ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Мо имрўз дар мавриди шароитҳои ташаккул ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳарф зада, бисёр мешавад, ки ба таърихи давлатдории гузаштагони шуҳратмандамон, сулолаи шоҳони Сомонӣ рў меорем. Ин бе гап нест. Сомониён замоне давлатдорӣ кардаанд, ки дар заминаи қавмҳои алоҳидаи маҳаллӣ, пеш аз ҳама суғдиён, бохтариҳо, хоразмиён умумияти нави этникӣ, миллати тоҷик ташаккул меёфт ва Сомониён забони форсии дариро ба сифати забони давлатӣ пазируфта, ба раванди мазкур суръату вусъати тоза бахшиданд.
Давлатдории онҳо дер напоид. Сомониён ҳамагӣ сад сол сари қудрат буданд. Аммо дар саҳифаҳои таърихи миллати мо нақши онон ба ҳадде пойбарҷост, ки таъсираш то ба ҳанўз дар рўзгор, вазъу ҳолатамон, фарҳангамон мушоҳида мешавад. Давлати Сомониён ягона давлатдории миллӣ дар ин ҳазору сад соли охири таърихамон, дар замонест, ки тоҷикон чун миллат, чун як қавми алоҳида миёни дигар ақвоми эронӣ ташаккул ёфта буданд. Онҳо мулкҳои тоҷикнишинро оҳиста-оҳиста аз асорати хилофати араб раҳо намуда, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва забониву фарҳангии миллатро ибтидо гузоштанд. Як низоми оқилона ва барои он замон мутамаддини давлатдориро созмон доданд. Давлат аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ, дар фарҳангу ҳунар ва ҳамаи дигар заминаҳо чунон пеш рафта буд, ки шуҳрату овозааш миёни бисёр кишварҳои дурру наздик густариш дошт. Робитаҳои тиҷоратию дипломатиаш бо дигар сарзаминҳо дар рушду нумуъ буданд. Давлати Сомониён ифтихори миллат, нақши мондагори гузаштагони мо дар таърихи тамаддуни ҷаҳонист.
Сад афсўс, ки ин давлат аз пайи муноқишаҳои дарборӣ аз миён рафт ва анъанаи давлатдории миллиро бо худ дар гузаштаҳои дур боқӣ гузошту он муддати садсолаҳо дигарбора сар аз замин бардошта натавонист. Раванди ташаккули минбаъдаи миллат низ дар нимароҳ монд, он суръату вусъати пешинаи хешро аз даст дод ва ҳаводиси фоҷиабори охири садаи бист, ҷанги харобиовару шаҳрвандие, ки ба сари миллати мо таҳмил шуд, шояд ба ҷиҳате натиҷаи ҳамон маҳрумияти ҳазорсола аз давлатдории миллӣ буд. Задухўрдҳои беохири қавму қабоили аҷнабӣ барои тоҷу тахт имкони дар ҳайати як давлати воҳид сарҷамъ омадану ба рушди минбаъдаи миллӣ муваффақ шуданро аз мардуми бахтбаргаштаи мо мерабуд. Бо амри сарнавишт онҳо маҷбур буданд минтақа ба минтақа дар ҳайати давлатҳои ҷудогонаи гоҳо бо ҳамдигар душман умр ба сар баранд, дар ҷангҳои хурду бузурги феодалӣ алайҳи ҳаммиллатону ҳамзабонони худ, ки таҳти султаи зимомдори рақиб қарор гирифта буданд, теғ бардоранд. Ва сониян, табиист, ки ҳеҷ як аз он давлатдорони аҷнабӣ ба таҳкиму ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон манфиатдор набуданд.
Ин имконият барои мо аз соли 1991, бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони ба ҷон баробарамон ва бо эҳёи дубораи давлатдории миллиамон муҳайё гардид.
Дар ибтидо мо аз давлатдории Сомониён гап кушодем. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди фосилаи ҳазорсола миёни ин ду давраи муҳиму сарнавиштсози таърихи миллатамон шабоҳатҳое вуҷуд доранд. Сомониён давлаташонро дар заминаи мулкҳои аз империяи арабҳо инъомгирифта барпо карданд. Дувумин давлати миллӣ низ ба тоҷикон баъди аз байн рафтани империяи паҳновари Шўравӣ муяссар гардидааст. Арабҳо ҳама корро карданд, то гузаштагони мо забону фарҳанги қадимаи хешро ба фаромўшӣ бисупоранд, араб бишаванд. Ин кор дасташон надод, гарчанде бар асари кишваркушоиҳои арабӣ тамаддунҳои бузурге, амсоли тамаддунҳои Суриёнӣ ва Мисру Бобул аз байн рафтанд. Шўравӣ ҳам саъй дошт, ки то ҷойе имкон ҳаст, забонҳои миллиро маҳдуд созад, бо рўйи кор овардани назарияи дурўғини тавассути омезиш (ассимилятсия) аз байн рафтани миллатҳо ва забонҳои миллию зуҳури воқеияти «нав»-и таърихӣ- «халқи шуравӣ» барои ин амалҳои истеъмории хеш асосҳои «илмӣ» фароҳам биоварад.
Аммо миллати мо ин ҳама мадду ҷазрҳои ҳалокатовари таърихро сарбаландона убур карда, забон ва фарҳанги қадимаи хешро нигаҳ доштаасту рушду таҳким додааст, то онро бо ҳамон ҳашамату ҷалоли азалӣ ба наслҳои баъдӣ бисупорад.
Сомониён миллатро ташаккул доданд, фарҳанги миллиро ба вуҷуд оварданд. Мо бошем, дар шароити нав, дар муҳити мураккабу пуртазоди ҷаҳонишавӣ кореро мекунем, ки онҳо ба субуташ расонда натавониста буданд: ваҳдати миллиамонро таҳким мебахшем, эҳсосоти худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандўстиро тавассути густариши сиёсию таърихӣ дар ниҳоди ҳар як сокини мамлакат парвариш медиҳем.
Сулолаи Сомониён барои миллат Исмоили Сомонӣ барин амири ватандўсту ватанпараст, шахсияти беназирро ҳадя дод, ки Бухороро «девор» шуду ҳамлаҳои хонумонсўзи сипоҳиёни кўчиро ба сарзаминаш барҳам зад, амну осоиш ва рифоҳу тавсеаро дар кишвар таъмин сохт. Дувумин эҳдои бузург барои миллат рўйи кор омадани давлатмарди тавоно, Пешвои муаззами мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар авохири садаи бист тақдири таърихии мардумамон, сарварии давлати нави миллиро ба зима гирифту бо пайравӣ ба беҳтарин анъанаҳои давлатдории Сомониён таҳкими ваҳдати миллиро дар меҳвари сиёсати хирадмандони хеш, таҳдоби ҳамаи пешрафту дастовардҳои сиёсӣ иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон қарор додааст. Ин дувумин умумиятест, ки таҳаввулоти бунёдии имрўзро дар сарнавишти миллат бо таҳаввулоти замони Сомониён пайванд медиҳад.
Воқеан, ваҳдати миллӣ чист, он барои мо чӣ аҳамият дорад? Ваҳдат муттаҳидӣ, ягонагии соҳибони як забону фарҳанг, намояндагони як миллат, шаҳрвандони як мамлакат дар ҳаллу фасли масоили умумиашон, дар муайян кардан ва бунёд ниҳодани фардои ободу осуда аст. Он дўстию бародарӣ, худро узви як хонадони бузург эҳсос кардан аст. Дар ин хонадон шояд ҳар кас фикру ақидаи хоси худро, диди худро ба ояндаи хонавода дошта бошад, тафовутҳое миёни аъзо вуҷуд доштанашон мумкин аст. Аммо эҳсоси умумият, дар ҳайати як хонадон будан онҳоро водор месозад, ки барояшон масоили пойдориву бақои оила дар ҷои аввал бошаду ба хотири он, агар лозим ояд, баъзан аз баҳри манофеи шахсию гурўҳии худ ҳам бигзаранд, осудагии оиларо фикр кунанд, чун сарчашмаи рифоҳи ҳамаи онҳо дар ҳамин осоиши умумист.
Дар ҷомеа бошад, роҳҳои ҳалли масоили мазкур назар ба як хонаводаи мушаххас хеле мураккабтар аст. Вай аз фардҳо, гурўҳҳои иҷтимоию, маҳалу минтақаҳои ҷудогона ва ниҳоят, аз миллатҳои мухталиф ташаккул ёфтааст. Дар ҷомеаи демократии мо қисме аз афрод дар ҳизбҳои сиёсии тамоюлашон гуногун муттаҳид шудаанд. Онҳо дар роҳи амалӣ сохтани ормонҳои сиёсиашон вориди рақобатҳои интихоботӣ мешаванд, барои нуфуз дар ҷомеа ва таъсиргузорӣ ба раванди фаъолияти давлат талош меварзанд. Ҳар як аз инҳо, ҳар фард манфиатҳо, майлу хоҳишҳои хоси худро дорад ва мехоҳад онҳоро дар доираи ҷомеае, ки зиндагӣ дорад, бароварда созад. Ана, барои он, ки бархурди манфиатҳо ба миён наояд, сулҳу суббот, пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар давлат таъмин карда шавад, ҷомеа ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад. Ҳизбҳо ва гурўҳҳо дар ҷомеа бояд манфиатҳои умумимиллиро аз ҳама манфиатҳои дигари фардии хеш боло бигузоранд, ба хотири ин, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ ба гузашт кардан омода бошанд. Ҳамин аст, ки суботи иҷтимоӣ, сулҳу осоиш ва рушдро таъмин мекунад, заминаи бақову пойдории давлат мешавад. Ташаккул додану таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ аз ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ фарҳангию маърифатӣ вобаста асту дар маркази он инсон, бо донишу ҷаҳонбинии мушаххасаш ҷиҳати Ватану миллат, бо бардошти хосааш аз равандҳои зиндагӣ қарор дорад.
Аз он, ки ваҳдати миллӣ дар ҳаёти давлату миллат чӣ нақш дорад, ҷанги фоҷиабори дохилии солҳои 1992-1997-и мо мисоли равшанест. Ба хотир биёрем, ки ин ҷанг дар аввал аз муноқишаю задухўрдҳои миёни намояндагони маҳалҳои мухталиф оғоз шуда буду ворид кардани картаи маҳал дар ин бозии басо хатарнок ҳеҷ имкон надорад, ки бидуни дахолати коргардонҳои моҳири хориҷӣ сурат гирифта бошад. Замина барои ин фароҳам буд. Дар муносибати байни намояндагони маҳалҳои мухталифи ҷумҳурӣ беэътимодӣ, шакку шубҳа, ранҷиш гоҳ-гоҳе худ дарак медоданд. Сониян, таҷрибаи давлатдорӣ вуҷуд надошт. Гоҳо таассуроте ба миён меомад, ки давлатмардони мо ба думболи дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ эълони истиқлолият дода, намедонанд бо ин истиқлолият чӣ кор кунанд, идораи давлатро чӣ гуна ба роҳ монанд. Дар баробари гирдиҳамойиҳои тўлонии пойтахт бошад, тамоман оҷиз монданд. Набудани қатъият, нотавонӣ, дудилагӣ нишонаи хоси муносибати ҳукумат бо рўйдодҳои мазкур буд.
Сонитар ҳамон коргардонҳои хориҷӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-и мамнуъшударо вориди майдон карданд. Истеъфои бе қайду шарти ҳукумат ба миён гузошта мешуд. Самти ҳаракат маълум гардид: аз байн бурдани ҳукумати мавҷуда ва таъсиси давлати исломӣ. Аллакай «Ҳукумати муросои миллӣ» фаъолият мебурд, ки ба ҳайаташ намояндагони мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ ҳам шомил буданд. Вале ин онҳоро қонеъ намекард, бештар мехостанд. Президенти қонунӣ интихобшударо бо таҳдиди силоҳ ба истеъфо маҷбур карданд. Иттиҳояшон рўз ба рўз афзуда мешуд, талабҳо қатъитар мегардиданд. Барои таъсиси давлати исломӣ ба майдони пок зарурат доштанд, майдоне, ки ин неруҳои тундрав дар он яккатоз бошанд. Ба розӣ будану набудани мардум бошад, коре надоштанд. Касонеро, ки дар гирдиҳамойии Душанбе иштирок доштанд, сабабҳои мухталиф ба ин ҷо оварда буд: якеҳо аз номуайянӣ ва амалкарди сусти ҳукумат баъди ба даст овардани истиқлолият ба ситез омада, истеъфои онро мехостанду қадамҳои баъдиро тасаввур ҳам карда наметавонистанд, дувумиҳо дар симои он ҳукумати коммунистии пешинро дида, тундгароёна аз саҳна берун шуданашро талаб доштанд, савумиҳо бо эҳсосоти маҳалгароёна дар роҳбарӣ одамони худашонро дидан мехостанд, ба ҳукумати мавҷуда нигоҳи нобоварона доштанд ва ғайра. Ин мавҷи издиҳоми норозӣ тавассути коргардонҳои исломӣ устокорона идора ва ба самти барояшон мувофиқ равона карда мешуд. Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ мутлақо аз байн рафта буд ва ё аслан вуҷуд надоштанаш дар ҷараёни ҳодисаҳое, ки он шабу рўзҳои наҳс воқеъ мегардиданд, кушоду равшан зуҳур кард. Ҷомеа байни пайравони равияҳои сиёсии гуногунранг, намояндагони маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон ба дўсту душман ҷудо гардида буд. Хатари аз байн рафтани кишвар ҳамчун давлати воҳид, парокандагии муҷаддади миллат дар миён буд. Дар маҳалҳо аллакай миёни одамон зудухўрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд, ҷиноятҳои гўшношунид содир мешуданд, аз пайи ниқор мардуми бегуноҳ, занону кўдакон кушта мешуданд, хонаҳо ба коми оташ мерафтанд. Корхонаю муассисаҳо аз фаъолият монда буданд,заминҳо кишт намешуданд. Молу мулки давлат, корхонаю хоҷагиҳо ва шаҳрвандон тороҷ мегардид «ба яғмо рафтан» ибораи маъмули ҳамон айём аст. Нон рўз ба рўз кам мешуд, дар мағозаҳо одамон аз пайи хариди он соатҳо навбат мепоиданду дар миқдори харидаш маҳдудият буд. Мардуми маҳалҳои ҷудогона бошанд, умуман ба таҳрими ғизоӣ гирифтор омада буданд, онҳо гуруснагӣ мекашиданд. Вале ҳукумат коре карда наметавонист, вай талабҳои паиҳами неруҳои мухолифро ба ҷо меоварду бас.
Ин фоҷиаи маргборро танҳо баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 воқеъ шуда буд, хотима дод. Иҷлосия тавассути ба маснади роҳбарии кишвар баргузидани марди хирад ва ғайрату амал Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳоеро ибтидо гузошт, ки сулҳу осоишро дар кишвар таъмин, ваҳдати миллиро барқарор ва шароитро барои эҳёи баъдиҷангии иқтисодиёт муҳайё месохтанд. Бо иқдомҳои қотеъонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фирориёни ҷанг аз кишварҳои дурру наздик ба Ватан баргардонда шуданд, бо кўмаки давлат ҷойи хонаҳои харобшуда манзилгоҳҳои наву замонавӣ қомат рост карданд, бо неруҳои зиддидавлатӣ бошад, музокироти сулҳ оғоз гардид. Сарвари давлат тавассути фармонҳояшон гуноҳи ширкаткунандагони муқовиматҳои сиёсиву низомиро авф карданд. Ҳамаи инҳо заминаҳое буданд, ки дар ниҳоят сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистони азизамон фароҳам оварданд.
Рўзи 27 июни соли 1997 санаи таърихиест, ки аз он давраи гардиши куллӣ дар ҳаёти кишварамон оғоз мешавад. Дар ин рўз музокироти тўлонии қатъи расмии ҷанг, ки миёни намояндагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифини Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1994 ба ин тараф идома дошт, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон ба итмом расид. Дар Тоҷикистон давраи нав оғоз шуд, давраи тантанаи сулҳу бародарӣ, давраи барқарорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҷанг, давраи меҳнати осоишта барои рушд додани кишварамон ва пайваста боло бурдани сатҳи зиндагии мардум. Он рўз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст.
Имрўз, ки аз он воқеаи таърихӣ 21 сол сипарӣ мешавад, мо ба дигаргуниҳои сарнавиштсозе, ки зимни ин солҳо дар ҳаёти кишварамон ва мардумонамон воқеъ шудаанд, нигариста, аҳамияти ин рўйдоди бузургро бештару бештар дарк мекунем.
Муҳимтарин сабақе, ки мо аз ҷанг гирифтем, мақому мартабаи ваҳдати миллӣ барои як ҷомеаю як давлат аст. Беҳуда нест, ки Сарвари давлатамон аз нахустин рўзи ба мақоми роҳбарӣ омаданашон ба ин кор иқдом карданд, ваҳдатро ба пирўзӣ расонданд ва аз он рўз то кунун барои таҳкиму тақвияти рўзафзунаш талош меварзанд. Пешвои муаззами мо дар суханрониҳояшон борҳою борҳо Ваҳдати миллиро дар радифи Истиқлолият гузоштаанд ва онро заминаи устувори ин истиқлол, омили бақову пойдории сарзамин ва устувории давлат, шаҳсутуни рушду осудагии ҳаёти мардум донистаанд. Мо ҳамарўза мебинем, ки чӣ гуна ин неъмати бебаҳои миллӣ бо падидаву ҳаводиси нави мусбӣ бунёдан бою ғановатмандтар мешавад, тақвияти бештар пайдо мекунад.

Дар солҳои аввали истиқлолият роҳи минбаъдаи кишварро муайян намуда, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, давлати иҷтимоиро барои хеш ҳадаф қарор додем ва имрўз мақсаду мароми мазкур дар Конститутсияамон сабт гардидааст. То кунун дар роҳи амалӣ гардондани ҳадафҳои номбурда хеле корҳое ба субут расидаанд. Бояд гуфт, онҳо заминаҳои сиёсие мебошанд, ки бар пояи онҳо ваҳдати миллии мо, ваҳдати ҷомеаи мо устувор аст. Тақсими давлат ба се шохаи мустақили ҳокимият-ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва суд, интихобӣ будани мақомоти роҳбарии давлат-Президент ва Шўрои Олӣ, интихоботи даврии шаффофу демократӣ ва озод, озодии фаъолият барои ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки озодонаашон дар интихобот, озодии баён ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, озодии диндорӣ аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки адолату суботро дар ҷомеа ва давлатдорӣ таъмин месозанд.
Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар арафаи моҳи шарифи рамазон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи мамлакат нақши динро дар ҳаёти мардуми тоҷик таъкид карда, даъват намуданд, ки ҷомеа бояд дар роҳи аз ҳар гуна таассубу ҳурофоти сарборӣ пок кардани ин оини муқаддаси гузаштагонамон талош варзад, онро аз таъсири равияҳои мухталифи динию идеологии бегона эмин нигоҳ дорад. Ин ҳам вазифаи имонӣ ва ҳам виҷдонии мост. Исломи ноб гарави субот ва рушди бемонеаи ҷомеаи мост ва он ваҳдати миллиамонро пойбарҷо нигоҳ медорад.
Давоми солҳои истиқлоли кишвар дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ он гуна заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам шудаанд, ки назираш дар ягон давраи таърих вонамехўрад. Дар ин 27 сол мо масъалаҳоеро ҳал кардем, ки муддати садсолаҳо пеши роҳи рушди миллатро мегирифтанд. Дар собиқ мо ба вилояти Суғд барои нақлиёти автомобилӣ роҳи доимӣ надоштем ва тавассути ағба роҳ танҳо мавсимӣ буд. Имрўз бошад, нақбҳои мошингузар аз умқи кўҳ мардуми моро аз ин мушкил раҳо сохтаанд. Бунёди роҳи мошингузари ҳозиразамони миёни минтақаи Кўлоб ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон равобити нақлиётӣ бо ин минтақаи баландкўҳро низ осон ва доимӣ гардонид. Роҳҳои оҳани Душанбею шаҳри Бохтар бо ҳам васл шуданд, роҳ то ба шаҳри Кўлоб расид. Боз нақшаҳои дигари бузург дар ин ҷабҳаҳо вуҷуд доранд. Дигаргуниҳои мазкур алоқаю вобастагиро миёни минтақаҳои кишвар тавсеа додааст, муболилаи молу маҳсулот чандин баробар афзуда, бозори ягонаи умумикишварӣ фароҳам омадааст. Муносибатҳои иҷтимоии миёни одамон низ зичу гуногунранг шудаанд. Пеш мо кай аз ҷануб ба шимоли кишвар кашидани хатти барқро ба худ тасаввур карда метавонистем? Ин вазифа имрўз амалӣ гардида, шабакаи воҳиди энергетикии кишвар ташаккул ёфтааст.
Чанде пеш як ҳайати сершуморе аз ВМКБ меҳмони вилояти Хатлон буданд. Ин як намуди нави равобити фарҳангӣ миёни минтақаҳо аст, ки ваҳдату сарҷамъии миллатро таҳким мебахшад.
Дар кишвар ба рушди мутавозини маҳалҳо аҳамияти калон дода мешавад ва ҳар рўз дар ин ё он гуна корхонаи навею муассисаи наве ба фаъолият оғоз мекунад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо ба мо имкон медиҳанд, ки бо гузашти 21 сол аз дараҷаи сифатан нави ваҳдати миллиамон, аз иттиҳоду муттафиқии хеле бештари ҷомеаамон сухан ба миён оварему ояндаи дурахшони онро пешгўӣ кунем.
Мирзошоҳрух Асрорӣ
Раиси Кумитаи иҷроияи Харакати
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Оставить комментарий
- Шарҳҳо
- Имрӯз
- Серхондатарин