Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

МУШКИЛА ВА ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ДОХИЛИИ АФҒОНИСТОН

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳамеша зери санҷиши гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони гуногун, аз ҷумла маводи мухаддир ва силоҳ қарор мегирад.
Дар назди сарҳад гурӯҳҳои гуногуни мутааллиқ ба ҳаракати «Толибон», ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони ИДМ низ меҷанганд, такрор ба такрор пайдо мешаванд.
Эмомалӣ РАҲМОН


МУШКИЛА ВА ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ДОХИЛИИ АФҒОНИСТОН

Ҷумҳурии исломии Афғонистон
Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) - давлатест, ки дар қитъаи Осиё, қисми ҷанубу ғарбии Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст.
Дар самти шимол бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ғарб бо Эрон, дар ҷануб бо Покистон ва Ҳиндустон, дар шимолу шарқ бо Хитой ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул мебошад. Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – дарӣ ва паштун аст.

Таркиби миллии Афғонистон
Дар ҶИА бештар аз 30 забон роиҷ аст, ки ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: ҳамаи мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Забони дарӣ (забони тоҷикон) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), паштун (дар ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) – Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, узбекӣ, туркманӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ –шуғнонӣ, язгуломӣ, вахонӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра гап мезананд.
Тибқи шумориши аҳолии Афғонистон, ки дар соли 1396 (2017) сурат гирифтааст, дар он тоҷикон наздик ба ду баробар аз паштуҳо бештар буда, аксариятро ташкил медиҳанд.
Шумори тоҷикон дар Афғонистон баробари ҷамъи шумори се қавми бузурги дигари ин кишвар-паштуҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо аст.
Бинобар такя ба ин омор, дар 17 вилоят: Бодғис, Бадахшон, Бағлон, Балх, Парвон, Тахор, Панҷшир, Сарипул, Самангон, Ғӯр, Фароҳ, Қундуз, Майдонвардак, Кобул, Кописо, Луғар, Ҳирот нуфузи тоҷикон бештар мебошад.
Паштуҳо дар 12 вилоят: Пактиё, Пактико, Хӯст, Зобул, Ғазнӣ, Кандаҳор, Нимрӯз, Нангарҳор, Нуристон, Ҳилманд, Кунар, Лағмон аксариятро ташкил медиҳанд.
Ҳазораҳо дар Бомиён ва Дойкундӣ нуфузашон бештар аз дигаронанд.
Бештари тоҷикон дар вилоятҳои Кобул (бештар аз 4 миллион), Бадахшон (бештар аз 1 миллион), Ҳирот (наздик ба 1 миллион), Ғӯр ва Балх (бештар аз 600 ҳазор), Сарипул (бештар аз ним миллион) зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ, тоҷикон 45,6 %, паштунҳо 26,4%, ҳазораҳо 13,1%, узбекҳо 7,1%, туркманҳо 2,2% ва дигар миллатҳо 5,5 % — и аҳолии ҶИА-ро ташкил медиҳанд.

Фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ҶИА
Дар Афғонистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳо вуҷуд доранд, ки меҳвари асосии сиёсати давлатии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаракати миллӣ дар Афғонистон, Ҳаракати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳизби халқии исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократии Паштоон, Ҳизби халқии Афғонистон, Ҳизби демократии Афғонистон (ҳизби ҳоким), Ҳизби парастории афғон, Ассотсиатсияи исломии Афғонистон, Ҳизби миллии конгресси Афғонистон.
Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) соли 1965 аз тарафи намояндагони зиёии кишвар бо сардории Зоҳиршоҳ таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҳизби алоҳидаи – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. Соли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона сохтори давлатдории монархия барҳам дода шуда, ба ҷои он сохтори мардумии республика (рес-кор, публика-халқ) рӯи кор омад.
Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат¬ро тарк намуданд ва моҳи апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳидини мамлакат номи Давлати исломии Афғонистонро гирифт. Ҳукумати интиқолии муҷоҳидин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, вале ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард, тадриҷан миёнаи солҳои 90-ум, ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард.
Бо ишғоли Кобул Толибон Наҷибуллоҳ Сарвари давлатро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Баъди ин ҳодиса Афғонистон ба як давлати ҷангзада мубаддал гашт. Соли 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани нерӯҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки дар либоси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА фурӯшгоҳи бузурги Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА ва муттаҳидини онҳо муқобили гурӯҳҳои террористии «Ал-қоида» ва «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ кард. Аз он рӯз то ба кунун Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ҳузур пайдо карда, вале ҷанг дар ин кишвар хотима наёфтааст ва Толибон ҳамчунон ба зидди давлати қонунӣ ҳануз меҷанганд. Дар ин миён аҳолии зиёди осоишта қурбонии ҷанг шуданд.
Толибон
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, соли 1996 шаҳри Кобул ва аксари қаламрави Ҷумҳурии мазкурро зери тасарруфи худ даровард. Режими Толибон, дар манотиқи таҳти назораташ хавфдошта меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико пароканда карда шуд. Дар ин миён чандин афсарону сарбозони ИМА ва ҶИА ҷони худро аз даст доданд.
Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нерӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шуд, ҳатто бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери тасарруф дорад.
Чанде пеш Ҷалолуддин Ҳаққонӣ-яке аз ташкилкунандаи шабакаи террористии Толибони Афғонистон бинобар сабаби бемории дуру дароз аз дунё даргузашт. Ҷонишини ӯ Сироҷуддин-писари Ҷалолуддин Ҳаққонӣ раҳбарии Шабакаи Ҳаққониро ба зимма гирифт. Гурӯҳи террористии «Толибон» дар шабакаи интернетӣ гуфтанд, ки ӯ, яке аз "симоҳои маъруфи муҷоҳидин" ба шумор рафта, бар зидди таҷовузи Шӯравӣ қиём кардааст. Дар солҳои ҳукмронии Толибон Ҷалолуддин Ҳаққонӣ муддате мақоми вазирро низ бар ӯҳда дошт.

Исломҳаросӣ дар ҷаҳон авҷ мегирад?
Тибқи таҳқиқот дар ҷаҳон бештари давлатҳо ҳамлаҳои исломҳаросон, ҳарос доранд. Он шахсоне, ки бо либоси арабӣ, ҳиҷоб ва риш дар кишварҳои ғайиримусулмонӣ гашту гузор мекунанд, миллатҳои ғайримусалмон ба онҳо эътимоду бовар надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки бештари террористон ва шахсони хавфнок дар ҳолати террор кардан калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Вақте ки мо аз тариқи шабакаҳои телевизонӣ ва дигар шабакаҳо рӯйдодҳои мусаллаҳонаи Афғонистонро тамошо мекунем, мебинем, ки аз ин тараф ва аз он тараф гуфтори «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Шахси бинанда ба хулос меояд, ки ин чӣ гуна мусулмонӣ аст? Давлати Афғонистон давлати исломӣ буда, дар доираи шаръи шариф амал менамоянд, ҳамаи мардум мусулмонанд, пас суоле ба миён меояд, ки толибон ва ДИИШ бар зидди кӣ меҷангида бошанд?

Дар рўи дунё панҷ ҳазор дин
Илми имрўза собит намудааст, ки дар дунё панҷ ҳазор дин вуҷуд дошта, ки одамон ба онҳо эътимод дошта ва аз китобҳои онҳо мазҳаби эътиқодоти худро анҷом медиҳад. Динҳое мавҷуданд, ки нисбат ба динҳои хурд мавқеъ ва нуфузи зиёд доранд, аз ҷумла ислом, масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, синтой, динҳои анъанавии Африқо, шинтоизм, шаманизм ва ғайра.
Сарди аъзами Кантслери Олмон хонум Ангела Меркел дар як суханронии худ зикр карда буд, ки дар дунё панҷҳазор дин арзи ҳастӣ дорад, ки ду миллиард аҳолии рўи замин дини исломро қабул карда, тибқи шариати он амал мекунад. Аммо мушоҳидаҳои ахир нишон медиҳад, ки бисёри онҳо дар вақти ҷанг байни мусулмон ба мусулмон калимаи «Аллоҳу акбар» -ро истифода мебаранд. Яъне аз ин тараф мусулмон ва аз он тараф низ мусулмон, дин як, маҳзаб як ва Худо низ якто, онҳо бо кӣ ҷанг мекарда бошанд? Ў инчунин зикр кардааст, ки дар давлатҳои Хитой ва Ҳиндустон зиёда аз ду ҳазор дин арзи ҳастӣ дорад, вале байнашон ягон ҷангу хунрезӣ нест, чаро?

Оё толибон ва ДИИШ ба қонунҳои амалкунандаи Афғонистон
мухолифат мекунад ё на?
Тавре маълум аст дар давлати ҳамсояи мо қариб 40 сол аст, ки ҷанг байни ифротиён-террористҳо ва давлати исломӣ рафта истодааст. Аммо сабаб чист, ки то ба имрўз дар ин давлат оташи ҷанг хомўш намешавад? Фикр мекунем, ки ҳар яке аз ин гурӯҳҳо маҳзаб ё идеологияи исломпарастиро ба мардум бор кардану ва ё ин гурўҳҳо дар ин макон реша давонда, яъне мактабҳои махсуси террористии худро кушодаанд. Барои аз байн бурдани чунин гурўҳҳо дар ин давлат зиёда аз садҳ солаҳо лозим меояд, ки ба мисли мо тоҷикон бо таври осуда зиндагонӣ намоянд. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан, пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсӯз ва донишманде зарур аст, ки тарҳи мусолиҳаи миллиро дар Афғонистон тадбиқ кунад.
Як гурўҳ ҷавонони тоҷик низ бо роҳнамои ТЭТ Ҳизби мамнӯъи террористии наҳзати ислом, ки мехостаанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ созанд?
Барои пеши роҳи сели андешаҳои ифротиро гирифтан лозим аст, низоми таълим бояд дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар рушд ёбад. Бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими асосҳои фанни диншиносӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷавонон бояд дар бораи ҳама динҳо иттилои муфассал дошта бошанд ва дар ин радиф арзишҳои миллию ахлоқии худро фарқ карда тавонанд ва ба мафҳуми неку бад сарфаҳм раванд.

Интихоботи президентӣ
Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар ду давра интихоботи президентӣ ғолиб омада, интихоб гардид.
Савумин интихоботи Афғонистон соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, мушкилиҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳ Масъуд ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.
Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раиси ҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад - доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арк ё Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати Ҳукуматро дар ихтиёр дорад.

Сиёсати доктор Абдуллоҳ
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ донандаи хуби соҳаи тандурустӣ ва сиёсат буда, яке аз ҳаммаслакони қаҳрамони миллати афғон Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Абдуллоҳ ду мартотиба дар интихобот иштирок дошт ва дар интихобот бинобар сабабҳои бади вазъияти сиёсӣ ӯ дастболо нашуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар фаъолияти корияш дар чандин вазифаҳои давлатию ҷаъмиатӣ, аз ҷумла солҳои 2001-2006 Вазири корҳои хориҷӣ, аз соли 2014 ин ҷониб ба ҳайси сарвазир кор карда истодааст. Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи “Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт” рӯзҳои 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.


Оё дар Афғонистон сулҳ мешуда бошад?
Соли оянда дар Афғонистон ҷашни якасраи Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Дар ин муддат ҶИА чандин табаддулот, ғасби ҳокимият ва таҷовузи миллиро аз сар гузаронидааст. Истеҳсоли рӯзафзуни маводи мухаддир сол то сол миллати афғонро ба нестӣ оварда расонида истодааст. Ин ба давлати мо, ки ҳамсояи наздики Афғонистон аст, хатари ҷиддӣ дорад ва маҳз ба ин хотир сарҳади Тоҷикистон хатти марзи буферӣ ном гирифтааст.
Мушкилоти асосӣ ва ҷаҳони Афғонисон ин пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба даст овардани сулҳи саросарӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги 40 сола мебошад. Ин масъаларо борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ матраҳ карда буданд, ки барои ҳамзистии осоиштаи кишварҳои мо аҳмияти калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор одам теракт шуд.
Ҳар рӯз аз шабакаҳои интернет, телевизону радио ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, ки дар Афғонистон куштор ва ҳодисаҳои террористӣ вуқўъ омад, дар натиҷа чанд низомӣ ва одамони осоишта ба ҳалокат расиданд ва чандин нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ин даҳшатҳо – агар пеши роҳашон гирифта нашавад, домани паҳн карда, то кишварҳои ҳамсоя мерсад.
Созмони Милали Муттаҳид вазъи хушунатҳо ва талафот дар соли гузашта дар ин кишварро баррасӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, шумораи кушташудаҳои ғайринизомӣ дар соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор нафар будааст. Дар соли гузашта омори кушташудаҳо дар Афғонистон 3 ҳазору 438 нафар ва омори захмиҳо 7 ҳазору 15 нафаро ташкил медиҳад.
Бинобар таҳлили гузоришгар аз ин миқдор терактҳо 42 дарсади ҳамлаҳо ба ҷангҷӯёни «Толибон», 10 дарсади он аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ, 13 дарсад ниманизомиёне мухолифи давлат ҳастанд, ки раҳбари муайяне надоранд, анҷом дода шудааст.
Аз рӯи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид соли оянда маргбортарин сол барои Афғонистон ба ҳисоб меояд. Чунки гурӯҳҳои ифротгаро мавқъеи худро тағйр дода, якчанд вилояту вулусволиро тасарруф хоҳанд намуд.
Ин мушкилоти аср - фақат мушкилии Афғонистон набуда, бояд тамоми давлатҳои абарқудрати дунё бар зидди чунин гурӯҳҳои террористию экстримистӣ фаъолият бурда, дар ҳамбастагӣ ин мушкилиро ҳал намоянд. Тавре, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистонро хуб медонад ва ҳамавақт такид мекунад, ки барои мубориза бо терорризм, қочоқи маводи мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки дар Афғонистон танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон терорризму ифротгароиро решакан кард. Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин зуҳурот ба кор гирифта шаванд.
Тоҷикистон аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистон имрӯз ба Афғонистон нерӯи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.
Як миллион зан мубтало ба маводи мухаддир
Дар баробари мардон, дар миёни занони афғон одати баде пайдо шудааст, ки онҳо бинобар гузориши СММ, аз маводи мухаддир низ истеъмол мекунанд. Аз рўй истеҳсоли ин вабои аср Афғонистон дар ҷои аввал қарор дорад ва миллионҳо одамон қурбонии он шудаанд.
Вазорати беҳдошти Афғонистон ахиран эълом кард, ки ҳудуди як миллион зан дар ин кишвари ҷангзада мўътоҷе наркоманон шудааст. Дар асоси ҳисоботи соли гузаштаи ин вазорат, шумори афроде, ки дар Афғонистон аз маводи мухаддир истифода мекунанд, зиёда аз 3 миллион нафар будааст.
Чунонки ишор шуд, Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир буда, то соли 2001 ин кишвар 200 тонн маводи мухаддир истеҳсол мекард, баъди ворид шудани қувваҳои низомии ИМА ба он, давоми ҳабдаҳ сол ҳаҷми истеҳсоли он 65 маротиба афзоиш ёфта, ба 11000 тонна расидааст, ки ҳамаи ин ба давлатҳои дуру назди интиқол дода мешавад.
Фақат дар соли 2017 марзбонони тоҷик бо қочоқбарон ва марзшиканҳо асосан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 31 маротиба вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд.
Тибқи гузориши Агентии зиди нашъаовари Тоҷикистон дар тӯли соли 2017 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз қочоқбарон маҷмӯъан 1 тоннаву 740 кило маводи мухаддир, асосан героин, афюну ҳашиш ва банг мусодира шудааст, ки ҳамаи он аз тарафи мақомоти дахлдор несту нобуд карда шуд.

ҲНИ гурӯҳи террористӣ эътироф шуд?
Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, одамӣ шири хом хўрда, андешаи пасу пеши худро намекунад. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Тоҷикон мақоле доранд: Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро ба наъл задан пешниҳод намуд. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф ҳавола додан гирифт. Аз бадию бахилӣ қурбоққа хост шермардонро ҷазо диҳад ва ба ин мақсад ҳаммаслакони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ба онҳо мубориза бурданро оғоз кард. Ин қабил ҳаммаслакон Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони ў буданд.
Дар баробари ин ТЭТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо Афғонистони ҷангзада мубаддал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷиноятҳо гирифта шуд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.
Роҳи ҳалли қазияи Афғонистон кадом аст?
1. Тағйир додани низоми давлатдорӣ дар Афғонистон ва ба дунявӣ табдил додани он;
2. Барои осуда ва озодона зиндагӣ кардан, пеш аз ҳама роҳбари хуб, дилсӯз ва донишманде боястӣ, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷиноятҳоро бигирад;
3. Миёни се абарқудрати ҷаҳон: Амрико, Русия ва Хитой доир кардани ҳамоиши байналмилалӣ оид ба ояндаи Афғонистон;
4. Коҳиш додани таъсири давлатҳои теократӣ ба сиёсати дохилии Афғонистон;
5. Тадбиқи сулҳи Тоҷикистон ба фазои ҷангдида, ташкил кардани давлати мусолиҳаи миллӣ ва ҳифзи ягонагии марзу буми Афғонистон;
6. Берун кардани қувваҳои Паймони ҳамкории Атлантикӣ (НАТО) аз Афғонистон;
Маҳмадулло Наимов, Салим Гадоев -таҳлилгар


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин