Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

«ҒАЛАБАРО БА ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ МЕБАХШЕМ». Зайниддин Раҳимов аз саҳми арзандаи Пешвои миллат дар равнақи футболи мамлакат изҳори хушҳолӣ намуд

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди ғалаба дар бозии ½ -ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 7:6 (1:1), ки дастаи мунтахаби мамлакатро ба бозии финалии Чемпионати Осиё баровард, изҳор дошт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ин ғалабаро ба Президенти мамлакат, ки имрӯз зодрӯз доранд, мебахшад.

«Мо ин ғалабаро ба Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 5 октябр зодрӯз доранд, мебахшем. Президенти маҳбуби кишвар барои ривоҷу равнақи футбол дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Мо шодем, ки чунин бозии зебо нишон додем. Ташаккур ба мухлисонамон мегӯем, ки ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ карданд. Вақте ки дар дақиқаҳои аввал ба дарвозаи ҳариф тӯб задем, хостем, ки ин натиҷаро нигоҳ дорем, аммо Кореяи Ҷанубӣ баъдан ҳисобро баробар кард.

Нимаи дуюми бозӣ бисёр душвор буд, аммо футболбозони мо қуввату тавоноии нав пайдо карда, дар ҳар қитъаи майдон муборизаи беамон бурданд, то ба ғалаба ноил шаванд. Барои ин ҷасорат ман ба онҳо изҳори минатдорӣ мекунам. Дар бораи силсилазарбаҳои пеналти ҳамин қадар мегӯям, ки он ба бозии лоторея шабоҳат дорад. Чун дар бозии пешина бо Кореяи Шимолӣ дарвозабони мо Мӯҳриддин Ҳасанов ба даста кумак кард. Ҳоло мо барои омодагӣ ба бозии ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Япония ду рӯз дар ихтиёр дорем. Тамоми кӯшишро барои ба даст овардани медалҳои тилло ба харҷ медиҳем”,-изҳор дошт Зайниддин Раҳимов.

Сармураббии дастаи мутахаби Япония Ким Юнг-су дар бораи ниҳоят душвор будани вохӯрӣ ҳарф зада, ба маҳорати олии футболбозони мо дар майдон баҳои баланд дод.
АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин