Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:21 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 
  • 16:51 – Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид 
  • 08:16 – Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:06 – СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 

МУЛОҚОТИ ХОТИРМОН БО ОЛИМ

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохўрии кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо директори Маркази антропологияи Академияи улуми Тоҷикистон, профессор, доктори улуми фалсафа Музаффар Муҳаммадалӣ баргузор гардид.
Мақоми шахс дар ҷомеа, таълиму тарбияи инсон дар рўҳияи ахлоқи умумибашарӣ ва миллӣ аз назари Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва паёмҳои ҳарсолаашон бо мақомоти олии қонунгузории кишвар меҳвари асосии суҳбати олими саршинос бо аҳли толор буд.
Дар такя ба гуфтори Пешвои миллат «Ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсон моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ овард, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд» Музаффар Муҳаммадалӣ мисолу далелҳои зиёдеро аз харобкориҳои ифротгароён дар Сурияю Ироқ, Либияю Афғонистон ва дигар кишварҳои мусулмоннишин оварда, зикр дошт, ки дар саргаҳи ин даҳшату харобкориҳо ҷаҳолату бесаводӣ қарор дорад, ки мусулмонон худ эҷодкори он ҳастанд. Тавре мегўянд: -«Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост».
Дар ҷараёни суҳбат аз паст рафтани фазои маънавӣ, сарчашмаву омилҳои фурўрезии ҷанбаҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ва роҳҳои аз он беруншавӣ бо мисолҳои шавқангези аз рўзгор сабақгирифта нишон дода шуданд. Барои он ки соҳибмаърифат, донишманд, хушахлоқ ва сухандон бошем, бояд рў ба китоб орем, чаро ки китоб нодиртарину беҳтарин манбаи донишомўзӣ ва соҳибмаърифат гаштани инсон аст.
Дар хотимаи суҳбат олими хушсухану ҷаҳондида дар такя ба суханони Роҳбари давлат зикр дошт, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон моро водор месозад, ки нисбат ба ҳарвақта зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк намоем, ба қадри бузургтарин дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин