Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

БУНЁДИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Пас аз 3 рӯз - 27 июн яке аз боарзиштарин ва муқаддастарин идҳои миллии мо Рӯзи ваҳдат ҷашн гирифта мешавад. Рӯзе, ки дар кишвари азизи мо бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таърихи 27 июни соли 1997 сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштию ваҳдатро дубора барқарор намуда буд. Ман ин санаи муборакро барои ҳамаи ҳамватанони гиромиамон муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки дар дилу дар сари ҳар яки шумо, азизону наздиконатон, атрофиёнатон, дар муҳиту фазое, ки зиндагӣ ва кор мекунед, ҳамеша ваҳдат, меҳру муҳаббат ва садоқат пирӯз бошад ва ҳаргиз он рӯзҳои шум, рӯзҳои наҳс ва фалокатбору фоҷеаборе, ки бар сари мардуми мо замоне омада буд, такрор нашавад.
Дар бораи раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, дар бораи он ки чӣ тавр ва ба кадом тарзу тариқ тарафҳои сулҳи тоҷикон ба сулҳ ва оштию ваҳдат расиданд, то ба имрӯз мақолаву рисола, маҷмӯаву китоб, гузоришҳову суҳбатҳо, мизи гирду конференсияҳои зиёде навишта, гуфта ва баргузор гардиданд дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон.
Таҳқиқ ва баррасии раванди сулҳ ва оштиии миллӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои мо ҳам давом дорад ва ман бовар дорам, ки баъд аз ин ҳам идома хоҳанд ёфт. Чанд сол аст, ки ба хотири омӯзиши сабақҳои сулҳи тоҷикон Лоиҳаи «Муколамаи диниву дунявӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи давлатҳои Олмон ва Швейтсария дастгирӣ мешавад, фаъолият мекунад ва бояд эътироф кард, ки ба натиҷаҳои чашмгире ноил гардидааст. Дар доираи ин Лоиҳа ду-се китоби арзишманде ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ ва инглисӣ ба чоп расиданд, ки аз тарафи коршиносон ва донишмандони ватанию хориҷӣ ба хубӣ пазируфта шуданд. Китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» ҳам, ки онро Вазорати маорифи Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ пешкаш намудааст, маҳсули ҳамон Лоиҳа мебошад.
Соли гузашта 25-26-уми июн дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 10-солагии имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» Конфернсияи байналмилалие баргузор шуд, ки ташаббускори он СММ буд ва маводи он ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ ба табъ расидааст ва ба назари ман аз ҷумлаи беҳтарин китобҳоест, ки ба сулҳи тоҷикон ва сабақҳои он бахшида шудаанд. Дар ҷумлаи китобу хотироти арзишманде, ки дар замина навишта шудаанд, ҳамчунин метавон аз асарҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, таҳқиқоти профессор Иброҳим Усмон, мақолаву суҳбатҳои академик Талбак Назаров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва дигарон ёд овард.
Дар робита ба китобу тадқиқоте, ки ба раванди сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, мехоҳам як гуфтаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дар суханроние, ки дар ҷамъбасти Конференсияи байналмилалӣ рӯзи 25 июни соли 2007 карда буданд, иқтибос намоям: «Бисёриҳо китоб менависанд, аммо дурӯғ менависанд. Аз худ қаҳрамон метарошанд. Навиштаҷоти холисона даркор аст. Бояд онҳое, ки бевосита шоҳиданд, нависанд». Бояд иқрор шуд, ки воқеияти ҳол, мутаассифона, чунин аст, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мушоҳида гирифтаанд. Барои тасдиқи гуфтаҳои Сардори Давлат ва Ҳукумат ман аз китобе, ки онро Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ бо номи пурдабдабаи илминамо «Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ» порина чоп кардааст, иқтибос меорам. Дар он донишманде дар бораи тарафҳои сулҳи тоҷикон чунин тасаввури барғалате дорад ва онҳоро «чун нерӯҳои дунявӣ (миллатдӯст) ва динӣ (исломгаро)» муаррифӣ мекунад. Дар ин китоби «академикӣ» касоне аз сулҳу ваҳдат сухан мекунанд, ки аз он огоҳ нестанд, ҳатто номи Санади асосиро ғалат меоранд .
Албатта, ҳар кас ба ҳодисаву воқеаҳои он солҳо, ба раванди дарёфти сулҳу оштӣ аз нигоҳи худ, биниши худ ва бардошти худ баҳо медиҳад ва ҳақ ҳам доранд. Вале шарт он аст, ки аз сари инсоф нагузаранд, ба бозтоби воқеияти он солҳо назари якҷониба накунанд, ба таҳриф роҳ надиҳанд, хулоса, дурӯғ нагӯянд.
Дар бораи омилҳои сарзадани муқовимати сиёсию низомӣ ва нооромиҳои Тоҷикистон то имрӯз андешаҳои гуногун гуфта мешаванд. Аз нигоҳи ман – як нафаре, ки шоҳиди бевоситаи он солҳо буда, баъдан дар Музокироти сулҳи тоҷикон, Комиссияи муштараки оташбас, Комиссияи оштии миллӣ ширкати бевосита дошт ва беш аз 10 сол аст, ки бо омӯзишу таҳқиқи он машғул мебошад, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бо муқовимати сиёсии намояндагони афкори куҳна ва нав – куҳнагароён ва навгароён, яъне коммунистӣ ва демократӣ оғоз гардида буд. Он вақт алаккай дар ҷумҳурӣ дар баробари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чанд созмону ҳизби нави сиёсию мардумӣ ба вуҷуд омада буданд, монанди «Растохез», Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, «Лаъли Бадахшон» ва ғ.
Каме дертар ошкор гардид, ки муборизаи нерӯҳои куҳна ва навхези тоҷик зоҳиран агарчи пӯшиши ақидатӣ дошт: коммунистию демократӣ, амалан барои қудрати сиёсӣ дар байни Шимоли «соҳибқудрат» ва Ҷануби «ноком», ба сухани дигар дар байни «тоифаи Хуҷандӣ» ва «тоифаи Ҷануб», намояндагони минтақаҳои Ғарм, Дарвоз, Бадахшон ва Кӯлоб мерафт. Оқибат маълум шуд, ки шиорҳои демократии фаровоне, ки он солҳо дар гирдиҳамоиҳо, аз ин тарафу он тараф дода мешуданд, ниқобе будааст.
Бинобар ин вақте ки муқовиматҳои сиёсӣ, давраи майдоншиниҳову гирдиҳамоиҳо ва демократиябозиҳо сипарӣ шуд, ҷомеа ба ду тақсим шуд: аз як тараф – асосан намояндагони Ғарм, Дарвоз ва Бадахшон, аз тарафи дигар – Хуҷанд, Кӯлоб ва Ҳисор. Дар ин марҳила намояндагони исломи сиёсӣ, ки худро он вақт ягона нерӯи воқеан муттаҳидкунанда дар ҷомеа мешумориданд, пеш даромаданд.
Мубориза барои қудрати сиёсӣ обуранги динӣ гирифт. Нерӯе, ки ба он муқобилат мекард, худро ҳамчун барқароркунандаи сохти конститутсионӣ ва муборизи зидди бунёдгароӣ меномид.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон 5 майи соли 1992 оғоз гардид, метавон гуфт, ки то рӯзи имзои Созишномаи умумӣ – 27 июни 1997 идома ёфт.
Ин ҷанг агарчи асосан ба хотири қудрати сиёсӣ буд, решаҳои амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ дошт ва аз даврони Шӯравӣ сарчашма мегирифт. Сатҳи зиндагии мардуми мо нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии собиқ пасттар буда, минтақаҳои ҷумҳурӣ набаробар тараққӣ мекарданд. Сиёсати кадрии нодуруст низ сарчашмаи дигари низои дохилии кишвари мо буд. Ба болои ин ҳама роҳбарони вақти ҷумҳурӣ ҳама, бидуни истисно, аз ӯҳдаи роҳбарии мустақилона набаромаданд. Аз сустӣ ва гумроҳии онҳо дар он лаҳзаҳои барои кишвар сарнавиштсоз нерӯҳои дохилӣ ва хориҷии манфиатдор ба мароми худ истифода намуданд ва коми хешро бароварданд. Ин чиз аз аввал ҳам маълум буд ва далелҳои муътмаде низ вуҷуд дошт. Ҳоло пас аз он ки хотираҳои афсарону аскарони амниятии кишварҳое, ки ба корҳои Тоҷикистон зидахл буданд, ба шакли китоби хотирот ба чоп расиданд, дигар ба таҳмилӣ будани ҷанг дар кишвари мо хурдтарин шакку тардиде боқӣ намонд.
Пас аз шиддат гирифтани оташи ҷанги дохилӣ, расидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, афзоиши беҳади гурезаҳои дохилӣ ва берунӣ ва тамоман равшан шудани он, ки на танҳо ҳеч яке аз тарафҳои даргир, на дар танҳоӣ ва на дар ҳамдастӣ бо ҳавохоҳонашон, ба ғаразҳояшон нахоҳанд расид, балки бо идомаи муқовимати мусаллаҳона хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва халалдоршавии тамомияти арзии он ҳар лаҳза бештар мегардад, зарурати сулҳу оштӣ ва гуфтугӯро ба миён оварданд.
Зарурати дарки манфиатҳои миллӣ он вақт бар ҳамаи хоставу ғаразҳои гурӯҳию ҳизбӣ, маҳаллию қавмӣ, мансабталошию молу сарватҷӯйиҳо бартарӣ ёфта буд.
24 июни 2008.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин