Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Эмомалӣ Раҳмон: «Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем».

«Сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милал ба ҳисоб меравад», — зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали муттаҳид 19 сентябри соли 2017.
«Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем», — гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суханронӣ ва аз душвориҳои сахьту сангине ёдовар шудан, ки мардуми мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз сар гузарониданд. Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо қурбон шуданд.
«Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем. Дар ин замина мо ҳамкориҳои гуногунҷанбаву судмандро бо кишварҳои мухталифи олам густариш дода, ҷиҳати таъмини ҳамгироии минтақавӣ чораҳои зарурӣ андешидем», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Дарвоқеъ, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки мафҳуми муқаддасро ифода мекунанд. Сулҳ-ин оштиву фарзонагӣ, ҳамдилию ҳамбастагии макрдум аст.
Бояд гуфт, ки дар кишварҳое, ки пояҳои сулҳу субот мустаҳкаманд, мардум ҳаёти осуда доранд ва пайи кору бори рӯзгор, омузишу парвариш ва рӯ ба рушду тараққиянд. Вале дар кишварҳое, ки сулҳ халалдор шудааст, рӯзу хушу хуррам мисли як афсона аст. Мардуми ин кишварҳо дар фазои ноамнӣ ва тарсу ҳарос умр ба сар мебаранд. Воқеаҳои солҳои охир-ҷангу кушторҳо, терроризм, бархӯрдҳои ҳарбӣ, мухолифатҳои шадид, ки одамонро ба даҳшат оварда, аз зиндагии хуш маҳрум кардаанд, муҳим будани сулҳро бори дигар собит месозанд. Инро ба назар гирифта, соли 1982 Маҷмаи Умумии СММ бо қарори худ 21 сентябрро Рӯзи байналмилалии сулҳ эълон карда, ин рӯзро ба арҷгузорӣ ва таҳкими сулҳ бахшид.
Мувофиқи ин қарор дар ин рӯз дар майдонҳои ҷанго ташбаси умумӣ эълон шуда, аз озору таҳқир даст кашида мешавад. Дар ин рӯз одамон бояд на танҳо дар бораи сулҳ фикр кунанд, балки барои барқарорӣ ва пойдории сулҳу субот дар кураи Замин кореро анҷом диҳанд.
Расидан ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, арҷ гузоштан ба сулҳи пойдор ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон низ шарафи бузург мебошад. Осоиштагиву сулҳу суботи кишварро метавон дар ҳар қадам ва ҳаёти ҳаррўзаи мардум ба хубӣ эҳсос намуд. Ҳангоми қадам задан дар хиёбонҳои гулзор, зери дарахтони сояафкан, баҳра бурдан аз насими атромезу фазои орому осуда, нурпошии хуршеди рахшандаи кишвар, ки ба дилҳо гармиву ба дидаҳо нуру зиё мебахшад, дидани хандаҳои беғаши кӯдакон ва хушҳолии пиру барно метавон эҳсос намуд, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор буда, мардум ба қадри ҳар зарра хок, ҳар қатра об ва ҳар лаҳзаи осудаву ороми Ватани азизи худ мерасанд ва шукронаи ин ҳама тинҷиву оромӣ ва пешрафти Тоҷикистон мекунанд. Ба қавли шоир:
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми соҳибдилам.
Бале, Тоҷикистон кишваре мебошад, ки низои дохилиро аз сар гузаронида, бо душвориҳои сахту сангин рў ба рў шудааст ва, хушбахтона, бо кӯшишу талош ва заҳматҳои зиёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар мамлакат дубора барқарор гардидааст. Ин барои мардуми мо дастоварди ниҳоят пурарзиш ва неъмати бебаҳо мебошад. Азму талоши мардум таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон дар роҳи ба даст овардани сулҳ дар кишвар, таҷрибаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи шоир ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, миллати тоҷик сулҳпарвар аст. «Халқи тоҷик саропо сиришта аз сулҳ аст. Ва хулосаи фарҳанги тоҷик низ сулҳ аст. Адабиёти мо ҳама тавсиф ва бузургдошти сулҳ мебошад. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ пурра аз нафрин ба ҷанг ва ситоиши сулҳ иборат аст», — мегӯяд Рустам Ваҳҳобзода.
Ӯ дар ин бора чунин навиштааст:
Саломи тоҷикӣ сулҳ аст,
Салом – рамзи саломат,
Салом – рамзи сулҳ,
Салом – маҳзари ваҳдат,
Салом – рамзи садоқат, муҳаббату ҳурмат,
Санои дӯстиву покиву ҷавонмардӣ,
Ҳамдиливу ҳамдардӣ,
Салом – маънии лабханди кӯдакон дар хоб,
Салом – нуктаи ҷамъияти дили аҳбоб.
Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов иброз дошт, ки сулҳ муқобили ҳама гуна бадиҳо ва ҷангу зӯроварист: «Сулҳ падидаест, ки ба муқобили ҳама гуна ҷангу зӯроварӣ, қатлу кушторе, ки дар миқёси байналхалқӣ сурат мегиранд, ҳамчун як арзиши радкунандаи падидаҳои манфӣ баромад мекунад. Барои ҳама давлату миллатҳо дар баробари дастовардҳои муайяни рушд дар самти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ё иҷтимоӣ дар мадди аввал масъалаи сулҳу оромӣ ва субот қарор мегирад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қавму миллатҳои он яке аз масъалаҳои ба ҳаёту ояндаи онҳо пайванд- масъалаи сулҳу ваҳдат мебошад». Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба ҷуз аз Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат арзиши болотаре мавҷуд нест.
«Ҷанги шаҳрвандӣ, ки хисороти зиёди иқтисодиро дар ҳаёти кишвар ба вуҷуд овард, хушбахтона, бо сулҳ ҷамъбаст гардид ва ин оромӣ сабаб шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли камтарин фурсат ба зинаҳои беназири рушд ноил гардад. Аз ин рӯ сулҳ на танҳо чун восита, балки ҳамчун фазои рушди ҳолату имкониятҳои давлатҳо баромад мекунад»,-гуфт Маъруф Абдуҷабборов.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба он водор месозад, ки бидонем ва огоҳ бошем, ки сулҳу субот на танҳо омили оромии як оила, як ҷомеа ва як давлат, балки меъёри субот дар минтақа ва ҷаҳон шуда метавонанд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин