Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ДАРАХТИ ДЎСТӢ ҲАМЕША БОРОВАР АСТ

Ба муносибати сафари давлатии дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон


ДАРАХТИ ДЎСТӢ ҲАМЕША БОРОВАР АСТ

Аввали моҳи август, дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон, ба ин кишвари ҳамсоя як гурўҳи калони адабиётшиносон ва ходимони фарҳанг барои ташреҳи сиёсати дўстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба баҳри беҳбудии мардуми ду кишвар, ки аз ҷониби ҳукумати ҳар ду давлати дўст амалӣ карда мешавад, сафар менамоянд. Шарҳи шореҳи адабии мо, нависанда ва публисист Мансур Суруш.
Хизмати шоистаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев дар он аст, ки ў бархилофи андешаҳои баъзе аз муҳаққиқони давлатҳои гуногун, ки мегўянд шурўъ аз асри XV, пас аз даргузашти Ҷомӣ ва Навоӣ,андешаи бадеӣ дар Осиёи Марказӣ хомўш гардид, бо осори бунёдии худ собит намуд, ки таппиши набзи адабӣ дар Мовароуннаҳр, тавре қаблан минтақаи моро ном мебурданд, ҳеҷ гоҳ бознаистодааст. Дар натиҷа давоми асрҳои минбаъда шоҳасарҳои зиёд офарида шуданд, ки ба хазинаи тиллоии адабиёти бадеии мо ворид гардидаанд.
Дар осмони адабиёти ин марҳила номҳои Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ аз як ҷониб, аз ҷониби дигар Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза ва дигарон аз шаҳрҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ мисли ситораи дурахшон ҷилва карданд. Метавон гуфт, ки ҳаёти адабӣ дар минтақа бо ду забон-тоҷикӣ ва ўзбекӣ ҷараён дошт. Бисёре аз шоирон ва нависандагон бо ду забон-тоҷикӣ ва ўзбекӣ эҷод мекарданд, чун ҳар ду забонро хуб балад буданд. Ин анъанаи зеборо Алишер Навоӣ оғоз бахшид, ки Мавлоно Ҷомиро устоди маънавии худ медонист. Устод Айнӣ ин анъана – эҷоди асар бо ду забонро идома до два барҳақ ў якҷо бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аз пешоҳангҳои адабиёти навини ўзбек дониста мешавад.
Аз ин лиҳоз онҳое, ки минбаъд дар Ўзбекистон нависанда, адиб ва ёддоштнависони машҳур шуданд, дар қатори устодони худ номи устод Садриддин Айниро низ зикр кардаанд. Чунин раванд табиист аст ва он аз ду ҷониб боқӣ хоҳад монд. Масалан, нависанда ва драматурги машҳури тоҷик Сотим Улуғзода ҳанўз дар замони худ дар асари хеш бахшида ба Ҳамза навишта буд, ки «аз зумраи шоироне, ки қалби маро тасхир кардаанд, ман метавонам аз Ҳамза низ ёдовар шавам. Кўдакӣ ва ҷавонии ман дар Ўзбекистон сипарӣ гардид ва Ҳамза аз аввалин шахсоне буд, ки ба ман дўст доштани мусиқӣ ва театрро омўзонид. Номи ў барои ман арзишманд аст, аз ин рў меҳру муҳаббати ҷавонони тоҷик ба Ҳамза ва шеъру театри ў маро хушҳол месозад».
Фикр мекунам, ки адибони машҳури Ўзбекистон, ба монанди Пиримқул Қодиров, Назармат Назаров, Ҳалима Худойбердиева, Зайниддин Дўстматов, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, нисбат ба адибони мо низ ин гуна фикру андеша баён карда метавонистанд.
Агар ба панду андарзҳои Ҷомӣ ва Навоӣ назар афканем, анъанаи дўстӣ ва ҳамкории эҷодиро баъдан дигарон низ идома додаанд. Аз ҷумла, Айнӣ ва Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Зулфия ва Шароф Рашидов, Ҷалол Икромӣ ва Мирзокалон Исмоилӣ, Раҳим Ҷалил ва Туроб Тўла, Лоиқ Шералӣ ва Абдулло Орифов. Халқҳои моро дўстӣ, анъана ва урфу одат, дин, фарҳанг ба ҳам меорад. Ин аҷобате надорад.
Дўстии тўли асрҳо аз санҷишҳо гузашта ва бо мурури замон обу тоб ёфтаву сахтиҳоро таҷрибакарда, муносибатҳои ҳамсоягии мардуми тоҷику ўзбек имрўз бо шарофати хизматҳои шоёни роҳбарони ин ду кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷилои нав касб намуда истодааст. Маҳз бо талошу заҳматҳои ин абармардон ҳама мушкилиҳои сунъие, ки дар ин роҳ эҷод шуда буданд, аз миён бардошта шуданд. Аз ин гуна ранг гирифтани кор шодии мардумони ҳарду давлат ҳадду канор надорад.
…Бояд гуфт, ки ба ҳайати гурўҳи калони адабиётшиносон ва ходимони фарҳанг, ки барои ташреҳи сиёсати дўстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд, адибони шинохта Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, адабиётшиносони ўзбек Сулаймон Эрматов ва дигарон дохил шудаанд. Эҷодиёти ин адибон дар Ўзбекистон машҳур аст, ҳамон гунае, ки эҷодиёти ҳамкасбони онҳо дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд дорад.
Соли 1998, пас аз таваққуфи чандинсола, дар Ўзбекистон таҳти роҳбарии Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Рўзҳои Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин чорабинии бузург ман низ иштирок доштам. Бо дидани чеҳраҳои хандони мардумони касбу кори гуногун, ки бо як хушҳолии беандоза тоҷикон, бахусус аҳли ҳунар ва эҷодро пешвоз мегирифтанд, бори дигар ба қавӣ будани решаҳои дўстии ин ду миллат боварӣ пайдо менамудам. Он замон гуфтаҳои шоири сулҳпарвару дўстпарвар Мирзо Турсунзода ба хотирам омад, ки яке аз кўчаҳои Тошкандро ба номаш гузоштаанд:
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.
Ин гуфтаҳо хислати миллии ду халқро баён намуда, сиёсати пешгирифтаи сарварони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро хеле хуб таҷассум менамоянд.

Мансур СУРУШ, нависанда

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин