Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:51 – Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 10:26 – Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ: Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ 
  • 10:24 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб 
  • 10:22 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 

КОРОНАВИРУС ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои Иттиҳод ба 263 нафар расид

КОРОНАВИРУС ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои Иттиҳод ба 263 нафар расид

Ба ҳолати субҳи 17 март шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид. Дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.
То имрӯз, дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 6 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Украина як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 21 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 27,9 ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испания (беш аз 9,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Германия (беш аз 7,2 ҳазор), Франсия (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,3 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин