Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

БАДАХШОН: "Бону" либоси зебанда медўзад

Дар Тоҷикистон ҳунарҳои зиёди мардумӣ ба мисли бофандагӣ, кулолӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, танўрсозӣ, қаннодӣ, зардўзӣ ва заргарӣ, кандакорӣ ва амсоли ин байни мардум роиҷанд. Дар ин байн ҳунари дўзандагӣ мавқеи хоса дорад.
Эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба эҳё ва ривоҷу равнақи либосҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Барои ҳунармандон шароити мусоид баҳри рушди соҳаи пешаварӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ба миён омад. Ҳамчунин имтиёзҳои андозӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аз фурўши маҳсулоти худ сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар созанд.
Сехи дўзандагии "Бону" аз ҷумлаи чунин корхонаҳое мебошад, ки дар шаҳри ХоруҒ муштариёни зиёде дораду кормандони он аз ҳисоби истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хеш буҷети оилавиро Ғанӣ гардонда, рўзгори хешро таъмин менамоянд.
Дар сех 8 нафар бо ҷои кор таъминанд, ки ҳамаи онҳо бонувони чирадастанд. Сехи мазкур аз тарафи шабакаи МСДСП-и Хазинаи ОҒохон соҳиби грант гардида, ба пешбурҳои беш ноил гардидааст.
Мардуми шаҳри ХоруҒ ва атрофи он аз хизматрасонии чеварони ин сех бархўрдоранду муштариёни зиёд ба чеварони ин сех аҳсан мегўянд. Зеро ҳамаи онҳо бо ҳунари худ ба пиру барно сару либос медўзанду куртаҳои дўхташудаи онҳо хушнамуду зебоянд. Анқариб сад нафар духтарони гирду атроф дар ин сех шогирд истода, касби дўзандагиро аз худ мекунанд. Наварўсакони зиёд низ дар рўзи ҷашнҳои арўсӣ аз дастранҷҳои ин сех ба бар мекунанд.
- Фикр мекунам, ки дар ҳар як коргоҳ қабл аз ҳама бояд ба сифати маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода шавад- мегўяд сардори ин сех Фарангис Мўсоева. Имрўз дар ҳамаи соҳаҳо рақобати солим вуҷуд дорад. Гуфтаниям, муштариён одатан он маҳсулотеро харидорӣ мекунанд, ки хушсифату хушнамуд истеҳсол карда шавад, агар сифаташ паст бошад, мо аллакай якчанд муштариёнро аз даст медиҳем. Вақте ки моли корхона харидор надошта бошад, корхона, албатта муфлис мешавад.
- Имрўз бештари ҷавонон мехоҳанд, ки яке аз рўзҳои фаромўшнашавандаи умрашон тўи арўсию домодиро дар либоси миллӣ гузаронанад. Зеро ба боварашон сару либоси миллӣ ҳам зебосту ҳам хушбахтӣ меорад ва нишонае аз як рўзи муҳимтарин дар ҳаёташон мебошад. Ин аст, ки боз куртаҳои миллӣ мўд мешаванд ва мо ба иҷрои супориши мизоҷон омодаем. Сару либоси миллии арўсу домод рамз дорад. Ранги сафед, рамзи покӣ ва хушбахтӣ аст. Шерозаҳои пурнақшу нигори дар гиребон ва гирди остин зада, ҳам рамзҳои гуногун доранд. Дар онҳо ҳамбастагии инсон бо табиат ва чор аносири он- хок, об, оташ ва бод бо шаклҳои гуногун ифода ёфтаанд. Ороишоти сару либоси миллии бадахшонӣ хеле зебо ва дар айни замон хоксорона асту дар он зарҳалӣ ва рангҳои ҷилодор истифода намешаванд. Чеварони ин сех аввалан ба таври шартномавӣ ба кор қабул карда мешаванд, агар онҳо дар муддати 10 рўз аз имтиҳони ҷиддии сардори корхона гузаранд, ба кор фаро гирифта мешаванд. Ва аз ҳамин сабаб дар сех чеварони сатҳи баланди касбӣ фаъолият доранд.
Имрўз молу маҳсулоти тайёрнамудаи ин чеварон дар намоишгоҳҳои сатҳи минтақавиву вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва берун аз он пешкаши мардум мегардад.
Айни ҳол дар шаҳру навоҳии вилоят бисёр корхонаҳо ба мисли "Бону" амал мекунанд, ки ҳар яки аз онҳо мехоҳанд муштариёни зиёде дошта бошанд ва онҳое, ҳам ки мехоҳанд ҳамеша куртаҳои зебою шинам ба бар дошта бошанд, аз хизматрасонии устоҳои чирадаст истифода мебаранд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин