Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:37 – Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД 
  • 09:07 – РУБОИЁТ 
  • 10:17 – ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ 
  • 09:23 – НАВБАҲОРИ ВАҲДАТ 

ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Нахустин кӯшишҳо барои дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон дар гармогармии муқовиматҳои сиёсӣ ва оғози ҷангҳои дохилӣ аз тарафи худи тоҷикон сурат гирифта буд. Вале, мутаассифона, он вақтҳо мулоқоту муколамаҳои байни тоҷикон, оши оштихӯрданҳо ва протоколҳои созиш имзокарданҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе (14 феврали 1990; 22 апрели 1992 ва 7 майи 1992), Хоруғ (26 июли 1992), фурӯдгоҳи Қурғонтеппа (20 июни 1992) ва Хуҷанд (ноябри 1992) натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.* Зеро тарафҳои даргир, тавре ки аз ҷараёни баъдинаи ҳодисаҳои он рӯзҳо бармеояд, эътимоди комил бар он доштанд, ки тарафи муқобили худро бо зӯру тавоне, ки доранд, ҳатман мағлуб хоҳанд кард. Онҳо ҳар як такя ба зӯрӣ ва зӯроварӣ доштанд ва ягона роҳи ҳалро дар он медиданд. Ба ин кор ва ба ин эътимод онҳоро нерӯҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ низ ташвиқ менамуданд. Бадбахтӣ дар он аст, ки нерӯҳои манфиатдори дохилию хориҷии тарафҳои даргири тоҷик низ он вақт сад дар сад бовар бар он доштанд, ки танҳо аз роҳи зӯрӣ ва зӯроварӣ ва комилан аз байн бурдани тарафи муқобил манфиатҳои хешро дар Тоҷикистон ҳифз хоҳанд кард. Бинобар ин онҳо ҳамаи тадбирҳои имконпазирро андешидаанд ва ҳатто аз дахолати бевосита рӯй нагардонданд, то ки тоҷикон байни худ ба ифоқа ва сулҳу оштӣ наоянд. Ҳақ ба ҷониби Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки моҳи августи соли 1997 дар ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ВВС бо дарназардошти ҳодисаҳои солҳои 90 дар Тоҷикистон гуфта буд: «Моҳиятан ин на танҳо муборизаи нерӯҳои дохилии даргир, балки хориҷӣ ҳам буд».
Амали нерӯҳои манфиатдори хориҷӣ ва дохилӣ нисбат ба тарафҳои даргири тоҷик ҳиллаву найрангҳои шоҳи Тӯрон Афросиёб ва гумоштагони ӯро дар баробари ҷаҳонпаҳлавон Рустами Достон ва писараш Сӯҳроби гурд ба хотир меорад. Онҳо заминаро тавре сохта буданд, ки падару писар ҳамдигарро нашинохтанд ва писар аз зарби теғи падари хеш кушта гардид. Ин монандӣ миёни воқеаҳои фоҷеаборе, ки солҳои 90-ум ба сари мардуми тоҷик омада буд ва достони ғамангези гузаштагони мо тасодуфӣ нест. Таърих гувоҳ аст, ки борҳо душманони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз мавриди барояшон муносиб миллати моро бо баҳонаҳои гуногун, аз қабили рофизию қарматӣ, суннию шиъа, кофиру мусулмон, ҷадиду қадим, сурхҳову сафедҳо, босмачию инқилобӣ, дӯстон ва душманони халқ, коммунисту исломӣ, вовчику юрчик ва ғайра ба ҳам ҷанг андохтанд ва аз он ба манфиати худ баҳра бардоштанд. Абдулмаҷид Достиев ба ҳайси ҷонишини раиси КОМ дар як мусоҳибаашон дар замина ишора ба як нуктаи ҷолибе намудаанд: «Дар замири мо (тоҷикон) чизе ҳаст, ки душманонамон аз он истифода мебаранд ва байни мо ҷудоӣ ва ҷанг меандозанд ва он сустию нодонию содагиамон аст».
Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон тарафҳои даргир ва ҳимоятгарони дохилию хориҷиашон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард, ё хоин эълон мешудва ё кушта мегардид. Дар майдонҳои гирдиҳамоӣ гӯши шунаво ва дидаи биное намонда буд. Ҳама ташнаи муқовимат ва ҷанги тан ба тан буданд. Ва лоф аз нерӯву лашкари сафдари хеш зада, дар кӯчаву хиёбонҳо намоишкорӣ мекарданд ва ошкоро ба ҳамлаву задухӯрдҳои рӯёрӯӣ омодагӣ мегирифтанд. Равшан буд, ки дар он рӯзҳо нерӯҳои сулҳхоҳ дар муқобили тарафдорони муқовимат ва задухӯрд хеле заиф буданд.
Танҳо пас аз шиддат гирифтани оташи ҷанги дохилӣ, расидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, афзоиши беҳади гурезаҳои дохилӣ ва берунӣ ва маълум шудани он ки на танҳо ҳеч яке аз тарафҳои даргир на дар танҳоӣ ва на дар ҳамдастӣ бо хӯҷаинҳои дохилию хориҷиаш ба ғаразҳояш нахоҳад расид, балки бо идомаи муқовимати мусаллаҳона хавфи аз миён рафтани Тоҷикистон ва давлатдории он ҳар лаҳза бештар мегардад, дубора масъалаи зарурати сулҳу оштӣ ва гуфтугӯ дар миёни тарафҳои даргири тоҷик ба миён омад.
Дар кори омода намудани заминаи сулҳу оштӣ дар байни тоҷикон эътироф бояд кард, ки нақши Созмони милали муттаҳид бағоят бузург мебошад. Тавре ки маълум аст, иштироки СММ дар раванди сулҳи тоҷикон моҳи сентябри соли 1992, яъне ҳамагӣ пас аз чор моҳи оғози ҷанг дар Тоҷикистон бо «миссияи Соммерейнс» сар шуда, 21 январи соли 1993 Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Ва 26 апрели ҳамон сол Сафир Исмат Киттанӣ Намояндаи вижаи Дабири кули СММ дар Тоҷикистон таъин гардид.
Кӯшишҳои пайгиронаи СММ дар роҳи ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро водор намуд, ки дар ин раванд саҳми фаъолтаре бигиранд. Чунончи, 22 январи 1993 дар шаҳри Минск сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) қарореро дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон қабул намуданд. 28 июли ҳамон сол фармони Президенти вақти Русия Б .Н. Елтсин дар бораи танзими вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баромад. Ва ҳамагӣ пас аз ду рӯзи он, яъне 30 июл мулоқоти маҳрамонаи Е. М. Примаков, сарпарасти онвақтаи Хадамоти иктишофии хориҷии Федератсияи Русия бо роҳбари оппозитсияи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул ва 31 июл бо мақомоти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон баргузор гардид. Сафари андак пештар ба вуқӯъ пайвастаи собиқ ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷии Русия А. Л. Адамишин ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (июни 1993) ва диду боздидҳои баъдинааш бо роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оппозитсияи тоҷик (марти 1994) дар Душанбе ва Теҳрон низ гувоҳӣ бар он медиҳад.
В. Горяев – котиби иҷроия ва мушовири доимии ҳамаи Фиристодагон ва Намояндагони вижаи Дабири кули СММ дар Музокироти сулҳи тоҷикон дар як ҷамъомади илмие, ки ба «Сабақҳои раванди сулҳ дар Тоҷикистон» (21-22 июни 2001) бахшида шуда буд, эътироф кард, ки «СММ якуним солро барои ба музокира ва сулҳ розӣ кунонидани тарафҳои даргири тоҷик сарф намуд».
Зимнан ёдовар мешавем, ки СММ дар кишварҳои дигар низ вақти зиёдро барои ба ифоқа овардани тарафҳои даргир сарф кардааст, вале камтар муваффақ ба он шудааст, ки низоъҳоро дар он ҷойҳо бартараф намояд. Тоҷикистон яке аз он 5-6 кишварест, ки амалиёти сулҳсзоии СММ дар тӯли фаъолияти беш аз 50-солааш ба самар расидааст. Аз ин рӯ тамоман табиист, ки Сарпарасти Бюрои СММ оид ба мусоидат ба сулҳсозӣ дар Тоҷикистон Иво Петров бо қаноатмандӣ изҳор дошта буд, ки «Тоҷикистон бо раванди сулҳи худ ба СММ дар Соли фарҳанги дунё туҳфае бахшид».
Сабаби аслии барори фаъолияти СММ дар Тоҷикистон, ба назари ман, дар он аст, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии СММ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Русия ва Эрон созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳонана танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои геополитикии Русия, Эрон ва кишварҳои минтақа низ рост намеомад. Дар ин бора Е. М. Примаков, ки барҳақ яке аз поягузорони асосии Музокироти сулҳи тоҷикон ба шумор меравад, дар китобаш «Солҳое, ки дар майдони сиёсати бузург будам» дар фасли ҷудогонае зери унвони «Роҳҳои ҳалли оштии тоҷикон (Аз Аҳмадшоҳ то ба Нурӣ)» ба таври фошофош бо овардани далелҳои мӯътамади мантиқӣ таъкид намудааст, ки «идомаи минбаъдаи вазъи номӯътадил дар Тоҷикистон ҳам барои Русия ва ҳам барои Эрон манфиат надошт ва ба ҷуз аз музокирот чораи дигаре набуд» .
Бино ба гуфтаҳои ӯ Русия манфиатдор ба он буд, ки:
А) Амниятро дар сарҳадоти ҷанубӣ, ки ҳам барои Тоҷикистон, ҳам барои худи Русия ва ҳам барои ИДМ муштарак меҳисобид, таъмин намояд;
Б) Нуфузашро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз даст надиҳад;
В) Пеши роҳи густариши афкори ҷудоиталабиро (сепаратизмро) бигирад.
Эрон манфиатдор ба он буд, ки:
А) Нуфузи худро дар минтақа ҳифз намояд. Эрон аз суст шудани мавқеаш дар Афғонистон баъд аз шикасти тарафдоронаш – ҷомеаи шиъамазҳабон нигаронӣ дошт;
Б) Бо истифода аз фурсати муносиб робитаашро бо Русия таҳким бахшад ва бо ҳамин аз таҳримоти сиёсӣ дар миқёси байналмилалӣ берун барояд;
В) Мақоми Афғонистонро ба ҳайси як давлати мустақил ва якпорча нигаҳ дорад. Тарафи Эрон бар он ақида буд, ки қаробати Оппозитсияи тоҷик бо Иттиҳоди шимоли Афғонистон, бо роҳбарони тоҷиктабори он Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд боиси ба бахшҳои ҷудогона қисмат шудани Афғонистон мегардад.
Дар омади гап бояд илова намуд, ки ҷонишини аввали вақти вазири корҳои хориҷии Русия А.Л.Адамишин қазияи ба ҳам як шудани Шимоли Афғонистон ва Тоҷикистонро дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Независимая газета» (20 июли 1993) масъалаи кайҳо ҳалшуда ва як кори техникӣ номида, ба вуқӯъ пайвастани онро ба сифати фалокати сиёсӣ ва як манбаи вазъи муташанниҷ дар сартосари дунё муаррифӣ мекунад. Бо нияти доман задан ба оташи ин иғво хабарнигори рӯзномаи низомиёни рус «Красая звезда» 4 ноябри 1994 аз забони генерали ӯзбектабор Дӯстум навишта буд, ки дар «Афғонистон нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд Тоҷикистонро ба он ҳамроҳ намоянд, барои ҳамин ҳам ба оппозитсияи тоҷик ёрӣ мерасонанд».
Мақомоти расмии Русия ва Эрон агарчи ба таври расмӣ изҳор надоштаанд, аммо комилан равшан буд, ки намехостанд дар Тоҷикистон ва дар минтақа бо истифода аз вазъияти баамаломада Амрико ва иттифоқчиёнаш - Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркия нуфуз пайдо намоянд. Ва гумони ғолиб меравад, ки дар кори ба ҳам наздик шудани мавқеъҳои онҳо ин чиз на танҳо бетаъсир набуд, балки муассир буд.
Илова бар омилҳое, ки дар боло зикр гардид, баъзе аз сиёсатшиносон аз як омили дигари хориҷӣ низ ёдовар шудаанд. Чунончи, Елена Ригаччи Хей, ки ёвари ҳайати миёнҷии СММ дар Музокироти байни тоҷикон буд, ҷойе, ки аз сабабҳои Музокирот сухан меронад, гуфтааст, ки «сабаби дигаре, ки тарафҳоро маҷбур намуд сари мизи гуфтугӯ нишинанд, дигаргуниҳо дар Шимоли Афғонистон буд». Ин қазия тасҳеҳталаб аст.
Зеро то замони тағйири вазъ дар шимоли Афғонистон баъд аз ҳамлаи Толибон алаккай се даври Музокироти сулҳи тоҷикон дар Маскав (апрели 1994), Теҳрон (июни 1994) ва Исломобод (октябр-ноябри 1994) гузашта, вохӯрии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари оппозитсияи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ моҳи майи 1995 дар пойтахти Давлати исломии Афғонистон дар шаҳри Кобул баргузор гардида буд. Аз ин сабаб далели мазкурро наметавон қобили қабул донист. Вале фикри муаллиф дар бораи он ки дигаргуниҳо дар шимоли Афғонистон – задухӯрдҳои Толибон бо Иттиҳоди шимол дар наздикиҳои сарҳадоти мо, наздик гардидани алоқаҳои роҳбарони Давлати исломии Афғонистон – Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба хотири дарёфтани аслиҳа, муҳимот, сӯзишворӣ, хӯрокворӣ ва алоқаи нақлиётӣ бо ҷаҳони беруна ва ғайра ангезае барои дарёфти сулҳи тоҷикон гардид, беасос нест.
Вақте ки сухан аз нуфузи омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар сулҳи тоҷикон меравад, саволе пайдо мешавад, ки кадоме аз онҳо муассиртар ва асосӣ буданд. Ман тарафдори онам, ки чунин масъалагузорӣ накунем. Чунки дар раванди сулҳи тоҷикон ин омилҳо на дар алоҳидагӣ ва ба сари худ мустақил, балки дар якҷоягӣ ва дар маҷмӯъ ҷой доштанд. Аз ин рӯ наметавон якеро бар дигаре тарҷеҳ дод ва якеро асосӣ ва дигареро ҷузъӣ ё дувумдараҷа донист. Аммо, тавре ки профессор Иброҳим Усмон, яке аз иштирокдорони бевоситаи раванди сулҳ дуруст мегӯяд, «ҷойи баҳс нест, ки агар худи тоҷикон намехостанд,… дар Тоҷикистон сулҳ ҳанӯз барқарор намешуд». Гузашта аз ин барои муқовимати мусаллаҳона бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳам баҳона ва ҳам воситаву васила пайдо мешуд.
Хушбахтона, тарафҳои даргири тоҷикон ба шарофати ақлу фаросати меросиашон саривақт дарёфтанд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилашон нест, балки наҷоти миллат, кишвар ва давлаташон дар сулҳу оштӣ ва дар ҳамдигарфаҳмию якпорчагист. Ҳам тарафи Ҳукумат ва ҳам Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ба хулосае омада буданд, ки «тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд».
Ҳоло пас аз гузаштани даҳ сол аз рӯзи ба имзо расидани санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» бароям як нуктаи умда беш аз ҳар вақти дигар равшантар мегардад, ки агар Президент Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раванди сулҳро сарварӣ намекарданд ва аз давре ба давре ва аз марҳилае ба марҳила аз худ ҷасорат ва масъулият нишон намедоданд, гумон буд, ки раванди Музокироти байни тоҷикон дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар мерасид ва сулҳу оштӣ дар кишвари мо барқарор мегардид. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки Музокирот ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ба бунбасте медаромад (ва ҳайатҳои музокиракунанда ва аъзои КОМ гумон мекарданд, ки муқовимату мухолифат аз сар гирифта мешавад). Вале, хушбахтона, ки ин ду роҳбар саривақт ҳозиру нозир мешуданд ва душвортарин мушкилотро бо як нишаст ҳаллу фасл намуда, тамоми масъулиятро ба дӯши худ мегирифтанд. Ҳалли саҳмияи 30%, имзои Протоколи сиёсӣ, иҷозаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии бар асоси динӣ ва ғайра масъулияти сангине буданд, ки гумон аст, ки ба ҷуз шахсияти миллии фавқулодае монанди Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре онро ба зима мегирифт. То он ки ҷиддӣ будани ин қазия бароятон то андозае равшан шавад, лаҳзае тасаввур намоед, ки агар сулҳи тоҷикон барор намегирифт, чӣ туҳмату маломатҳое ба сари ӯ намерехт ва чӣ гунаҳҳои сағираю кабирае ба ӯ нисбат дода намешуд. Имрӯз, ки раванди сулҳ барор гирифтааст, касони зиёде мехоҳанд, ки худро ба он шарик гардонанд. Вале он вақт на ҳама аз Президент ва тасмими гирифтааш ҷонибдорӣ мекарданд.
Таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар расидани он сабақ медиҳад, ки ин ва ё он низоъ вақте роҳи ҳалли худро меёбад, ки агар омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳам мувофиқ оянд ва дар якҷоягӣ ва ба хотири баровардани як ҳадафи муштарак равона шаванд. Вагарна ҳалли низоъ мисли аксари низоъҳои мавҷуда, аз қабили низоъҳои Фаластину Исроил, Кашмир, Қаробоғ, Ирландияи Шимолӣ, Алҷазоир, Чечен, Курдҳо ва ғайра солиёни дароз тӯл хоҳад кашид.

Ваҳдат, давлат, президент (назария ва амалияи
Ваҳдати миллӣ). - Душанбе. - 2007. - С. 73-81.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин