Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

БИСТ СОЛУ БИСТУ ШАШ СОЛ МУҲЛАТҲОИ АНДАКЕ НЕСТАНД

Дар таърихи навини миллати мо ду воқеаи бузурге ҳастанд, ки барои мардумамон басо азизу муқаддас буда, дар ҳаёти ҳар яки мо нақши бориз гузоштаанд. Мо аз ин воқеаҳо ҳамасола хеле шукуҳмандона таҷлил мекунем. Рўйдоди аз ҳама муҳим дар ҳаёти кишвар албатта дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист, ки инак мардумамон дар арафаи таҷлил аз 26-умин солгарди он қарор доранд
Воқеаи дигар бошад, барқарории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аст, ки чанде пештар 20-умин соли ба ин рўзи муборак расиданро ҷомеаи кишвар бо руҳияи баланди ватандорию садоқат ба ормонҳои миллӣ таҷлил намуд.
Бист солу бисту шаш сол муҳлатҳои андаке нестанд. Дар ин даврааллакай як насли томе парвариш ёфт, ки имрўз ба синни камолот расидааст. Пас, бо гузашти давраи мазкур аз рўйдодҳои бузурги таърихӣ беҷо намешавад, агар мо нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеаамон мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор бидиҳем, роҳи ояндаамонро муайян созем.
Дар зимн, аҳли фазл ва хирад, донишмандони бузурги дунё аҳамияти омўзиши таърихро барои инсонҳо борҳо таъкид кардаанд. Онҳо иқдоми мазкурро аз он ҷиҳат муҳим донистаанд, ки башарият бо донистани гузаштаи хеш ҳаёташро беҳтару хубтар сохта метавонад. Таҷрибаи пешиниён дарси ибрат барои имрўзиён аст.
Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо ба ин маънӣ ишора карда, аҳамияти масъалаи мазкурро дар суханрониҳояшон гаштаю баргашта таъкид месозанд. Тавре барҳақ мегўянд, омўзиши таърихи навини мо, ҷанг ва сулҳи мо дар оғози марҳилаи соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, то мардум ба қадри истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, ба қадри ваҳдати миллӣ бирасанд, ватандўсту худшинос бошанд, суду зиёни миллат ва Ватанро ташхис дода тавонанд. Истиқлолу ваҳдати миллӣ дар таърихи халқҳо омилҳоеанд, ки ҳеҷ гоҳ ҷудо аз ҳам буда наметавонанд.
Нимаи дуюми соли 1991. Иттиҳоди Шўравӣ ба марҳилаи ниҳойии таърихи мавҷудияти қариб 70-солаи хеш қадам гузошт. Хатари аз байн рафтани мамлакат хусусиятҳои воқеӣ касб кард. Ҷумҳуриҳои соҳили Балтика истиқлолияти хешро эълон намуданд. Гирдиҳамойиҳои оммавии эътирозӣ дар Гурҷистон бо қувваи яроқ пахш гардиданд. Дар Тоҷикистон ҳам аз гирдиҳамойиҳои февралии соли 1990 вақти зиёде нагузашта буд. Саросари кишварро буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифт. Дар талоши қудрат Борис Елсин истиқлолияти Федератсияи Русияро аз иттиҳоди ҷумҳуриҳо эълон намуд. Зери фишор Михаил Горбачев ба манзури Президенти ИҶШС аз ваколатҳояш даст кашид. Акнун ҳар ҷумҳурӣ президенти худро дошт. Мақомоти иттифоқӣ дигар коромад набуданд. Дар ҳамин вазъ дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳам ба думболи ҷамоҳири соҳили Балтикаю Федератсияи Русия эъломияҳои истиқлолияти хешро қабул карданд. Тоҷикистон низ қатори онҳо 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шўрои Олӣ ҷиҳати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия қабул намуд.
Истиқлолият барои миллати мо бузургтарин ҳадяи тақдир гардид, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ насибамон шуд. Аммо он мисли барфе буд,ғайриинтизору ногаҳонӣ.
Чанде пештар аз ин, дар раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 90 дарсади пурсидашудагон дар ҷумҳурӣ барои пойдории ИҶШС овоз дода буданд. Албатта, руҳияи аслии мардум шояд ин тавр набуд, аммо роҳбарияти ҷумҳурӣ тамоми корро мекард, то дар Маскав касе ба садоқаташон шак наоварад. Дар иқдоми баъдӣ бошад, Тоҷикистон ҳамчун артиши воҳид боқӣ мондани қувваҳои мусаллаҳро дар қаламрави давлатҳои тозаистиқлоли ИДМ ҷонибдорӣ намуд. Ҳамаи инҳо аз он шаҳодат медоданд, ки ҷумҳурӣ то охирин нафас умедашро аз бақои империя наканда буд. Вай барои қабули Истиқлолият шитоб надошт. Ҷумҳуриҳои дигари иттифоқӣ баъди соҳибихтиёр шудан неруҳои низомии дар қаламравашон аз Иттиҳоди Шўравии собиқ ба мерос расидаро аз они худ карда тавонистанду Тоҷикистон бошад, аз ин ҳиссаи одилонаи хеш бенасиб монд. Он ба ихтиёри Федератсияи Русия гузашт. Ҷиҳати ба даст гирифтани ҳисса аз моликияти бесоҳибмонда дар ҳамаи дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ низ вазъ аз ин беҳтар набуд.
Канда шудани робитаҳои анъанавии иқтисодии миёни ҷумҳуриҳо боиси аз фаъолият бозмондани даҳҳо корхонаю иншооти муқтадир гардид, дар кишоварзӣ, соҳаҳои нақлиёту алоқа ва амсоли инҳо ҳам пеши роҳи бесарусомониҳоро гирифта намешуд. Дар натиҷа бекорӣ авҷ мегирифт, сатҳи зиндагии мардум яку якбора хеле коҳиш ёфт. Ҷараёни эъмори давлатдорӣ, ба роҳ мондани ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар шароити нави соҳибистиқлолӣ бошад, бо кундӣ пеш мерафт. Агар дағал бигўем, дар ҷумҳурӣ тасаввуроти равшане вуҷуд надошт, ки бо ин истиқлолият чӣ кор кунанд. Бинобар ҳамин ҳам, зарбаи дарҳам шикастани Иттиҳоди Шўравӣ барои Тоҷикистон, назар ба дигар ҷумҳуриҳои ҳайати ин давлат, дардноктар ва пурфоҷиатар буд.
Дар муқоиса бо мақомоти идоракунии давлат, ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон бо суръати тезтар ва ҷонноктар ҷараён дошт. Боз гардидани фазои сиёсию зимоми пешинаи қудратро раҳо кардани Ҳизби коммунистӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ қувваҳои нави сиёсию ҷамъиятӣ ба миён омада, фаъолиятро оғоз бахшанд. Мақсади онҳо хотима додан ба режими тоталитарии Ҳизби коммунистӣ дар Точикистон, ба вуҷуд овардани як низоми демократии давлатдорӣ ва бедории миллӣ буд. Вале аз сабаби надоштани таҷрибаи сиёсӣ, нокифоятии собиқаи фаъолият ҳизбу иттиҳодияҳои мазкур хусусияти фарогир касб карда натавониста, асосан дар доираи ҳифзи манофеи маҳалҳои ҷудогона маҳдуд монданд. Дар натиҷа ба ҷои тақвият бахшидани эҳсосоти худшиносию ваҳдати миллӣ, ин ҷараёну равияҳо тамоюли маҳалгароиро дар ҷомеа доман заданд. Кишвари навакак истиқлолёфта миёни қувваҳои мухталиф пора-пора шуда буд.
Бояд гуфт, ки ба ин гуна ранг гирифтани ҳолати муборизаҳои сиёсӣ решаҳои таърихии маҳалгароӣ ҳам, ки дар интиҳои қарни ХХ ҷонсахтона барои дар ҷомеа боқӣ мондани хеш талош мекард, мусоидат намуданд. Вилояту минтақаҳое, ки имрўз ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташаккул додаанд, таърихан хеле кам бо ҳам якҷо буданд. Онҳо муддати асрҳои тўлонӣ ё дар ҳайати давлатҳои ҷудогона, ё ҳамчун мулкҳои мустақилу ниммустақил вуҷуд доштанд. Аз ҳамин рў, робитаҳои иқтисодию хоҷагӣ ва нақлиётии минтақаҳои мазкур хеле заифу ноустувор буданд. Бозори ягонаи муомилоти иқтисодӣ, ки онҳоро бо ҳам муттаҳид мекарда бошад, вуҷуд надошт.
Мардумони маҳалҳои мухталифи сарзамини мо гарчанде аз як халқу миллат, дорои як забону як фарҳанг буданд, вале эҳсосоти бегонагӣ ва нобоварӣ миёни онҳо ҳамеша вуҷуд дошту ваҳдати миллии тоҷикон ба дараҷаи лозим ташаккул наёфта буд, чун манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ аз якдигар фарқ мекарданд. Бо ҳам як шудани минтақаҳою таъсиси Тоҷикистон, ҳамчун воҳиди мустақили марзию маъмурӣ, дар ҳайати Давлати Шўравӣ ҳам ин зиддиятҳо ва зуҳуроти маҳалгаронро бартараф насохт. Зеро он мушкилоте, ки то замони шўравӣ буданд, амсоли вуҷуд надоштани робитаҳои устувору доимии нақлиётӣ, набудани бозори муштарак, ҳамоно боқӣ монданд. Сарзамини мо муддати 70 соли Ҳокимияти Шўравӣ хеле пеш рафт, иқтисодиёти ҳозиразамон ба вуҷуд омад, фарҳанги миллӣ рушд кард, аммо ваҳдати миллиамон ба ҳадди кофӣ ташаккул наёфту омилҳои фароҳамсозандаи он ба вуҷуд оварда нашуданд. Масъалаҳои мазкур барои Давлати Шўравӣ зотан бегона буданд, балки баръакс, дар идораи давлат мушкил эҷод мекарданд.
Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмуъ, вазъияти хароби иқтисодию иҷтимоӣ, камтаҷрибагию роҳи тундравонаро пеш гирифтани қувваҳои сиёсӣ, сатҳи пасти донишу ҷаҳонбинӣ, ва зуҳуроти маҳалгароӣ боиси он гардиданд, ки дар аввалҳои соли 1992 мардуми гуногунтоифа барои эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Душанбе ба майдонҳо рехтанду гирдиҳамойии тўлониро роҳандозӣ карданд. Вазъияти мазкур дар доираи манфиатҳои қувваҳои алоҳидаи хориҷи кишвар қарор гирифт ва онҳо коргардонии ин намоишҳои эътирозиро зери даст карда, аз пайи омода сохтани шароит барои тағйири ҳукумат шуданд, то дар заминаи он давлати барояшон мақбул таъсис гардад.
Худро ба мавҷи эътирозҳо задани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳанўз аз замони Шўравӣ пинҳонкорона фаъолият доштаасту имрўз ба як дастаи террористӣ будани он касе шак надорад, беҳуда набуд. Намоишгарон ягон навъ муросову мадороро қабул надоштанд, онҳо истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, Шўрои Олиро ба бозичаи дасти хеш табдил дода буданд. Ҷомеа ба ду қувваи зидди якдигар-мухолифон ва ҷонибдорони ҳукумат ҷудо гардид, ки оқибат кор ба задухўрдҳои мусаллаҳона оид шуд.
Муҳимтарин воқеа дар таърихи он давраи кишвари мо, бешубҳа, иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки пеши роҳи густариши ҷангро гирифта, Тоҷикистонро аз вартаи нобудию парокандагӣ берун кашид, ба наҷоти миллат аз куштори ҳамдигарӣ ибтидо гузошт. Он моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуд. Дар мавриди ин иҷлосияи таърихӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд. Барои ҳамин ҷиҳати он зиёд таваққуф намекунем. Фақат ҳаминро мегўем, ки агар аз фосилаи имрўз ба воқеаи 25 сол пеш аз ин суратгирифта назар андозем, бузургтарин дастоварди онро дар интихоби Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ, Сарвари давлат мебинем. Ҳарфҳое, ки он ҷо аз забони ин давлатмарди тавоно, инсони якрўю якмаром, поку самимӣ, фидокору меҳанпараст ва дилсўзи воқеии миллат садо доданд, ба дили миллионҳо нафар бошандаи сарзаминамон гармӣ бахшиданд, дардҳоро таскин доданду ашкҳоро хушк сохтанд. Ҳарфҳо дар бораи сулҳу созиш ва оштӣ, авфи гуноҳҳои ҳамдигар, бозгардондани гурезагон… Он вақт ин гуна суханонро бисёр мегуфтанд, ҳама чи дар дил ва чи дар забон орзуи тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдатро мекарданд. Вале ё хилофи гуфтаҳояшонро анҷом медоданд, ё дар роҳи мақсуд талоше надоштанд ва ё талошҳояшон бенатиҷа буданд. Қимати баланди суханони Сарвари давлати мо он аст, ки гуфтаашонро бо амал тавъам карда, дар ин роҳ фидокорию қотеияти бемисл нишон доданд.
Вохўрии нахустини намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон барои қатъи ҷанг ва барқарории сулҳу субот 5 апрели соли 1994 сурат гирифт. Гуфтушунидҳогуфтушунидҳо зиёда аз се сол идома пайдо карданд. Давоми ин муддат ҷонибҳо бо ҳам дар ҳашт давр 22 маротиба вохўрию музокирот анҷом доданд, панҷ гуфтушуниди ҳалкунанда бо иштироки бевоситаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд. Ўзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон, Эрон, Федератсияи Русия намояндагони тарафҳои даргири Точикистонро зимни вохўриҳояшон пазироӣ кардаанд.
Дар ниҳояти кор бо фидокорию собитқадамии ҷавонмардона, ҷасорату шуҷоатмандиҳои Сарвари давлаташон тоҷикон ба ҷанги қариб панҷсолаи дохилӣ хотима бахшиданд, сулҳу салоҳ карданд, ваҳдати аз байнрафтаи миллиро дигарбора оғоз бахшиданд. Рўзи 27 июни соли 1997 ҳуҷҷати ниҳойӣ, ҳосили талошҳои чандинсолаи тарафҳо, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳбарони ду ҳайат ба имзо расид.
Он рўз майдони ҳавойии Душанбе аз одам меҷўшид. Мардуми миннатпазири тоҷик Сарвари давлаташонро, ки барои онҳо аз Маскав бузургтарин ҳадя, сулҳу оштиро ба армуғон оварда буд, бо чеҳраҳои шукуфону оғўшҳои пур аз меҳру муҳаббат, бо гулу гулдастаю гулчанбарҳо истиқбол намуданд. Одамон сулҳу оромӣ, рўзи хуш, осоиши рўзгорро ба ҷон пазмон шуда буданд. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти ин воқеаи бузурги таърихӣ ва таъкиди аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо 27 июнро ҷашни сартосарӣ, Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намуданд.
Тавре ки Сарвари давлатамон борҳо таъкид кардаанд, ваҳдати миллӣ, дар радифи истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарину муқаддастарин дороии мардуми мо ба ҳисоб меравад, ба мисли Ватан, ба мисли модар. Гуфтан душвор аст, ки агар ваҳдати миллӣ таъмин намешуд, Тоҷикистони ҷангзада ба чӣ рўзе гирифтор мебуд, миллатамон чӣ ҳолу аҳволе медошт. Ваҳдати миллӣ омили суботу осоиш дар ҳама давлати миллӣ, гарави пешрафту шукуфойии онҳо ба шумор меравад. Муваффақиятҳое, ки кишвари мо зимни солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, гувоҳи равшани гуфтаҳои болоанд.
Аммо ваҳдат худ аз худ тавлид намешавад, барои ташаккулу тақвияти он заминаҳои кофии сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ лозиманд. Тавре дар боло ишора рафт, маҳз фароҳам набудани ҳамин омилҳо боиси ноустувории ваҳдати миллиамону ҷонсахтии зуҳуроти маҳалгаройӣ шуд, ки дар заминаи онҳо ҷанги фалокатбори дохилӣ ба вуқуъ пайваст.
Бинобар ҳамин, ташаккул додани ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкиму тақвияти он яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Дастовардҳое, ки давлати мо дар ин муддат ба онҳо муваффақ гардид, беназиранд ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳам фарҳангу маънавиётро фаро гирифта, дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ заминаҳои устувореро ба вуҷуд овардаанд.
Марбут ба сиёсат метавон гуфт, ки пеш аз ҳама, худи асоси давлатдории мо ба таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа равона шудааст. Он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, асоси низоми давлатдории моро аслҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият ташкил медиҳанд, ки барои таъмини ваҳдати миллӣ шароити созгоре фароҳам овардаанд ва меоваранд. Масалан, тавассути интихоботи озоду шаффофи мардум соҳиб шудан ба қудрати давлатӣ, озодии сухану матбуот ва таблиғу ташвиқ, озодии фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз унсурҳои демократии давлатдорианд, ки бо ин василаҳо ҳуқуқҳои шаҳрванд ҳамаи афроди ҷомеа таъмин мешаванд. Ҳуқуқ ки таъмин гардид, кас ё гурўҳи норозӣ намемонад, норозӣ ки набошад, суботу ваҳдат таъмин мешаванд. Ҳуқуқбунёдӣ қонунмандии давлатро ифода мекунад. Фаъолияти давлату ҷомеа дар асоси қонун сурат мегирад, қонунро бошад, вакилони мардумӣ қабул мекунанд. Яъне, дар ин ҳол ягон фарди ҷудогона раъйи хоси худро амалӣ карда наметавонад, ҳама дар назди қонун баробаранд ва ин баробарӣ омили субот мешавад.
Дунявият маънои хилофи дин буданро надорад, баръакс, он фаъолияти баробари ҳамаи динҳо ва ба кори давлат дахолат накардани намояндагони диниро ифода мекунад, ки ин омили таъмини субот аст. Зеро ҷомеаи мо аз пайравони динҳои мухталиф таркиб ёфтааст ва агар ин ё он тоифа дигар афзалият дошта бошад, ё ба кори давлатдорӣ дахолат кунад, он омили беназмӣ ва бесуботию халалдор шудани ваҳдат мегардад.
Хулласи гап, дар давлатдорӣ мо роҳеро интихоб кардаем, ки имрўз тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо ин самт равонаанд. Он роҳи интихобу пешрафти озодона, муросову мадоро, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун барои кулли аъзои ҷомеа мебошад.
Тақсими давлат ба се шохаи мустақили ҳокимият: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳам ба ҳамин мақсад хизмат мекунад. Ин ҳама дар ҷодаи таъмини ваҳдати миллӣ пойдевори боэътимодеро ба вуҷуд овардаанд.
Маълум аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳама якранг буда наметавонанд. Фикру ақидаҳои мухталиф, ҳизбу равияҳои гуногуни сиёсӣ вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ба ҷомеа таъсир расонида, пирўзиро дар интихобот ба даст оваранд. Ҳар яке аз онҳо манофеи хоси худро доранд. Аммо кишвар барои ҳама яктост, Ватан яктост, миллат яктост. Дар ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ҳама бояд масъулияти баробар дошта бошанд, ваҳдати миллиро нигоҳ доранд, то мабодо талош барои манфиатҳои хоси гурўҳӣ дар муқобили манфиатҳои умумимиллӣ қарор нагирад. Фикри муттаҳид сохтани тамоми афроди солимфикри ҷомеа, қувваҳои гуногуни сиёсӣ, зиёиён, касони дар ҷомеа соҳибэътибор ва амсоли инҳо дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ ва ба ҳамин васила тақвият додани ваҳдати миллӣ аз вақти имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дере нагузашта масъалаи таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба миён овард, ки ташаббускор ва Раиси бебадали Шўрои марказии он то кунун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин ҷунбиши сартосарии умумимиллӣ, ки ба таъсиси он низ 20 сол пур шуд, давраи фаъолият дар роҳи таҳкиму тақвияти ваҳдати миллиамон ибтикороти густурдаеро анҷом додаву иқдомоти басо арзишмандеро ба ҷо овардааст. Дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, ниҳоди дигари ҷамъиятию сиёсӣ-Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам бо ташаббуси Пешвои миллатамон таъсис шудааст, нақши фаъол дорад. Таҳти раёсати Президенти мамлакат ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ мунтазам баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар соҳаи иқтисодиёт корҳое амалӣ шудаанд ва мешаванд, ки дар ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоваранд. Тавассути татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ имрўз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ё аз тариқи роҳҳои мошингарди муосир ё аз тариқи ҳам роҳи мошингард ва ҳам роҳи оҳан бо ҳам васл шудаанд. Муҳим он аст, ки ин иртибототи нақлиётӣ дигар мавсимӣ набуда, роҳҳо дар тамоми фаслҳои сол бозанд. Ҳамин тавр, ба туфайли соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкиле рафъ гардидааст, ки муддати асрҳо пеши роҳи равобити зичтари миёни минтақаҳои ҷумҳуриро мегирифт. Аллакай дар кишвар бозори ягонаи муомилоти иқтисодию хоҷагӣ ба вуҷуд омадааст, ки робитаи байни мардумони маҳалҳои мухталифро зиёд, вобастагии онҳоро аз якдигар афзун месозад. Ҳар рўз мебинем, ки дар ин ё он гўшаи кишвар корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти гуногун ифтитоҳ мешаванд. Ба рушди баробари минтақаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ҳатто дар ҳайати Ҳукумати мамлакат Кумитаи рушди маҳал ба фаъолият пардохтаасту корашро вусъат медиҳад. Аз ҳамаи инҳо ваҳдати миллиамон қуввати бештар мегирад, одамон бо ҳам зичтару муттаҳидтар мешаванд.
Роҳбарияти мамлакат кори маърифатиро дар ташаккули эҳсосоти ватандўстӣ ва худшиносию худогоҳии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Ин нукта дар суханрониҳои Сарвари давлатамон пайваста таъкид мешавад, ки табиист. Ваҳдати миллӣ қабл аз он, ки дар зиндагӣ ҳоким шавад, аввал дар мафкураҳо шакл мегирад. Гузашт замонаҳое, ки вақти таълим дар мактабҳои миёна ба омўзиши таъриху фарҳанги миллӣ аз паси панҷа нигоҳ мекарданд. Ҳар нафаре, ки намояндаи ин миллат, сокини ин сарзамин аст, бояд аз гузаштаи онҳо ба хубӣ огоҳ бошад, то ба ин хоку об меҳр бипарварад, бо дастовардҳояш ифтихор кунад, аз нобарориҳояш дарси ибрат бигирад, ба он эътимод кунад, ки барору ободиҳои кишвар дар ваҳдату сарҷамъии мардумонаш аст ва ниҳоятан, дар дунёи пурталотуми имрўз раҳгум назанад, аз худ бегона нашавад.
Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукуматамон ба масъалаҳои маърифатию маънавиёт аст, ки ҷомеаи мо назар ба давраҳои қаблии таърихи миллат хеле пеш рафтааст. Имрўз худшиносию худогоҳӣ, таҳкими эҳсосоти миллатдўстию ватандўстӣ шиори ҳамагонист ва дар самтҳои мазкур муваффақиятҳо кам нестанд. Вале набояд хотирҷамъ буд. Шумо рўйдодҳои имрўзаи дунёро мушоҳида кунед, аксуламали иддае аз ҷавонони моро ба ҳодисаҳои мазкур бубинед. Маълум мешавад, ки кори мо бо ҷомеаамон ҳанўз тамом нашудааст. Ҳанўз ҳам касоне бисёранд, ки мафкураву ҷаҳонбиниашон аз тафаккуру тасаввури асрҳои миёна болотар нарафтаасту сатҳи камолоти сиёсиву маънавии аҳли ҷомеа ба он дараҷае нест, ки аз он хотирҷамъ бошем. Махсусан, ҷавонони аз 20 то 30-солаи мо, гарчанде аксар бо технологияи муосир, бо компютеру интернет муомила доранд, аз лиҳози маънавию сиёсӣ баъзан заъфиятҳои ҳайратоваре ба зуҳур меоваранд.
Ҷаҳоне, ки мову шумо дар он зиндагӣ дорем, имрўз ба як деги ҷўшоне шабоҳат дорад. Ҷангҳо, мухолифату муноқишаҳое дар ҷараёнанд, ки муддатҳои мадид халқу миллатҳоро дар маърази хатар ва фоҷиаю нобудӣ, фалокату бадбахтиҳо қарор дода, ҳаёти осуда, рифоҳу рушд ва саодату хушбахтиро барои онон дастнорас сохтаанд. Аврупоро канор бигузорем, дар олами ислом домани нооромиҳои мазкур аз Филиппину Малайзия дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ кашида, то ба Афғонистону Покистон дар Осиёи Ҷанубӣ, аз Сурияву Ироқ, Яману Ливӣ дар Шарқи Наздик гирифта, то ба Судону Сомали дар қораи Африқоро фаро гирифтааст. Мушкил чист? Мушкил он аст, ки як тоифа хешро аз тоифаи дигар мусулмонтар, як гурўҳи муслимин саҳмашро дар давлатдорӣ назар ба гурўҳи дигар ноодилонатар мебинаду ҳамин чиз рафта-рафта ба пайдоиши ихтилофу ноамнӣ мунҷар мешавад.
Мушкили мазкур ҳанўз дар давраи зуҳури ислом, баъд аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) ба миён омада буд, ки он сабаби ба мазҳабҳои шиаю суннӣ, дигар фирқаю равияҳо ҷудо гардидани муслимин гардид. Ва он ҳанўз боқисту миллионҳо нафар мардуми мусулмонро қурбон, саргаштаву дарбадар месозад. Давоми ин 1400 соли таърихи ислом ҷангҳои байнимазҳабӣ ҳамеша ҷараён доштанду аз хеш паёмадҳои фоҷиавӣ ба мерос гузоштаанд. Магар фаромўш мешавад, ки устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро бо қарматӣ будан айбдор карда буданд, чандин адибони дигари мо ҳам аз ин айбчаспониҳо ранҷ бурдаанду ба ҳалокат расидаанд? Сарзаминҳои обод дар ҳудуди Осиёи Миёна бар асари ҷангҳои мазкур ба харобазор табдил ёфтаанд. Ҳатто устод Садриддин Айнӣ дар бораи ҷанги байни шиаёну сунниҳо дар Бухорои соли 1910 зимни як китоб ёдовар шудааст.
Гурўҳи террористии «ДИИШ» ҳам ягон навигарие надорад. «Давлати исломӣ»-и фаъолияташ мамнўъгардида дар кору таблиғоташ гарчанде аз навтарин васоили техникӣ, аз шабакаҳои иҷтимоии навбаромад истифода мекунад, вале ҳамон коҳи кўҳнаи асримиёнагиро бод дода, барои ғояҳои доқюнусӣ ҷони ҳазорҳо нафарро барҳадар қурбон кардааст. Решаҳои ғоявии ташаккули «Давлати исломӣ» дар таълимоти салафиҳо нуҳуфта аст ва онҳо ҳар нафареро, ки бо онҳо нест, кофиру муҷиби қатл медонанд. Аз ҳамин ҷост, ки бо шиакушию язидикушӣ ва қатли дигар мусулмонони бегуноҳ дарёҳои хун барпо кардаанд.
Тафриқаандозӣ, куштани бидуни узри одам дар ислом сахттарин гуноҳҳоянд. Мусулмон ҳаққи ҳукм кардан дар бораи имони нафареро надорад. Чӣ ҷойи куштан ба хотири ин! Амалҳои мазкур салоҳдиди Парвардигори осмону заминанд, ки бандагонашро аз ин бобат дар Қуръони карим исроркорона огоҳ кардааст. Аммо нафси шайтонӣ, манфиатҳои индунёӣ одамонро ҳамеша водор намудааст, ки фармудаҳои китобҳои осмониро пушти по зада, дастонашонро бо зишттарину ғайриинсонитарин амалҳо олуда бисозанд. Баъзе ҷавонони гумроҳи мо бошанд, ба таблиғоти авомфиребона ва дар асл зиддиисломии ин ва дигар гурўҳу гурўҳакҳои ба ин монанд бовар карда, ба онҳо аъзо мешаванд, супоришҳои ҷинояткоронаашонро ба ҷо меоваранд, Сурия рафта дар ҳайати дастаҳои онҳо амалиёти ҷангӣ анҷом медиҳанд.
Ҳолатҳои мазкур моро водор месозанд, ки ба таълиму тарбияи ҷавононамон диққати боз ҳам бештар диҳем. Эҳсосоти худшиносию ватандўстии онҳоро тавассути донишу маърифат додан тақвият бубахшем, ваҳдатамонро, ки дастоварди беназири миллат аст, давоми асрҳо устувору пойбарҷо нигоҳ бидорем. Ваҳдат омили бақои миллату давлат ва суботи ҷомеа, заминаи пешрафти сарзамини ҷоноҷонамон ва гарави осудаҳолии ҳар як фарди ин куҳандиёр мебошад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, Муовини аввали
Раиси Шўрои марказӣ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ
ва эҳёи Тоҷикистон


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин