Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

Офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Ваҳдат, осудагиву амният ва истиқлолияти далатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Бахусус мо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ваҳдати миллиро бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаву азму иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми баору нанги Ватан ва бо баҳои ҷони ҳазорон тан аз фарзандони шуҷою далер, пирони хирад, ходимони сиёсиву давлатӣ ба даст овардем, бояд бештар ба қадри он расида, паи ҳифзаш содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем.
​Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ барои мо халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад ва соҳибистиқлолӣ барои сохтмони давлати муосири онҳо мусоидат намуда бошад, мутаассифона бархе аз хоинону зархаридони миллат бо истифода аз вазъи навтаъсисии давлати муосир хостори беназмиву бенизомӣ дар кишвар гардида, кӯшиши бо роҳҳои гуногун ба даст овардани кишварро пеша намуданд. Эҷоди фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, ҷорӣ намудани андешаву омоли хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом буд, ки мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд. Ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ва омезиши он ба дини мубини ислом ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуданд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Чун даст доштани ин ташкилоти тахрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб расман террористӣ эълон гардид.
​Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбари баланди он фарзанди фарзона ва фидоии миллат, меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллии моро ба уҳда гирифтанд, шуълаи умедро дар қалби мардум ба ояндаи дурахшон ҷилвагар намуд.
​Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.
​Маҳз ташаббус ва ибтикороти наҷиби Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои баланд бо забони ноби тоҷикӣ ибрози назар намудани Роҳбари давлат бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар раванди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Боиси зикр хос аст, ки се ташаббуси бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об аз ҷумла эълони соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд ва ташаббуси навбатӣ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” идомаи ин ташаббусҳои наҷиб дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.


Офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Бо кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва ҳамовозии кишварҳои олам шукуҳи ҷаҳониро касб намудани ҷашни аҷдодии мо тоҷикон-Наврӯз, баргузории конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм, 4 майи соли 2018 ва амсоли инҳо намунаи равшани ташаббусҳои кишвари мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон соли 2013 ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд, ки боиси зикри шоистагист. Дар ин замина бо кӯшиш ва талошҳои Роҳбари давлат соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ва соли 2010 шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Инчунин соли 2013 “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарори сулҳу суботи кишвар буд, ки соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
Маҳз ҷаҳду талошҳои судманду боровари Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ танҳо дар самти бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – “Пешвои асри 21” ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" -Ордени нахустини алмосдори "Ситораи сарпараст", ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд", ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), ва дигар мукофоту ҷоизаҳо шарафёб гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷомеаи ҷаҳон кӯшиш ва иҷдомоти наҷиби созкор ва дурнигаронаву некбинонаи Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд. Бахусус соли равон бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии Президенти кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқарор гардидани муносибатҳои ҳамҷавори кишварҳо бори дигар аз сиёсати “дарҳои кушод”-и кишвари мо дар ақсои олам шаҳодат дода, мардумони сайёра ба арзу иродат ва ваҳдатофариву ваҳдатмеҳварии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар баҳои баланд доданд.
Бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем.
Чун мо мардуми Тоҷикистони офтобрӯя дар остонаи фарорасии 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!
Фарҳод Воҳидов

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин