Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Коронавирус метавонад ба бемории музмин табдил ёбад

Коронавирус метавонад ба бемории музмин табдил ёбад

Олимон чунин мепиндоранд, ки бемории коронавируси COVID-19 метавонад аз бемории ҷараёни фаъолдошта ба бемории музмин табдил ёбад. Ин фарзия ба сироятҳои дубора, ки чанд моҳи охир дар Чин ба қайд гирифта шуда буданд, асос ёфтааст, менависад рӯзномаи «Известия».
Вирус метавонад дар ҳолати хоб, ба таври зоҳирнашаванда боқӣ бимонад, зеро масунияти одам онро таҳти назорати пурра нагирифтааст. Боз як тахмини табибони рус он аст, ки микроорганизмҳои нави вирус ончунон босуръат тағйир меёбанд, ки одамон дар вақташ ба он масуният пайдо карда наметавонанд, аз ин рӯ онҳо дубора бемор мешаванд.
Ҳамчунин ҳолатҳои сирояти дубора метавонанд ба хатои системаҳои санҷишӣ алоқаманд бошанд, зери онҳо низ зиёд иштибоҳ мекунанд.
Тавре роҳбари озмоишгоҳ оид ба генетикаи Институти физикӣ – техникии Москва Павел Волчков шарҳ дод, одатан ҳангоми табобат масунияти одам тамоми ҳуҷайраҳои сироятшударо нобуд месозад. Аломатҳои такрорӣ нишон медиҳанд, ки вирус ҳанӯз ҳам дар организми инсон вуҷуд дорад.
«Яке аз роҳхои шарҳи дубораи сироят ин аст: беморон гузариши марҳилаи шадид ба музминро аз сар мегузаронанд, ки он вақт миқдори зарраҳои вирусӣ метавонанд дар бадан тағйир ёбанд. Вирус метавонад дубора баргардад, чунки масунияти инсон дар лаҳзаи шадиди беморӣ онро зери назорати пурра гирифта наметавонад ва аксари узвҳо сироят меёбанд», -гуфт мутахассис.
Аммо, ин маънои онро надорад, ки одамони боре сироятшуда ва шифоёфта ҳатман дубора бемор шаванд.
Эҳтимол дар ин ҳолат беморӣ аз худ дарак намедиҳад ва бе нишона давом меёбад, гуфт Мария Орлова, муҳаққиқи калони Пажӯҳишгоҳи химиявӣ-биологӣ дар Тюмен дар суҳбат бо рӯзномаи «Известия»
Ба қавли ӯ, ҳолатҳои такрории сироят метавонанд аз он вобаста бошанд, ки масунияти одам наметавонад муддати тӯлонӣ муқовимат намояд. Ин ҳамчунин метавонад шаҳодати тағйирёбии босуръати вирус бошад.
АКС «Известия»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин