Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

БАРГУ СОЗИ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ…

БАРГУ СОЗИ КОИНОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ…
Давраи шукўҳманди Сомониён, ки намоди барҷастаи давлатдории таърихӣ маҳсуб меёбад, таҷассуми равшани маҳсули ваҳдат гардидани оини давлатсозии устувор ва таҳаққуқи ормонҳои тоҷикон бар мабнои иттиҳоду ягонагии миллии тоҷикон гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин таҷрибаи таърихии нахустдавлати миллии моро ваҷҳи ибратомўз барои имрўз маънидод карда навиштаанд,ки гуногунандешӣ ҳусни давлатдории Сомониён ба шумор мерафт. Дар қаламрави ин давлат намояндагони халқҳо ва динҳои гуногун аҳлона умр ба сар бурда, ба кору сохтори давлатдорӣ халал намерасониданд. Ин падида низ дар таърих чун ҷиҳати ибратомўзи давлатдории Сомониён эътироф шудааст". Дар марҳилаи ҷадиди таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва таноқузи воқеъёфта маҳз бо таваҷҷўҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 27 июни соли 1997 ба таври куллии тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ зиёну талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, фишангҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатии он хароб гардида буданд, дар ибтидои давраи нави ташаккули таърихии давлатдории хеш ба вазъи буҳрони шадиди сиёсӣ мувоҷеҳ гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андўхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, омада, ҷомеаи моро ба сўи созандагиву бунёкорӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи шонзаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд,дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард.
Эътиқоду эътимод ба ибтикороти таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ба қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор такя мекунад, ба Пешвои миллати мо нерўи бузурге ато намуд, то дар минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини поки ниёгон - кишвари азизи Тоҷикистон диҳад ва бо ҳиммати баланду олии инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез бо меҳру ихлос ва самимияти бузург ба мардуми хеш сидқан садо баланд кунад:
- Ман ба Шумо сулҳ хоҳам овард!
Ҳамин ҷумлаи соддаву самимӣ, ки дар таркиби он як ҷаҳон садоқату ихлос ба халқу Ватан нуҳуфта буд, сарнавишти миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нави таърихи давлатдории онҳо муқаррар намуд. Шукрона, ба истилоҳи устод Лоиқ ҷанги девонавор ва хуниншиор бигзашт ва сулҳи деринтизор омад.
Ҳосили талошҳои роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибааи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Ҳосили ин эътирофи мақоми сиёсӣ ба он анҷомид, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ба унвони сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромиш ҷойгоҳе муайян дарёфт. Бузуртарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, аз ҷумла собиқ муншии Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва дигарон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рўйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои соири кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд ва дар симои сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд. Ин рўйдоди нодири таърихӣ воқеан ҳуҷҷати ифтихор барои тамоми тоҷикон, тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони олам маҳсуб меёбад.
Мардуми тоҷик имрўз саодатёр аз он ҳастанд, ки бо шарофати таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имрўз Тоҷикистони азиз, рў ба марҳилаи нави тараққиёти хеш гузошта, маҳз тавассути аз сар гирифтани иқдомоти созандаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ободу зебо мегардад. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар баён дошта буданд, ки "Рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мебошад".
Ҳамин андеша ва ормони миллӣ, ки ҳамеша дар гуфтору пайкорҳои созандаи Пешвои миллат таблиғ мешавад, аз доираи аҳамияти барҷаста аз доираи манфиатҳои миллӣ болотар рафта, батадриҷ барои минтақа ва умуман саросари олам аҳамияти барҷастае касб мекунад. Имрўз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ мақом ва нақши муассири роҳбари давлати Тоҷикистонро ба унвони меъмори сулҳ ва таъмини он дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла сулҳи Афғонистон хеле муҳим ва бузург арзёбӣ мекунанд, ки бешак ин манзалати таърихӣ аллакай аз ҷониби шахсиятҳои барҷастаи худи ин кишвар ба мо дўст ва бародари ҳамсояи низ садо додааст. Дар баробари ин, далели ифтихормандии ҳар яки мо мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки маҷмўи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони пешниҳодоти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он истиқбол ва ҳамовозӣ ёфта, имрўз кишвари мо ба махзани баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии умумиҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Далели боризи ин мақому ҷойгоҳи Тоҷикистон ва роҳбари сулҳофари он дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар дар истиқболи пешниҳоди навбатии роҳбари давлат дар маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони даҳсолаи навбатии амал: "Об барои рушди устувор" маҳсуб мегардад, ки паёми ҳамовозии он аз сўи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рўзи мубораки ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони роҳбари давлати мо расид, ки аз сўи эшон чун рўйдоди нодир ва муждаи саодату иродат ба тамоми мардуми Тоҷикистон қироат гардид. Ин иқдом ва ташаббусҳои роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллии мо акнун баҳри таҳкими пояҳои дўстии тоҷикон бо тамоми мардуми олам ва таъмини ваҳдати халқҳо замина мегузорад, зеро ҳалли мусолиҳатомези муаммои оби нўшокӣ имрўз дар ҳақиқат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва ҳамарўза дар сайёраи мо аз нарасидани оби тозаи нўшидани чӣ миқдор инсонҳо на танҳо азият мекашанд, балки ҷон медиҳанд.
Ёдоварӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии тоҷикон ва нақши эшон дар густураи тамаддуни ҷаҳонӣ бесабаб нест ва ба мавзeи ваҳдат ва эҳёи тоҷикон пайванди қавӣ мегирад. Зеро чун имрўз мо шароити таърихии таҳқиқи аҳамияти сулҳи тоҷикон ва мақоми ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз пеш омадааст, бояд онро ҳамчун натиҷаи тафаккури барозандаву созандаи тоҷикон маънидод кунем, ки дар дарозои куллии таърихӣ мардуми шарафманди тоҷик ба он соҳиб буд. Бо таъкид ба ҳамин амри муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш "Тоҷикон дар оинаи таърих" навиштааст: "Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани фирориён ва дар мамлакат фароҳам омадани фазои сулҳу оштӣ чун сиёсати беқаринаи давлатдорӣ аз ҷониби Созмони миллали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омeзиш ва табодули назар қарор гирифтаанд".
Андўхти таҷриба, такя бар қудрату тавонмандии азалии мардуми тоҷик, эътимоду бовар ба фардои рўшан ва садоқат ба қавлу амали хеш ба таври воқеӣ аз авомилҳои муҳиме гардиданд, ки роҳи равшану пайдоро дар наҷоти миллӣ барои Пешвои миллат нишон диҳанд, то ин сулҳи деринтизор дар саросари кишвар тантана намуда, ваҳдати миллӣ дар сурат ва сирати нав шукўҳу нусрат касб намуда, мардуми моро шодмону масрур ва умедвор бар ояндае чароғон дар сурати имрўзи пурравнақи зиндагони мо гардонад. Таҷассуми ваҳдат ва тантанаи сулҳ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ҷилои нусрати бузург ва бемисли хеш тамоми мардуми моро итминон бахшид, ки дар воқеъ дар баробари он ки Пешвои миллат ба қавли худ аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон сидқ ва ба мардуми хеш ихлос варзиданд, балки ба ҳақиқат намунаи нави фарҳанги сулҳофаринӣ ва ваҳдатмаромиро на танҳо барои халқи худ, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадя оваранд. Маҳз, ҳамин шинохти қалбӣ ва маърифати ақлии мардуми соҳибзаковат ва хирадварзи тоҷик чароғи ҳидоят барои ҳар яки онҳо барафрўхт, то бо камоли сидқ ва ихлос бо самимият ва иродати бепоён ба ҳидоятгар ва раҳнамову рўшангари фардоҳои хеш бе ташвиқу тарғиби касоне дигар бо як овоз ва камоли ҳамдилӣ баробар ва барои ҳамдигар нидои қалбии хешро изҳор доранд:
- Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати мост!
Ҳамакнун мо мардуми шарафманди тоҷик дар баробари он ки қалбан ва сидқан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати худро бишнохта аз ҳузури мубораки ин чеҳраи барҷастаи таърих дар садри миллати хеш парчами тафохури ҳамешагӣ бармеафрозеи, шукрона аз он низ дорем, ки дар заминаи таҳкими пояҳои давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тантанаи парчами ваҳдати тоҷикон беҳтарин ва бузургтарин дастовардҳои навин чун ҳосили шукўҳи ваҳдат насибамон гардид.
Мардуми тоҷик дар баробари ҳамаи иқдомоти таҳкимбахши ваҳдати миллӣ тафохур аз он доранд, ки ҷашни ваҳдати миллӣ чун намод ва рамзи ҳақиқии ҳамдилии мардуми тоҷик ҳамасола дар яке аз шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардида, мардуми манотиқи кишварро канори ҳамдигар фаро мехонад, то боз ҳам қаринтару қарибтар гардида, ин дастовард ва ҳадяи беназири таърихиро ҳифз ва таҳким бахшанд. Басо рамзист, ки дар соли таҷлили 20 солагии ҳузури мубораки ин рўз дар тақвими миллати мо он дар шаҳри Ваҳдат доир мешавад, то ин иқболи хуҷаста роҳе бекаронаро то дурдастҳои пур аз комгориву нишон ва саодати халқ тай намояд. Ҷои шукгузорист, ки ҳар сол дар остонаи таҷлили Рўзи ваҳдати миллӣ бевосита худи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷашнвораи бузург ва рўзи саодати халқ ба ин минтақаҳо ташриф оварда, зимни мулоқоту сўҳбатҳои самимонаи хеш мардуми сарбаланди тоҷикро барои анҷоми иқдомҳои тозаву нав ва пеш аз ҳама кўшишу талош дар ҳифз ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани ин бузургтарин арзиш ва дастоварди даврони соҳибстиқлолии кишвар- сулҳ ва Ваҳдати миллӣ бо самимият ва садоқати олӣ ҳидоят менамояд.
Мардуми сарбаланди тоҷик имрўз ва ҳамарўз бо камоли сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳар ҳарфу ҳидоят ва ҳадафҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро истиқбол намуда, ҷавобан ба ин ғамхорӣ барои ба вуҷуд овардани бузургтарин ибтикороти созандагӣ ва мусоидат дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ ва дастовардҳои ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии тамоми сокинони кишвар ҳар чӣ бештар иқдом хоҳанд варзид. Аз баракоти ин ҳидояту раҳнамоиҳо ва ибтикор дар ҳифзи ин падидаи нодири таърихӣ - ваҳдати миллӣ ҳамеша он гулҳои пуртаровату рангоранг ва сабзу хуррами умед рўи роҳи мо қарор мегиранд, ки баробари атои эътимод ва бовар бар фардоҳои рушану сарсабз ва пур аз ибтикор моро ба пиёда намудани ормонҳои нав ба нав, аз сар гирифтани иқдомҳои наҷиб, эҷоди корномаҳои нодир ва муҳимтар аз ҳама хидматгузорӣ барои ин халқу ин Ватани азиз ҳидоят мекунанд, зеро ин пайғомҳои муҳаббатофарин ва садоқатёр аз фаязони камоли ихлос ва иродати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан ва миллати хеш ба мо насиб гардидааст. Мебояд бар чунин баракот, фаязон, садоқат ба қавлу амал, пиндорҳову гуфтор ва рафторҳои рўшану фардоафрўз шукрона намуд ва дар амри чароғонии ҳамешагии ин корномаву ибтикорҳо ҳидоятгар ба самти дурдастҳои пур аз самараи некномиву хуррамӣ ва саодатофарӣ аз худ хештанафрўзӣ ва ҳамрайъиву ҳамроҳӣ зоҳир кард...

Нуралӣ НУРЗОД
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин