Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ.

Изҳороти Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба суиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ
Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз амали ноҷавонмардонаи гурўҳи хоинони ватанро нисбати сайёҳони хориҷӣ, ки боиси марги фоҷиавии 4 нафари онҳо – 2 амрикоӣ, як ҳолландӣ ва як швейсаригӣ гаштааст, бо хашму ғазаб ва андўҳи бузург қабул намуда, ба чунин инсонҳои ҳайвонсифат лаънат мехонад. Изҳор менамояд, ки маҳз дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин кирдор даст зада, ин ашхос ханҷар ба дили фардҳои ба номус заданд, кўшиш карданд, ки доғ ба номи бошарафи халқҳои Тоҷикистон биёранд.
Имрўз халқҳои ҷаҳон ба Тоҷикистону тоҷикистониён боварӣ доранд, бо дили пур, бо умеди орзуи дидан аз мардуми кўҳантаърих, огаҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он, сарзамини бостонӣ ба диёри мо қадам мегузоранд. Дар чунин ҳолат худобехабарони беору беномус ба обрўю эътибори мо ватандорон хати батлон заданӣ, дар байни аҳли башар шарманда кардани шуданд. Зермаънии ин амал сиёҳкунии Тоҷикистон аст ва онҳо гуфтанианд, ки гўё ба оромии Тоҷикистон бовар кардан мумкин нест. Хоинон бо нишондоди хоҷаҳои хориҷии худ даст ба чунин амал заданд, вале онҳо ба мақсадҳои худ намерасанд. Тоҷикистон ором аст ва ором мемонад, халқи мо меҳмонро эъзоз медорад, ба дили гарм ба оғўш мегирад. Ин анъанаи мо, рисолати мардуми мо аст. Онҳое ки ба ин анъанаҳо риоя намекунанд бо мо нестанд.
Халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрўзи фирўз расидааст ва ягон амал, ягон қувва мавқеи устувори сулҳҷўёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад. Мо ба ояндаи неку амалигардии ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.
Онҳое ки амали зиштро содир намуда, худ буздилонаю тарсуёна роҳи гурезро пеш гирифтаанд, аз ҷазои боадолатона гурехта наметавонанд. Мо ба кордонию пухтакории сохторҳои дахлдор эътимод дорем ва бовар менамоем, ки гурезпоҳои ҳаромкор дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Мо кулли ҳамдиёрон дар навбати аввал иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолонро даъват мекунем, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбати ҳамагуна падидаҳои зиддиҷамъиятии моҳиятан характери эктеримистию террористӣ дошта намоиш диҳанд ва ба ҳамагуна бўҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақта бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд.
Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин