Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК ДАР РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲ ВА ОШТИИ МИЛЛӢ

Профессор И. Усмонов дар рисолааш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» аз хусуси «воқеаи муҳиму сарнавиштсоз» будани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, воқеъбинона ва дуруст навиштааст, ки «анҷоми Иҷлосия анҷоми ҷанг ва шурӯи сулҳ набуд, балки он гардише барои муайян кардани роҳи сулҳ гардид» . Ин гуфта асоси воқеӣ дорад. Дарвоқеъ, Э.Ш.Раҳмонов ҳамагӣ пас аз як рӯзи ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданаш, яъне 20 ноябри соли 1992 ба номи Дабири кулли СММ Бутрус Бутрус Ғолӣ нома фиристод ва дар он ба Тоҷикистон фиристодани Ҳайати нозирони СММ-ро барои мусоидат намудан ба ҳалли низои тоҷикон талаб намуд.
23 декабри 1992 дар маҷлиси Шӯрои амнияти СММ Дабири кулли СММ Бутрос-Ғолӣ расман эълон кард, ки дар бораи ба Тоҷикистон фиристондани Ҳайати нозирон ба муддати се моҳ қарор қабул шуд ва ба он мутахассисони сиёсӣ, низомӣ ва башардӯстӣ шомиланд. Дар оғози соли 1993 ҳайати начандон калони ходимони СММ ба Душанбе омад ва 21 январи ҳамон сол Ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (ҲНСММТ) ба фаъолият оғоз намуд. 26 апрели 1993 Сафир Исмат Киттанӣ Намояндаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон таъин гардид.
Муроҷиатномаи Шӯрои Олии ҶТ ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзи 19 ноябр пас аз раиси он интихоб шудани Э. Раҳмонов вакилон қабул карда буданд ва ҳам кӯшишҳои пайгиронаи СММ дар роҳи ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро водор намуд, ки 22 январи 1993 дар рӯзи дувуми оғози фаъолияти Ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон дар ш. Минск дар ҷаласаи Сарони ИДМ Қарореро дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон ба тасвиб расонанд. 28 июли ҳамон сол фармони Президенти Русия Б. Н. Елтсин дар бораи танзими вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баромад. Ва ҳамагӣ пас аз ду рӯзи он, яъне 30 июл, мулоқоти маҳрамонаи Е. М. Примаков, сарпарасти онвақтаи Хадамоти иктишофотии хориҷии Федератсияи Русия бо роҳбари оппозитсияи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул ва 31 июл бо мақомоти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон баргузор гардид. Сафари андак пештар ба вуқӯъ пайвастаи собиқ ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷии Русия А. Л. Адамишин ба Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (июни 1993) ва диду боздидҳои баъдинааш бо роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оппозитсияи тоҷик (марти 1994) дар Душанбе ва Теҳрон низ гувоҳӣ бар он медиҳад.
Дар тӯли фаъолияти Ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (21 январи 1993 – 15 майи 2000) намояндагони тақрибан 30 кишвари дунё дар раванди сулҳи тоҷикон саҳм гирифтанд. Махсусан, саҳми Фиристодаҳои вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, аз қабили Левиу Бота, Исмат Киттанӣ, Рамиро Перис Баллон, Дарко Шилович, Герд Дитрих Меррем, Ян Кубиш ва Иво Петров, ҳамчунин роҳбарони ҳайати нозирони низомӣ Ҳасан Аббаза (Урдун), Болислав Изидорчик (Лаҳистон), Тенгку Ариффрин (Малайзия) ва Ҷон Хвидегард (Дания) бағоят бузург мебошад.
Ба ҳайати Гурӯҳи тамос, ки дар ҷараёни Музокироти сулҳи тоҷикон бо хоҳиши тарафҳои тоҷик барои назорат ба иҷрои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» таъсис ёфта буд ва ба он Фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ сарпарастӣ мекард, намояндагони кишварҳои кафил – Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон ва Афғонистон ғолибан дар сатҳи сафирони он кишварҳо шомил буданд.
Иҷрои яке аз вазифаҳои душвортарин дар қазияи Тоҷикистон ба ҷои зисти доимиашон баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва дохилӣ буд, ки онро Раёсати Комиссариати олии умумри паноҳандагони СММ (РКОУП СММ) бо сарварии хонума Садако Огата ба ӯҳда дошт. Намояндаи РКОУП СММ-ро дар Тоҷикистон дар вақтҳои гуногун Пер Франсуа Перло (Белгия), Ганг Ли (ҶМЧ) ва Таслимур Раҳмон (Бангладеш) сарварӣ мекарданд.
Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз соли 1994 фаъолият дошт ва ба Намояндагии он ҷанобон Висапаа (Финляндия), П. Лембо (Италия) ва М. Кахане (Шотландия) роҳбар буданд. Дар дарёфти сулҳу оштӣ ва барқарор намудани Тоҷикистон нақши Бунёди байналмилалии асъор, Бунёди кӯдакони СММ, бонкҳои рушди байналмилалии Осиё ва исломӣ ва ғайра низ хурд нест. Дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар баробари СММ ва муассисаҳои гуногуни он, созмонҳои дигари байналмилалӣ, ҳамчунин нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки Намояндагии худро дар Тоҷикистон соли 1993 боз карда буд, бузург мебошад. Ба он Оливе Руа (Фаронса), Ганчо Ганчев (Булғория), Георгий Николайшвили (Гурҷистон), Дмитрий Манджавидзе (Гурҷистон), Марин Бухара (Руминия), Марк Жилберт (Фаронса) роҳбарӣ мекарданд.
14-15 сентябри 1992 дар Стокголм Иҷлосияи Шӯрои машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШМАҲА) дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуд ва дар он масъалаи вазъи Тоҷикистон баррасӣ ва қарор қабул гардид. Дар ин санад аз ҷумла зикре рафта буд ки «вазирон аз вазъи бӯҳронии Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқан изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо аз ҳамаи тарафҳои даргир даъват намуданд, ки ба мубориза хотима диҳанд ва муколимаи созандаро, ки заминаи ягона ба ҳалли сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, оғоз бикунанд. Онҳо изҳори хоҳиш намуданд, ки ҳамаи кишварҳои аъзои САҲА дар кӯшишҳои башардӯстона дар Тоҷикистон, хусусан иллати ҷо доштани бӯҳрони гурезагон дар ин мамалакат, саҳми худро гузоранд. Вазирон аз кӯшишҳои сулҳхоҳонаи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба хотири қатъи хунрезӣ ва мусоидат ба раванди гуфтугӯ ёдовар шуданд. Вазирон лозим медонанд, ки ин санад аз тарафи Кумитаи мансабдорони калон дар асоси баробарӣ ва бо назардошти зарурати ҳамкории наздик бо кӯшишҳои СММ баррасӣ гардад».
Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Нидерландия 1 миллион гулден барои харидани озуқа, либос ва дору барои гурезагон ва шаҳрвандони зарардида аз хазинаи давлатӣ ҷудо кард. Ва онро ба Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дод. Бори башардӯстонае, ки бо се ҳавопаймои швейтсарӣ аз тарафи Ҳилоли аҳмари байналмилалӣ омада буд, ба Қурғонтеппа расонда шуд.
Илова бар ин дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон Нерӯҳои муштараки ҳофизи сулҳи ИДМ саҳми муассир доштанд, ки дар ҳайати он ҷузъутомҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Кишварҳои зикршуда на танҳо бо ҳузури низомиашон, балки бо кӯмакҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаашон дар мӯътадил гардонидани авзоъ дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд. Онҳо баробари муроҷиати роҳбарияти ҶТ хӯрокворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ғалла ва ғ. фиристоданд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар раванди дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон кишварҳои зиёд, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии зиёд, шаҳрвандони зиёди хориҷӣ ба ин ва ё он шакл ҷалб гардида буданд ва мехостанд, ки қазияи Тоҷикистон шиддат нагирад ва аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл гардад.
Табиист, ки вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо, созмондиҳиҳои диду боздидҳо, вохӯриҳо ва амалиётҳои онҳо ба дӯши муассисаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳо ва сафоратҳои он дар хориҷи кишвар, мушовирони Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ афтод. Аз рӯзҳои аввали раванди Музокироти сулҳи тоҷикон намояндагони дипломатияи тоҷик иштироккунандагони бевоситаи он буданд. Аммо корашон на ҳамеша бобарор ва созанда буд, хусусан дар давраҳои аввали Музокирот. Чунончӣ, Намояндаи доимии ҶТ дар СММ 16 декабри 1994 дар суханрониаш дар баробари зикри ҷонибдории Ҳукумати Тоҷикистон аз лоиҳаи тасмими Шӯрои амният дар бораи таъсиси Ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби кишвараш тақозои зиёд кардани шумораи намояндагонро кардааст ва аз омода будани Ҳукуматаш ба бастани созишнома дар бораи мақоми Ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон хабар додааст. Ҳамчунин, ӯ аз мавқеи роҳбарияти ҶТ ва кӯшишҳои ҳамаҷонибаи он дар бораи давом додани гуфтушунид барои дарёфти оштии миллӣ ёд кардааст. Вале дар баробари ин намояндагони ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонданӣ шудааст, ки оппозитсияи оштинопазир хилофи Созишномаи оташбаси муваққатӣ амал мекунад ва дар муҳорибаҳо аз ҷониби оппозитсия зархаридони хориҷӣ иштирок мекунанд. Чунин кӯшишҳо натиҷаҳои баръакс медоданд ва табиист, ки ба раванди Музокироти сулҳ таъсири манфӣ мерасониданд.
Тавре ки мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ шодравон К. Юлдошев шаҳодат додааст: «Пас аз он, ки якчанд даври раванди музокирот дар бунбаст қарор гирифт, ҳаққи идомаи музокироти аз ҷониби Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ба зимаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Н. Назаров гузошт ва ба ӯ муяссар гардид, ки раванди музокиротро бомуваффақият ба охир расонад» .
Э. Ш. Раҳмонов ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нутқе, ки 11 марти соли 1996 дар Иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии ҶТ, ки қарор буд дар он роҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) ҳам иштирок кунанд, аз чӣ гуна оғоз гардидани гуфтушунидҳои байни тоҷикон ва заминаҳои он ёд оварда, аз аввалин қадамҳое, ки Ҳукумати нави Тоҷикистон дар ҷараёни Иҷлосияи Хуҷанд ва баъд аз он дар роҳи расидан ба сулҳ ва оштӣ бардоштааст, зикр намудааст. Аз ҷумла, қабули Қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд» (25 ноябри 1992) «аз аввалин ва хеле муҳимтарин қадам ба сӯи оштии миллӣ буд» . Бо супориши бевоситаи роҳбари нави Ҳукумати ҷумҳурӣ «аз охирҳои соли 1993 муовини Раиси Шӯрои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов, вазири меҳнат Шукурҷон Зуҳуров, муовини вазири амният Баҳодур Абдуллоев бо намояндагони алоҳидаи мухолифин гуфтугузор оғоз намудаанд» . Ҳукумати нав 2 марти соли 1993 эълом дошта буд, ки омода ҳаст «бо ҳама тарафҳое, ки хоҳиши ҷумҳуриро зудтар аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ баровардан доранд, мусоҳиба кунад». Раиси Шӯрои Олӣ таъкид кардааст, ки танҳо ба хотири амалӣ гардидани ҳадафи олии «ватанро аз таъну маломат раҳо сохта, онро ободу шукуфон гардонидан, зиндагии шоистаро барои мардум муҳайё сохтан» Ҳукумати нав якҷоя бо ҷониби дигар тайёр аст, ки «хатоҳои гузаштаро ба ислоҳ оварад, захмҳои дили мардумро шифо бахшад, кинаҳоро аз дили мардум барорад, миллатро сарҷамъ ва саришта кунад» ва барои ҳамин ҳам аз рӯзи аввали барқарор сохтани ҳукумати конститутсионӣ тасмим гирифтааст, ки гуфтушунидро бо мухолифон оғоз кунад . Ба тасдиқи гуфтаҳои боло ҳаминро бояд гуфт, ки вазири нави корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов, ки 2 декабри 1992 ба ин вазифаи масъул таъин гардида буд, хеле фаъолона ва ташаббускорона ба кор оғоз намуд ва дар як муддати кӯтоҳ бо Сафири Фақулода ва Мухтори Федератсияи Русия М. Сенкевич (18 декабри 1992), консули Давлати исломии Афғонистон Муҳаммад Умар Асир (21 декабри 1992), Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон Алиашраф Шабустарӣ (23 декабри 1992), Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин Си Чжао Мин (29 декбари 1992) вохӯрд ва аз ҷумла масъалаи авзои ҷумҳурӣ ва зарурати гуфтушуниди ҷонибҳои тоҷикро баррасӣ намуд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши Раиси Шӯрои Олии ҶТ Э. Раҳмоновро ба Дабири кулли СММ дар бораи фиристондани Ҳайати нозирони СММ ва мусоидат ба робитаи ҷониби ҳукумат ва мухолифонро фиристод. Яке аз вазифаҳое, ки Ҳукумати ҶТ ва муассисаи асосии сиёсати хориҷии ҶТ дар ин давра аз паи иҷрояш буд, таъмини амният дар сарҳади кишвар бо Афғонистон буд. Дар изҳорот Ҳукумати Тоҷикистон диққати Ҳукумати Афғонистонро ба ҳодисаҳои вақтҳои охир такроран вайрон кардани сарҳади давлатии ҶТ аз тарафи нерӯҳои низомии зиёде, ки он ҷо ғун шудаанд, ҷалб намуда, аз рух додани онҳо изҳори таассуф кардааст. Ҷониби Тоҷикистон изҳори умед намудааст, ки ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ такрор намешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар охири изҳороти хеш ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол маҷбур аст ба давлатҳои аъзои СААД муроҷиат намояд.
В. Горяев - котиби иҷроия ва мушовири доимии ҳамаи фиристодагон ва намояндагони вижаи Дабири кулли СММ дар Музокироти сулҳи тоҷикон дар як ҷамъомади илмие, ки ба «Сабақҳои раванди сулҳ дар Тоҷикистон» (21-22 июли 2001) бахшида шуда буд, эътироф кард, ки «СММ якуним солро барои ба музокира ва сулҳ розӣ кунондани тарафҳои даргири тоҷик сарф намуд» . Лозим ба таъкид аст, ки дар ин ҳамоҳангсозии мавқеи ҷонибҳои тоҷикӣ дипломатияи тоҷик иштироки бевосита ва фаъолона дошт.
Тоҷикистон яке аз он 5-6 кишварест, ки амалиёти сулҳхоҳонаи СММ дар тӯли фаъолияти беш аз 50-солааш ба самар расидааст. Амалиёти сулҳхоҳонаи СММ дар Тоҷикистон 16 декабри 1994 бо Қарори Шӯрои амният шурӯъ гардида буд, агарчи амалан СММ фаъолиятҳояшро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз охири соли 1992 сар карда буд . Аз ин рӯ, тамоман табиист, ки сарпарасти Бюрои СММ оид ба мусоидат ба сулҳсозӣ дар Тоҷикистон Иво Петров бо қаноатмандӣ изҳор дошта буд, ки «Тоҷикистон бо раванди сулҳи худ ба СММ дар Соли Фарҳанги дунё тӯҳфае бахшид» .
Музокироти суҳи тоҷикон, ки давраи аввалаш дар 5 апрели 1994 дар Маскав оғоз гардида, даври охиринаш 27 июни 1997 дар ҳамон ҷо анҷом ёфта буд, яксон ва ҳамвор набуд. Бисёр воқеъ шудааст, ки раванди Музокирот ва баъдтар фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ба бунбасте медаромад ва ҳайатҳои музокиракунанда ва аъзои КОМ гумон мекарданд, ки муқовимату мухолифат аз сар гирифта мешавад. Вале, хушбахтона, роҳбарони ҷонибҳои сулҳи тоҷикон Президенти ҶТ Э.Ш.Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассисаҳои масъули сиёсати хориҷии тарафҳо бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил сари вақт ҳозиру нозир мешуданд, гуфтугӯ мекарданд ва душвортарин мушкилотро бо як нишаст ҳаллу фасл намуда, тамоми масъулиятро бар дӯши худ мегирифтанд.
1 ноябри соли 1999 ҳангоми вохӯрии Президенти ҶТ Э.Ш.Раҳмонов бо Дабири кулли СММ Кофе Аннан таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон СММ дар кори ҳалли низоъҳо таҷрибаи нодире пайдо кард. Ва ин таҷриба ҳам аз нигоҳи тарзи дахолат, усул ва роҳҳои ҳалли танзими вазъ ва ҳам аз ҷиҳати ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар «нуқтаҳои доғ» шоистаи омӯзиш мебошад .
Таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар расидани он дастоварди бузурги дипломатияи муосири тоҷик ба шумор меравад. Ҳаминро бояд ба назар гирифт, ки мақомоте, ки сиёсати хориҷии Ҳукумати ҶТ ва роҳбарияти онро амалӣ мекарданд, давраи ташаккулро аз сар мегузарониданд. Чунончӣ, дар воқеъ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ амалан дар ҷои холӣ ба вуҷуд омада буд. Аммо ба он муяссар гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҳайати дастгоҳи марказии худро пурра намояд .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои сиёсати хориҷии он бо сарварии Президенти мамлакат Э.Ш.Раҳмонов на танҳо сиёсати сулҳу оштии миллиро дар мамлакат пеш гирифтанд ва онро бомуваффақият амалӣ гардонданд, балки ба субут ҳам расониданд, ки метавонанд бо мухолифони сиёсиашон дар шароити низоми бисёрҳизбӣ ва парламонӣ дар идораи ҳукумат ҳамкорӣ намоянд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон исбот кард, ки душвортарин масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро метавон аз тариқи муколимаву музокира ва бо роҳи мусолиматомез ҳал кард.

«Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз», №1. - 2007. – С. 90-102.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин