Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:37 – Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД 
  • 09:07 – РУБОИЁТ 
  • 10:17 – ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ 
  • 09:23 – НАВБАҲОРИ ВАҲДАТ 

ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ

ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ

Дирӯз ҷаноби Навид аз ман хоҳиш намуданд, ки дар ҷамъомади имрӯза сухан ронам. Ба ду сабаб ман наметавонистам, ки хоҳиши он касро рад намоям. Аввало, барои он ки дар остонаи ҷашни мубораки Рӯзи ваҳдат қарор дорем. Сониян, барои он ки бародари муҳтарам Навид аз ҷумлаи нафароне мебошанд, ки ба Тоҷикистон сулҳу сафо оварданд ва ин сулҳу сафоро бо сурудаҳои хубашон, шеъри нағзашон хотирмон сохтанд ва аз ин рӯ эҳтиромашон пеши ман зиёд мебошад.
Дар хоҳиши дирӯзаи ҷаноби Навид чизи бароям ғайричашмдошт ин буд, ки он кас мавзӯи суханронии маро пешакӣ муайян намудаанд: «Душвориҳои сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон».
Гумони яқин дорам, ки эшон ин мавзӯъро барои ҷамъомади имрӯза тасодуфан интихоб накардаанд.
Бисёр афсӯс, ки бо гузаштани ҳамагӣ 7-8 сол ҷомеаи имрӯзаи тоҷик оҳиста-оҳиста моҳияти сулҳу оштиро фаромӯш мекунад ва нисбат ба он бепарво мешавад. Ва ин фаромӯшхотирӣ, бепарвоӣ ва беэътиноӣ ба сулҳу оштӣ, ба онҳое, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ оварданд, ба арзишҳое, ки дар раванди сулҳ ва оштии миллӣ, аз қабили эътимоду эҳтиром ба ҳамдигар, таҳаммул ба андешаву мавқеъҳои ҳамдигар ва ғайра овардааст.
Аз ин рӯ ёд овардан аз он душвориҳо, мушкилиҳо, пастиву баландиҳое, ки дар роҳи дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт ва аз он ки ба чӣ тарзу тариқ он душвориҳо паси сар шуданд, бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад, то ки ҷомеаи тоҷик он сабақҳоро фаромӯш накунад ва муҳимтар аз ҳама ба қадри сулҳу оштӣ бирасад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо дар арафаи Рӯзи ваҳдат табрик мегӯям ва орзӯи онро дорам, ки сулҳу оштӣ дар дилҳои шумо, дар сарҳои шумо, дар хонадони шумо, дар кӯчаи шумо, дар маҳаллаи шумо, дар сартосари Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ бошад.
Аммо баъд, тавре ки бародарони воизи мо мегӯянд, душвориҳои аёну ноаён дар роҳи дарёфти сулҳу оштӣ миёни тарафҳои даргири тоҷик хеле ва хеле зиёд буданд. Дар бораи бисёре аз он душвориҳо, имони комил дорам, ки шумо медонед, аз қабили мушкилиҳои даврони муқовимати сиёсию низомӣ, гурезагию оворагии мардум, бенонию ломаконӣ, ғарибӣ, қатлу куштори ҳамдигар ва ғ. ва ҳ.к.
Ман огоҳона аз душвориҳои аёни роҳи сулҳу оштӣ сарфи назар менамоям. Ба иллати он ки дар ин бора бештар гуфтаанду навиштаанд. Мехоҳам диққати аҳли нишастро ба душвориҳои ноаёни ин раванд ҷалб намоям. Душвориҳое, ки дар назари аввал ва зоҳирӣ маъмулан ночиз ва камаҳаммият ба назар мерасанд. Аммо дар асл, ба ақидаи камина, бағоят муҳим ва асосӣ буданд. Ва маҳз пас аз рафъи ҳамингуна мушкилиҳои «назарногир» роҳ ба сӯёи сулҳ ва оштии тоҷикон ҳамвортар ва наздиктар гардид.
Он мушкилиҳои ноаён аз он қабил мушкилиҳое мебошанд, ки замоне зангиён, сиёҳпӯстон дар миёни сафедпӯстон доштанд. Ва шоире ба хотири таъкид ва барҷаста сохтани ҳолати вазнини онҳо гуфта будааст, ки вазнинтарин ва сангинтарин боре, ки мекашанд, бори сиёҳи пӯсташон мебошад, чароки тамоми бадбахтиҳои онҳо аз касофати ҳамин пӯсти сиёҳашон буд. Бо истифода аз ин таъбири шоирона мегӯем, ки «пӯсти сиёҳи» тарафҳои даргири тоҷикон, душвории душвори роҳи сулҳ ва оштии тоҷикон мушкили ба рӯйи ҳамдигар, ба чашми ҳамдигар нигоҳ кардан, даст додан буд.
Ман ин чизро дар нахустин боре, ки ҳайатҳои тоҷикӣ дар Музокироти сулҳи тоҷикон 5 апрели соли 1994 дар яке аз қасрҳои Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия рӯбарӯ омаданд, мушоҳида карда будам. Аъзои ҳайатҳо кӯшиш менамуданд, ки ба тарафи ҳамдигар, ба рӯйи ҳамдигар, ба чашми ҳамдигар нанигаранд. Онҳо вонамуд мекарданд, ки якдигарро надидаанд, бинобар ин бесалому алейк аз бари ҳамдигар мегузаштанд. Ҳузури ҳамдигарро дар як макону замон инкор мекарданд, нодида мегирифтанд.
Дар байни ҳайатҳои ҳар ду тараф, албатта, касоне буданд, ки барқасд ва бонафрат ҷониби тарафи муқобил назар меандохтанд ва гапҳои ҳақоратомезу нафратангезе низ зери лаб ва паст-паст мегуфтанд ва бо ҳамин оташи хашму ғазабашонро паст карданӣ мешуданд.
Гузашта аз ин, тавре ки баъдтар маълум шуд аз навиштаҳои яке аз аъзои ҳайати ҳукуматӣ, дастуре ҳам ба онҳо шуда будааст, ки ба ҳайати «ҷониби муҳтарам» салому алейк накунанд.
Ин ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии тарафҳои сулҳи тоҷикон дар он вақт табиӣ буд, зеро тарафҳо то оғози Музокироти сулҳ дар моҳи апрели соли 1994 дар ҳаққи ҳамдигар он қадар носазо, ҳақорату дашномҳо, росту дурӯғе гуфтанд, он қадар бадиву зишткориҳое карданд, ки дар дилҳову дар сарҳои хеш нисбат ба якдигар ғайр аз нафрату хусумат ва душманӣ чизи дигаре надоштанд.
Вақте ки раҳматӣ Отахон Латифӣ дар рӯзи нахустини оғози Музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз шурӯъи маҷлиси Музокирот дар қасри Спридоновкаи Маскав ба сӯйи ҳамкасби хеш профессор Иброҳим Усмон бо нидои «ҳой, Иброҳим, мову ту ҳамкасбем, якдигарро хуб мешиносем, чаро салом накарда мегузарӣ» хитоб намуд; вақте ки Президенти ҶТ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул моҳи майи соли 1995 даст ба дасти ҳамдигар доданд, вақте ки дар рӯзи дувум ва ё севуми даври аввали Музокироти сулҳ бо ташаббуси дипломатии уругваӣ ҷаноби Рамиро Перрис Баллон ҳайатҳо сари дастурхон паҳлӯи ҳамдигар нишастанд, яхҳои сарди беэътимодӣ, нобоварӣ, хусумату адоват, душманӣ дарз оварданд ва ба шикастан сар карданд.
Ин кор осон набуд, сахт мушкил буд. Ба ёдам ҳодисаи дигаре мерасад, ки он ҳам ҳамин нуктаро таъкид менамояд.
Соли 1996 буд. Мо – аъзои Комиссияи муштараки оташбас дар шаҳраки Ғарм будем. Вазъ, ба истилоҳ, дар он ҷо муташанниҷ буд. Нерӯҳои оппозитсион ба маркази шаҳраки Ғарм даромада буданд, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти ноҳияро гирифта буданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ, гурди президентӣ аз сӯйи Душанбе ба сӯйи Ғарм ҳаракат дошт ва ба наздикиҳои маркази ноҳияи Дарбанд расида буд. Ман ва намояндаи идораи амнияти Ҳукумат раҳматӣ Юрий Иванович Федюшкин субҳи барвақт барои пешгирии ҳаракати нерӯҳои ҳукуматӣ ба Нуробод рафтем ва аз онҳо хоҳиш кардем, ки дигар ба сӯйи Ғарм ҳаракат накунанд. Дар бозгашт мошини моро дар пости Лаби Ҷар боздоштанд ва сарироҳамонро гирифтанд. Юрий Иванович пиёда шуд ва хост бифаҳмад, ки чӣ шуда, чӣ рух додааст. Маълум шуд, ки ҳамон саҳар дар Тоҷикобод падари қумондони пости Лаби Ҷар кушта шудааст ва хабари марги вай дар ҳамон лаҳзаҳо расидааст. Раҳматӣ 63 сол доштааст ва лақабаш «Дед беспредел» будааст. Писараш дар ҳамин вазъият ва ҳолат баробари донистани он ки дар дохили мошини Созмони Милали Муттаҳид намояндаи оппозитсия нишастааст, ба сӯйи мошин ҳамла овард ва хост, ки дарро боз кунад ва маро аз он ҷо берун оварад. Юрий Иванович бо истифода аз нуфузи хеш, ниҳоде, ки аз он намояндагӣ мекард ва ҳам нерӯи ҷисмониаш бо ду дастони пурқувваташ қумондони падармурдаро аз назди мошин дур кард ва намояндаи оппозитсияро аз марги роста наҷот дод.
Аз байн ҳамагӣ чанд рӯз гузашт, буқаламуниҳои он замони нооромро бинед, ки ману он қумондони падармурда дар сари хони раҳматӣ Сироҷиддин – Сергей сари як дастархон паҳлӯи ҳам нишастем ва ӯ чой мекашиду бо ду дасти адаб ба ман дароз мекард, бо ҳамон дастоне, ки чанд рӯз пештар барои куштани ман омода буданд.
Бо ин таъкид карданиям, ки дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон бузургтарин ва сангинтарин мушкил мушкили инсонӣ, мушкили равонӣ буд. Ва вақте ки ин мушкил аз миён бардошта шуд, ҳалли душвориҳои дигар осон гардид.
23 июни 2009.

Абдунабӣ Сатторзода, Арзишҳои Ваҳдати миллӣ, 2016с.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин