси таърихи қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки Куруши Бузург навишта буд, андешаҳои худро баён кард.
Дар қисмати охири вохӯрӣ намояндагони касбу кори гуногун, аҳли ҷамоатчигӣ, занон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Ҳисор ба сухан баромада, ваъда доданд, ки барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба талош менамоянд ва дар ободиву пешрафти диёри худ саҳм мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси шаҳри Ҳисор меҳмононро хуш омадед гуфта, бори дигар Рӯзи Конститутсияро ба кулли иштирокчиён муборакбод гуфт.
Бахшида ба 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин барои ҳамкории судманд бо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Раиси шаҳри Ҳисор Ифтихорнома тақдим гардид ва ба китобхонаи шаҳрӣ ҷилди китобҳои "Ваҳдат, Давлат, Президент" туҳфа карда шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин