Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

1
Худованд дунё, инсон ва мавҷудоти оламро танҳо барои ваҳдат офаридааст. Таърих, таҷрибаи рўзгори ҳазорсола собит месозад, ки бе созиш, якдиливу ҳамбастагӣ низоми зиндагии инсонҳо ва ҳастии набототу ҳайвонот, ҳам дар зери уқёнусу дарё ва дар ҳафт қабати осмон низ вайрон шуда, фалокату фоҷиаҳои мудҳиш ба вуҷуд меорад. Яъне ваҳдат амри Офаридгор барои пойдориву сарсабзии кураи арз, ҳаёти зебо ва осудаи инсонҳо, боз бақои мавҷудот аст. Худо накунад, ки инсонҳо ба ҷойи ваҳдат ва сулҳу субот хушунат ё кинаву адоватро пеш гиранд, ҷангу ҷидол ва сўхтору харобкорӣ ба вуҷуд меояд, ки ин аз ҷаҳли мураккаб ба дасисаи шайтон гирифтор шудан аст. Бадбахтона, ҷомеаи инсонӣ дар тўли таърих аз рўйи худхоҳӣ ва бехирадии шоҳону сарлашкарон, ҳизбу тўдаҳои тундрав бандаи низову дасисаи Иблис шуда, шаҳру қасрҳои обод ба хок яксон карда, дарё-дарё хуни ноҳақ рехтаанд.
Имрўз низ бар асари поймол кардани ниҳоли ваҳдат ва сабзондани хори кудурату душманӣ басо мамлакату шаҳрҳои обод, ёдгориҳои бемисли қадима, ки нишони ҳунар ва ақлу заковати башарият маҳсуб мешуданд, дар коми оташи силоҳҳои даҳшатангези муосир сўхтанду ба хокистар табдил ёфтанд. Яъне ақлу заковат ва ҳунар бунёд кард, осори ҳайратовар офарид, ҷаҳолату бадхоҳӣ шикасту сўхту хун рехт… Ваҳдат зиндагисозу зебопараст аст, ба равнақи илму адабиёт, пойдории сарватҳои маънавӣ, ишқу ормонҳои инсонӣ, бақои давлат мусоидат мекунад, ҷаҳолату хушунат харобиовар асту мероси шайтон ва чун Аҳримани сиёҳкору бадкирдор офаридаҳои арзишманди инсонро ба боди фано медиҳад ва ҳазору як бадбахтӣ пеш меорад. Аз ин хотир осори адабии беш аз ҳазорсолаи мо бештар ваҳдатсарову инсонгаро мебошад. Агар мушаххас бигўем, ваҳдат барои зиндаву тобанда то ҷовидон нигоҳ доштани инсону табиат, ширину гуворо зистани ҳар як хонадон, пойдории истиқлоли давлату ҳастии миллат чун нафас ва обу ҳаво зарур аст.
2
Рўзи сиёҳ, бадбахтии сангинтарин аст ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳли зиё, инсонҳои бедордилу дурандеш ва дар маҷмўъ барои мардум. Хушку тар баробар месўзад ва шояд бегуноҳон аз гунаҳгорон бештар қурбон мешаванд дар ҷангу носозиҳои шаҳрвандӣ. Фоҷиаи меҳану миллат, хунрезиву харобкорӣ дар он марҳила чун тири сўзону заҳрогин ба дили фарзандони равшанфикр расид ва баъзе зиёиёни тоҷикро дилшикаставу пароканда сохт. Вале онҳо дар ҳар куҷое буданд, ба тарзи худ дар Ғами фоҷиаи миллату меҳан сўхтанду нолиданд. Заҳри носозиҳои рўзгор, душмани хуниву ҷонӣ шудани фарзандони як модар, аз фарти бехирадӣ ва ҷаҳолат кишварро хароб, миллатро бадному сарпаст карданашон адибони асилро хуниндилу марсиясаро кард. Навҳаҳои талхи модарони ҷигаркабоб, занони сиёҳбахт, ятимони хорузор ва сарзамини таҳқирдидаву валангори имдодхоҳ дар нигоштаҳои адибони баркамолу ҷавон он рўзҳои сиёҳ ҷойи хосаро гирифт. Ин ҳам ҳукми сарнавишт буд. Ҳар фарзанди вафодор бо дарду алам фоҷиаи миллату ватанро барои ибрати фардоиён пурсўзу гудоз ва ҷое бохашму дидаи гирён сароид. Ин қарзи фарзандӣ аз рўйи рисолати адабияшон буд…
3
Агар аз рўйи инсоф даст болои дил ниҳода, манзараи ҳақиқати талху шўри оҒози солҳои навадуми асри бисти мамлакатамонро пеши назар биорем, бедудилагӣ хоҳем иқрор кард: Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор дошт. Ҳокимият, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуданд. Роҳбарони аввал, ки дар доираи чорчўбаи амру супориши Маскави абарқудрат одати кору фаъолият кардан доштанд, аз дигар шудани сиёсати давлатдорӣ, сар задани ошўбу майдоншиниҳо ва қувват гирифтани ҳаракату ҳизбҳои ҷоҳталабу ҷудоихоҳ, ба қавле дасту поча ва мувозинаташонро гум карданд, зимоми давлатдориро аз даст доданд.
Аз ҷиҳати авҷи бесарусомонӣ ва худхоҳиву қонуншиканӣ барои ҳидоятгарони навбаромад майдонҳои кушод фароҳам омад. Ва якбора аз замин гўё сиёсатмадору ҷорчӣ рўид. Дигар ҳама дар майдону минбарҳо дар забон ватанхоҳу ҳақталош шуданд ва ба мардуми содадилу ноогоҳ, гумроҳу аз ин бесарусомониҳо ҳайрон ваъдаҳои беҳисоб дода, дар асл ба хомталош кардани кишвар камар бастанд.
Ана дар ҳамин ҳолати фоҷиабор, ки ҳастии давлат дар сари мў меларзид, меҳан ва мардуми гирифтори ҳалокатҳои пай дар пай интизори раҳоӣ аз ҷангу ҷидоли хунрез, таҳқиру қонуншиканӣ, парешониву бадбахтӣ буданд, бар асари беҳокимиятӣ, дурусттараш аз ночорӣ дар Душанбе не, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ва дар ин иҷлосияи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари нави Тоҷикистони ҷангзада ва нисфаш валангору хароб интихоб карданд. Ҷавон буд ва чун роҳбару сиёсатмадор ба мардум чандон ошно не.
Ба ҳар сурат мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сари минбар ваъда дод: "Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам… То як ҳамватан дар хориҷа Ғариб аст, ором намехобам", дўхт. "Кош фариштаҳои роҳгузар омин гўянд ва ин паёми неки роҳбари ҷавон ҷомаи амал пўшад", - дар дил мегуфтанд одамон. Оре, халқ ҳикмате дорад: "Баракат дар як дона, надонӣ дар кадом дона". Худо кунад, ки ин сарвари ҷавон некқадаму баиқбол бошад ва кору фаъолияти давлатиаш ба дарди Ватану халқ дармон шавад. Ақлро пешравии давлат низ мегўянд ва роҳбари нави Тоҷикистон бо ҳамсафарон бо сабру таҳаммул мушкилиҳои сангин, нокомиву дассисаҳои дохиливу хориҷиро бо талошу дурандешӣ пушти сар карда, ба зудӣ не, балки бо гузашти солҳо барномаи сулҳу субот ва расидан ба рўзи ормону мурод - Ваҳдати миллиро амалӣ сохтанд. Дар ин маврид ин гуфтаи Расули акрам (с) ба ёд меояд: Гуфт: "Бигўям шуморо чист, ки аз намозу рўзаву садақа фозилтар аст?". Гуфтанд: "Бигўй". Гуфт: "Сулҳ афкандан миёни мусулмонон". Аз ин назар бо инояти Худованд ин фармудаи ПайҒамбар (с) бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба даст омадани имзои Созишномаи сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷомаи амал пўшид. Ва он бузургтарин дастоварду хидмат аст, ки ҳама хушунату ҷангу ҷидолро батадриҷ аз байн бурд ва миллатро ба саодату созандагӣ расонд. Ватанро ободу машҳури дунё гардонд, шоирону нависандагон, аҳли зиёи шикастарўҳу марсиягўро ваҳдатсаро кард. Дигар ба хосу ом маълум аст, ки Асосгузори ин сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
4
Ҳифзу ҳимояи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдатамон, ки дар ҷаҳон чун падидаи камназири омўзанда пазируфта шудааст, оянда бар дўши ҷавонҳост. Онҳо, пеш аз ҳама бояд чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошанд, аз роҳи манфиати давлату миллати хеш заррае берун қадам нагузоранд. Бо омўзиш ва саводу дониш ақлу заковат ва ботини худро Ғанӣ созанд. Таъриху фарҳанг ва забонамонро донанду эҳтиром намоянд, бо ҷасорату мардонагӣ, фаҳмишу худшиносӣ ва ифтихор аз миллату давлати азизамон - Тоҷикистон намунаи ибрати имрўзу фардо шаванд. Ва боз ба такрори он каҷравӣ, саҳву хатоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, роҳ надиҳанд. Ин қарзи фарзандии ҷавонони имрўзу фардо дар назди Ватан ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин