Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Сохтмони муштараки НБО дар дарёи Зарафшон сароғози муносибатҳои тиллоии дӯстона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад

Сохтмони муштараки НБО дар дарёи Зарафшон сароғози муносибатҳои тиллоии дӯстона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад

Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳимтарин масъалае, ки ҳалли он давоми ду даҳсолаи дароз ба ченаки асосии муайянкунандаи муносибатҳо байни кишварҳои минтақа мубадддал гаштаву ҳатто омили амнияту суботи минтақа ба он, яъне захираҳои обӣ-энергетикӣ вобаста карда мешуд, ба таври мусбат, мустақим, қобили қабулу манфиатбахши ҷонибҳо баррасӣ карда шуд, ки барои коршиносони минтақавиву ҷаҳонӣ ғайриинтизор буд.

Роҳи ҳалли мушкилоти қаблии ба захираҳои обӣ-энеретикӣ вобастабуда дар банди 13-уми Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки 17 август дар шаҳри Тошканд қабул гардид, чунин нишон дода шудааст:

«Президентҳо истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикиро, ки барои ба даст овардани рушди устувор, некӯаҳволӣ ва шукофоии Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа, бори дигар таъкид намуданд. Аҳамияти муколамаи кушод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, одилона ва оқилона дар ин соҳаҳо кайд карда шуд.

Тарафҳо оид ба омӯзиши масъалаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар қаламрави Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ба мувофиқа расиданд. Роҳбарони ду давлат ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ супориш доданд, ки масъалаи истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Тарафҳо ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 (ш. Душанбе 20-22 июни соли 2018) баҳои мусбат доданд ва омодагии худро барои иштироки фаъолона дар татбиқи эъломияи хотимавӣ ва дигар санадҳои ниҳоии Конфронс изҳор намуданд.

Президентҳо дастгирии якдилона ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилаллии таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, бо қаноатмандӣ қайд карданд ва нияти давом додани ҳамкориҳоро дар пешбурди татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуданд».

Тавре аз ин санади таърихӣ бармеояд, танҳо дар як банди Изҳороти муштарак се роҳи ҳалли масъалаи муҳим:

Истифодаи захираҳои обӣ-энеретикӣ бо мақсади таъмини некуаҳволии сокинон ва шукуфоии кишварҳои минтақа.
Дар ҳудуди Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар дарёи Зарафшон.
Истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,
ба таври муайян, мушаххас нишон дода шудаанд.

Бо амалӣ намудани ин се ҳадафи нишондодашуда иҷрои ду масъалаи дигар: а) риояи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилаллии таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъмин карда мешавад.

Сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар дарёи Зарафшон чанд ҷанбаи неку созанда дорад. Аввал ин ки «миф» дар бораи он ки гӯё кишварҳои болооб кишварҳои поёнобро аз гирифтани об маҳрум мекарда бошад, худ ба худ аз байн меравад. Дуюм, сохтмони мазкур боиси ҷалби сармояи Ӯзбекситон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мегардад. Сеюм, Тоҷикистон дар сурати бунёд гардидани ду неругоҳ имкони иловагӣ пайдо мекунад, ки садҳо гектар заминҳои бекорхобидаро обшорон кунад ва Ӯзбекистон садҳо корхонаҳои саноатиии худро бо неруи барқи арзон, безарар таъмин созад.

26 санаде ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расиданд, заминаҳое мебошанд, ки Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба онҳо такя мекунад. Иҷрои ҳатмии созишномаҳои баимзорасида мазмун ва мундариҷаи Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар амал татбиқ менамояд.

Сохтмони муштараки ҳарчи зудтари неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, истифодаи ҳарчи пештари оби ошомидании кӯли Сарез сароғози тамоми муносибатҳои минбаъдаи тиллоии дӯстона ва шарикии стратегии абадӣ мегарданд. Барои амалӣ шудани ҳар ду иқдоми пешгирифта ягон мушкилӣ вуҷуд надорад: ҳам сокинони ҳар ду кишвар, ҳам имкониятҳои моддиву техникӣ, ҳам зеҳниятҳои инсониву ақлӣ ва ҳам иродаи устувору қатъии Сарони ҳар ду мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои амалӣ шудани иқдомҳои дар Изҳороти муштарак баёнгардида мусоидат мекунанд. Бошад, ки дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ин ду мамлакат боиси рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гардад.

Зимнан, Тоҷикистон таҷрибаи бо сармояи хориҷӣ бунёд кардани неругоҳи барқи обиро дорад ва ҳоло дар мамлакат ҶСК НБО «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 Мвт ва «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 Мвт фаъолият мекунанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин