Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

ИД БОЛОИ ИД

Инак, маротибаи 21-ум бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ мо, зода ва бошандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол рўзи саиди миллат-Ваҳдати миллиамонро мутантан таҷлил кардем.


Камина дар тамоми ин ҷашнҳо, ки дар вилояти Суғд баргузор шуд, иштирок доштам. Ба назари ман ҷашни имсола дар шаҳри куҳанбунёди Конибодом, ки дар таърих бо номи Канди куҳан низ ёд мешавад, назар ба идҳои пештара басо пурнур ва пурфайзу футўҳ гузашт. Сабаби аввали он агар ҳузури мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, сабаби дуюм иштироки намояндагони вилоятҳои Фарғонаи Ўзбекистон ва Боткени Қирғизистон буд. Яъне, ки дидор бо бародарони ўзбекамон ид болои ид шуд.
Суханронии пурмўҳтавои Пешвои миллат дар хусуси бо мушкилоту азобҳо расидан ба Ваҳдати миллӣ шахсан ба хотири ман он рўзҳои вазнини ба сари халқи тоҷик таҳмилшуда дар охири садаи бистумро овард. Пеши дидагонам саҳнаҳои сахту сангини зиндагии мардуми ҷануб, алалхусус водии Вахшро овард, ки ба касофати ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ водии як замон зархези Вахш ба водии харобу абгор табдил ёфта буд. Гиряву фиғони дур аз Ватан афтодаҳо, хусусан он сўи сарҳад фироркардагон, ки тавассути барномаи радиои кишвар бо номи "Хоки ватан" садо медод, дилҳоро ба фишор меоварду дидагонро хунчакон месохт.
Шукрона, сад шукрона, ки ба қавли устод Лоиқ Шералӣ: «Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашту сулҳи деринтизори мо омад». 27 июни соли 1997 ба имзо расидани ҳуҷҷати муҳиму сарнававиштсози миллат-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик нуру умеду орзуҳоро аз нав шўълавар гардонд. Дар ин дастовард, пеш аз ҳама, хизматҳои шоиставу арзанда ва саҳми сазовори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад.
Тамошои барномаи рангини фарҳангии устодони санъат, суруду таронаҳои ҳофизони номии Ватани маҳбубамон табъҳоро басо болида дошт. Хосса, шодиву нишоти меҳмонони ўзбекистонӣ, рақсу арғуштравиҳои дилошўби эшон далели он буд, ки Пешвои муаззами миллати мо ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар самти таҳкими дўстиву рафоқати ду халқи бародар ва ҳамдину ҳамоини тоҷику ўзбек роҳи дурусту оқилонаро пеш гирифтаанд. Бо як сухан, ширкати бародарони ўзбек дар чорабинӣ исботи он ҳикмати мардумӣ буд, ки мефармояд: "Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност".
Ману ҳамсолонам ва вакилони Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ (даъвати V) Қурбон Тўраев, Ғаффорхон Муҳиддинов, Рафиқа Мўсоеваю Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмоноваю дигарон аз ин чорабинӣ басо бо табъи болида рафтем. Кафкўбиҳои беохири иштирокчиёни чорабинӣ, нидоҳои шодмонӣ ба ҳар сухан ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллатро дида, ман ба чунин хулоса омадам, ки халқи тоҷик ва дигар халқияту миллатҳои маскуни кишвар имрўз воқеан ҳам шукргузор ва пуштибон аз сиёсати пешгирифтаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Бигзор, сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуби мо ҷовидона монад.

Темур ДАДОБОЕВ,
собиқадори хизмати
давлатӣ, вакили Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин