Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ЗАБОН, ТАФАККУР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

I. ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ
Яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст. Забон дар пойдории давлати миллӣ нақши боризеро иҷро мекунад. Аз ин рў, ҳар давлате, ки мехоҳад қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро таҳким бахшад, қабл аз ҳама, бояд нуфузи забони миллиашро густариш диҳад.
Барои исботи ин андеша ба таърихи гузаштаи кишварамон назари иҷмолӣ меандозем ва баъзе лаҳзаҳоро бо шароити имрўз муқоиса мекунем. Тибқи ахбори сарчашмаҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр забони арабӣ танҳо соли 742 мелодӣ дар умури коргузорӣ ва мукотибот ба таври расмӣ ҷорӣ шуд. Ҳол он ки забони арабӣ соли 81 ҳ.қ. (700-701 м) ба ҳайси забони давлатӣ дар тамоми қаламрави хилофат эълом шуда буд.
Ба муқтазои таҳкими қудрати хилофати Араб ва интишори бештари ислом забони арабӣ на танҳо дар умури давлатдорӣ, балки дар соири соҳаҳои мухталифи ҳаёти ичтимоӣ, маданӣ ва фарҳангии мардумони Хуросону Мовароуннаҳр нуфуз кард. Ашрофияти маҳаллӣ ба хотири ҳифзи имтиёзи хеш ва барои наздик шудан ба истилогарон ба омўзиши амиқи забони арабӣ ва хати он пардохтанд. (Бояд ёдовар шуд, ки гузаштани форсизабонон аз алифбои паҳлавӣ ба алифбои арабӣ дар ҳамон давра сурат гирифтааст). Ба-дин сабаб дере нагузашта забони арабӣ забони илму адаби қишри рўҳониву ашрофият ва ҳукуматдорони Эрони Ғарбӣ ва Хуросону Мовроуннаҳр гардид. Ҷои тазаккур аст, ки чунин вазъ ба нисбати забони русӣ дар Осиёи Миёна (ҳоло Осиёи Марказӣ) аз солҳои 20-30-и асри XX шурўъ карда, то ибтидои солҳои 90-ум такрор шудааст.
Дар асрҳои VIII- IX намояндагони ин сарзамин осори зиёди илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва адабиро ба забони арабӣ таълиф намуда, он забонро аз ҳар лиҳоз Ғаниву машҳур сохтанд. Номи донишмандони машҳури чаҳон, чун Ал- Хоразмии риёзидон (780-847), Ал- Форобӣ (асри X), Ат-Табарӣ (ваф.923), Ал-Истахрӣ (асри X) ва алломаҳое чун Ал-Берунӣ (973-1048), Ибни Сино (980-1037) ва амсоли онҳо осори гаронбаҳояшонро ба забони арабӣ таълиф намуданд.
Ҳамчунин бисёре аз эронинажодон бо забони арабӣ шеърҳои баландпоя гуфта, дар миёни арабҳо маъруф гардиданд. Масалан, муаррих Ас-Саолабӣ дар "Ятимут-уд-даҳр" (Марвориди ҷаҳон) аз 119 шоири арабизабони дар аҳди Сомониён зиндагӣ ва эчодкарда ёдовар шудааст. Аммо баъд аз 2,5 аср, вақте ки Хилофат заиф шуд ва кўшишҳои истиқлолталабии кишварҳои зери султаи он оҒоз гардид, забони миллӣ ё маҳаллӣ дурусташ, омили аслии истиқлолталабӣ қарор гирифт. Акнун ашрофияти маҳаллӣ ва табақаи ҳокими Хуросону Мовароуннаҳр барои касби истиқлол ва эҷоди давлати мустақил, ба ҳайси аслиҳаи идеологӣ фарҳангу забон ва оину русуми то исломии халқҳои таҳҷоиро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин замина, ҳатто ҳаракати идеологие ба номи шуубия ба миён омад, ки ҳадафаш эҳёи фарҳангу суннатҳои мардумони маҳаллӣ ва таблиҒу тарвиҷи он ва дар айни замон нишон додани бартарияти нажодиву фарҳангии эронтаборон буд.
Табиист, ки дар чунин шароит таваҷҷўҳ ба забони миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии Ғоявию мафкуравӣ бештар мегардад. Агар дар ибтидои ҳукмронии Хилофати араб табақаи ҳокиму ашрофияти маҳаллӣ барои таҳкими мавқеи сиёсии хеш ва ба хотири касби ҷоҳу мансаб бо як шўру шавқ ба фарогирии забони арабӣ мепардохтанд, акнун дар нимаи дуюми асри IX тамоюли баръакси он мушоҳида мегардид.
Ба пуштибонӣ аз забони миллӣ ва иртиқои он ба ҳайси забони адабӣ- давлатӣ сулолаҳои ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофияти тарафдорони онҳо истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии хешро дар муқобили Хилофати араб нишон доданӣ мешуданд. Чунин вазъиятро мо дар нимаи дуюми солҳоӣ 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни XX низ дар кишварамон мушоҳида кардем. Халқи тоҷик муборизаи хешро барои истиқлоли чумҳурӣ маҳз аз талош ба хотири эъломи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон оҒоз карда буд. Дар зимн, бояд ёдовар шуд, ки қонуни забоне, ки дар он давра дар Тоҷикистон қабул шуд, дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин қонуни забон буд. Дар он замон ин амал як иқдоми бузург дар роҳи касби истиқлол, ба вижа истиқлоли фарҳангӣ дар чорчўбаи давлати абарқудрат маҳсуб мешуд. Аҳамияти ин қонун дар роҳи худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ хело бузург аст ва перомуни он метавон зиёд андешаронӣ намуд, аммо чун сухан ба дарозо мекашад, бо овардани иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Қонуни забон иктифо мекунам:
"Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир ба назари ман аз кушишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиклолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оҒоз ёфт".
Дар нимаи дуюми асри IX низ шарти асосии истиклолияти сулолаҳои маҳаллии Хуросону Мовароуннаҳр (Тоҳириён солҳои 821-873 дар Хуросон, Саффориён солҳои 873-903 дар Сиистон ва Сомониён солҳои 875-999 дар Мовароуннаҳр) инкишофи забони дарӣ дар сатҳи забони давлатӣ буд.
Яке аз сабабҳои густаришу рушди забони дарии форсии тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр бо вуҷуди истилои дувунимасраи забони арабӣ, дар он аст, ки забони арабӣ бо он ҳама тавоноиаш дар ин сарзамин танҳо забони расмии давлатӣ, адабӣ ва муоширати иддаи маҳдуди аҳолии маҳаллӣ ва арабҳои муқими Мовароуннаҳру Хуросон буду халос. Ин забон, чуноне ки забони русӣ дар асри XX, дар байни мардуми авом, махсусан рустоҳо паҳн нагашт, аз ин рў, асолати мустаҳками ичтимоӣ пайдо накард. Тавре ки забони арабӣ дар Мисру Сурияву Ироқ забони умумии гуфтугуӣ гашта, забонҳои бумиро танг ва ба гўшаи фаромушӣ расонид, ин амал дар Хуросону Мовароуннаҳр татбиқ нашуд. Бо вуҷуди фишори зиёд, забони форсии тоҷикӣ бо таъсирпазирии фаровон асолати хешро ҳифз кард, зеро забони арабӣ дар миёни авом натавонист ҷойгузини он бошад. Аз ин рў, ҳокимони тозаистиқлоли Хуросон, аз чумла Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ, ки аз авом буд, забони арабиро намедонист (тибқи ахбори "Таърихи Сиистон"), барои тарвиҷи забони форсии дарӣ талош мекарданд.
Касби истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ зарурати таҷдиди хотираи таърихӣ ва ҷамъоварии ҳамосаи аҷдодии эронинажодро ба миён овард. Зеро барои тақвияти истиқлолияти сиёсиву миллӣ талқини ифтихороти таърихии ин марзу бум хело муҳим буд. Аз ин ҷост, ки билофосила баъд аз касби истиқлол ва ба миён омадани давлати муқтадири тоҷикон- Сомонииён, ҷамъоварии ривоёти таърихиву асотирӣ оҒоз мегардад. Дар натиҷа чандин "Шоҳнома"-ҳои мансур таълиф мегардад, ки қадимтарини он "Шоҳнома"-и Абумуайяди Балхист (ибтидои асри X). Ва сипас "Шоҳнома"-ҳои Муҳаммади Балхӣ ва Абўмансурӣ мебошанд, ки ҳама маводи асосие барои ба миён омадани "Шоҳнома"- и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб мешаванд.
Гиромидошти хотираи ниёгон ва ифтихороти таърихиву миллии тоҷикон, махсусан, ифтихору таҷлил аз аввалин давлати муқтадири тоҷикон-Сомониён дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ва истиқрори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як идеологияи ваҳдати миллӣ табдил гашт, ки тамоми мардуми Точикистон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт. Ва ин ваҳдати миллӣ танҳо тавассути забони миллӣ, ки пояи истиқлоли миллист, имконпазир гардид. Аз ин рў, барои истиклолияти комил забони миллӣ бояд ба сифати забони муоширати байни тамоми миллатҳои сокини чумҳурӣ хидмат намуда, аз чорчўбаи танги милливу маҳаллии хеш берун ва дар тамоми соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тасаллут пайдо кунад.

II. ТАФАККУРИ МИЛЛӢ
БАР ПОЯИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ
Барои он ки мо дар ин даврони ҷаҳонишавӣ муқовимати солим карда тавонему дорои истиқлолияти комил гардем, бояд тафаккури нави созандае бар пояи забони миллӣ ба миён ояд. Зеро тафаккур бо забон робитаи бевосита дорад ва тафаккури ҳар халқу миллат тавоноии забони онро муаян мекунад. Агар имрўз забони мо аз баргардони мафҳумҳои улуми ҷадид, то ҳадде нотавон аст, яке аз сабабҳояш робитаи забону тафаккурамон маҳсуб мешавад. Аз як тараф, агар амонати забоние, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст наметавонад ин мафҳумҳои илмию техникиро ба таври дақиқ ба мо бирасонад, аз тарафи дигар, нобасомониҳои фарҳанги кунунӣ ва асрҳои зери султа буданамон, забонамонро тарҷумазадаву гуфторамонро қолабӣ кардааст.
Табиист, ки дар ин фурсати кўтоҳи таърихӣ ( баъди касби истиқлол) ба вуҷуд овардани тафаккури нави ҷавобгўи инқилоби илмӣ-технологӣ Ғайри имкон аст, аммо расидан ба ин ҳадаф яке аз рисолатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Чунки дар ҳар давру замон вобаста ба тафаккури халқ ё миллат забони он рисолати таърихии хешро дорад. Агар рисолати забони форсии тоҷикӣ дар гузашта ба мо расонидани "ойини ҳамосӣ -паҳлавонӣ, ваъдаи дидори маъбуди азалӣ ва ҳолати ваҷду самоъ" аз забони Фирдавсӣ, Ҳофизу Мавлоно бошад, пас ин забон рисолати хешро ба ваҷҳи аҳсан анҷом додааст. Зеро ба ин мақсад тамоми қолабҳои лозими забонӣ ва мазмунҳои заруриро фароҳам овардааст. Аммо, ба қавли доктор Дорюши Шойгон, фарҳангшиноси маъруфи эронӣ, имрўз агар аз забони форсии тоҷикӣ "бихоҳем, ки гирифториҳои Кант ва дарди дили Ҳегелро бозгўяд ва ба вижа, мўҳтавои парешони ҳамаи улуми ҷадидро, ки аз батни фарҳанги ошуфтаи Ғарб ба сурати ҳазорон ҷарақаҳои фурўзон пароканда шуда, баргардонад, онгоҳ аз он чизеро мехоҳем, ки дар тавонаш нест. Забони форсӣ забони иҷмол асту ишора, на забони тафсилу таҷзия".
Ин ҷо манзури доктор Шойгон нотавонии забони форсии тоҷикӣ нест, балки оҷизии тафаккури мост. Зеро маълум аст, ки байни калимаҳои тарҷуманашавандаи як забон ва рўҳи халқ ё миллате, ки ба он забон сухан мегўяд, робитаи ниҳоние вуҷуд дорад. Ва забони форсии тоҷикии мо аз ин лиҳоз хело Ғанист. Мафҳумҳои тарҷуманашавандаи забонамон (ашъори шуарои классикиамон гувоҳи он аст) ба қавли Жак Маритен, файласуфи маъруфи қарни XX Фаронса ба ҳайси "унвонҳои ашрофияти метафизикӣ"-и [3,215] худи миллат хидмат мекунад. Агар ин мафҳумҳо дар баробари тарҷума муқовимат мекунанд, сабабаш дар он аст, ки бо рўҳияву назари мо самимона тавъаманд. Вақте ки ба қолаби забони дигар баргардон мешаванд, сеҳри каломашон аз байн меравад.
Аз ин рў, ин ҷо масъала ду паҳлўи як сикка аст, зеро забонҳои аврупоӣ низ дар тарҷумаи шеъри ҷаҳоншумули мо ду чандон нотавонанд. Барои мисол, агар бихоҳем чанд Ғазале аз Хоҷа Ҳофиз ё аз ҳазрати Бедилро ба яке аз забонҳои аврупоӣ баргардон кунем ба ҳамин нотавонии ин забони аврупоӣ бармехурем. Зеро сохти таҳлилии забонҳои аврупоӣ барои ироаи дақиқи иҳоми вожаҳо, таркибу мафҳумҳои печидаву тафсирпазири забони форсии тоҷикӣ, ки бо тамсилу шиора як дунё маънӣ доранд, оҷизанд. Бешак имконоти шеърии забонамон дар навъи худ беназир аст, ки он аз рисолати худи забонамон бархостааст. Аз ин рў, то ба имрўз тафаккурамон шоирона ва забонамон истиорист.
Забони мо он гоҳ ба дарди улуми муосир мехурад, ки мо ҳам таҒйир кунем ва аз тафаккури суннатӣ, ки анбори захираҳои андўхтаи ниёгонамон аст, ба тафаккури таҳлилӣ гузарем. Ба қавли доктор Дорюши Шойгон: "Ҳар гоҳ тавонистем қолабҳои фикрии худро иваз кунем ва аз бақоёи биниши асотирӣ ва ҷодуие, ки ҳанўз ҳам дар кунҳи зеҳнамон побарҷост, раҳо шавем ва диққату мўшикофӣ ва таваҷҷўҳи хос ба ҷузъиёту бардошти таҷрубӣ аз воқеиётро ҷойгузини иҳоми зеҳнӣ ва диди орифона ба умур гардонему аз фалаҷи фикрии кунунӣ озод шавем. Ва худ ба тафаккуру Ғавр дар умур бипардозем... ва аз шаҳомати фикрӣ бархўрдор бошему аз ҷаҳишу суқути андеша боке надошта бошем, он гоҳ забони мо худ ба худ чизи дигаре хоҳад шуд".
Ба таъбири дигар, ин тафаккур аст, ки забонро месозад ва мондагориву рушд ва ё аз рамақ мондани забон низ аз будан ё набудани тафаккур вобаста аст.
Як амри табиист, ки имрўз бисёре аз мафҳумҳо ё истилоҳоти илмӣ, сиёсӣ ва фаннӣ, ки эҷоди забонҳои аврупоианд, дар забонамон муодили дақиқ надоранд. Зеро онҳо таровиши тафаккури Ғарбианд, ки марҳилаи инқилобҳои илмӣ - техникӣ ва фановариро сипарӣ кардаанд.
Ҷомеаҳои шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар марҳилаи таърихи гузариш қарор дорад, ки беш аз ҳафтод дар сади мардуми кишвар бо биниши асотирӣ ҳурофотӣ зиндагӣ мекунанд. Чунки руҳонияти мо бо милокҳои ( меъёрҳо) асримиёнагӣ умр ба сар мебаранд ва дар муқобилашон қишри маъдуди зиёӣ ё ба қавле "рўшанфикр"-и мо то ҳадде талош мекунанд, ки бо тафаккури муосир ҳамқадам бошанд.
Мутаассифона, ин ду қишри ҷомеа якдигарро наметавонанд бифаҳманд. Зеро заминаи тафаккури рўҳонияти мо забони арабист, бар пояи тафаккури мазҳабӣ-асотирӣ. Заминаи тафаккури рўшанфикрони мо бештар забони русӣ ва ҳоло аҳёнан англисист, бар пояи андешаи то ҳадде таҳлилӣ. Ҳар ду қишр тафаккурашон бар пояи забони миллӣ нест ва мушкили аслӣ низ дар ин ҷост.
Албатта, ба вуҷуд омадани тафаккури наву пўё дар заминаи забони миллӣ як раванди буҒранҷу тўлонист, аммо ба шарофати истиқлоли кишвар ва раҳнамоию талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шолуда ва бунёди он гузошта шудааст, ки самараи дилхоҳе ба бор хоҳад омад. Чунки забони тоҷикии мо тавону зарфияти онро дорад, ки рисолати хешро дар заминаи тақозо ва талаботи даврони шадиди ҷаҳонишавӣ ба таври аҳсан анҷом дода, тафаккури миллиро ба миён оварад.
Аз ин рў, то замоне, ки тафаккури миллӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд наояд ва онро ҳар як фарди ҷомеа дарк накунад, дар бораи истиқлолияти комил сухан гуфтан арзёбие шитобзад ва дур аз воқеият аст.
Олимҷон ХОҶАМУРОДОВ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор,
сарходими илмии Институти омўзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин