Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

МАРҲАБО БА ҲИСОРИ МО!

Манзараҳои хеле зебову дилкашу роҳатбахш дорад Ҳисори Шодмон, ки аз тамошояш ҳеҷ сер нахоҳед шуд. 3000 сол мешавад, ки Ҳисори Шодмони мо машҳури олам мебошад. Диёри хурраму дилнишину тамошобоб аст. Дар ин минтақа метавонед, дар як рўз чаҳор фасли солро мушоҳида кунед: кўҳҳои сарбафалаккашидаи сарсафедро менигареду гумон мекунед, ки фасли зимистон аст, ба доманаи сарсабзу гулпўши ин кўҳҳо чашматон меафтад ва ба гўшатон хониши парандагони ҳазорово мерасаду мепиндоред, ки баҳори гулбасар ҳукмрон аст, аз гармои водиҳо хешро ба сояи Ғафси дарахтон мекашед ва ба табақҳои пур аз гелосу шафтолуву себу ангуру нок чашматон афтида, хаёл мекунед, ки мавсими ҳосилҒундорӣ омадааст. Дар саҳро кишоварзон машҒули коранд, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд, ба замин Ғизо медиҳанд, ба қавле, заминро сер мекунанд, то ки он дигаронро сер кунад. Нақлиёти худро оҳиста биронеду киштзори канори роҳро тамошокунон ба сўйи мақсад пеш равед, аҷаб кайфияте мебардоред. Азиз медоранд ҳунармандони асил-деҳқонони мо заминро. Замин барои мо рўзирасон ва боҒу бўстон аст. Чӣ қадар боҒу бўстон бисёр бошад, ҳамон қадар зиндагӣ ширину шаккарин мегардаду сафи ёру дўстон меафзояд, яъне дари ҳунарманд ба рўйи дўстон ҳамеша во аст.
Мардуми пурҳунару гулдасти мо дар заминҳое, ки бештар санглоханду ҳосили хуб намедиҳанд, биноҳои истиқомативу маъмуриву иҷтимоӣ-хизматрасонӣ месозанд ва шаҳри худро васеву зебо мегардонанд. Тамошои биноҳои баландошёнаи зебову хуштарҳ низ кайфияте дорад, ки беқиёс аст. Бунёд кардани биноҳои аҷоиб низ ҳунар аст, ҳунари воло. Кас аз дидани бинои боҳашмати наҷиб ба ҳайрат меояду бори дигар муътақид мешавад, ки дасти инсон муъҷиза меофарад. Масалан, чашматон ба бинои замонавии чойхонаи бузурги "Харбуза" меафтаду то дер аз зебоии ҳайратангези он чашм канда наметавонед. Ба пиндор, он Тоҷмаҳали Тоҷикистон бошад, ки навхонадорон ва сайёҳони хориҷӣ дар назди он сайру гашт мекунанду акс мебардоранд. Дар Ҳисори Шодмон дар худи ҳамон соат метавонед, ба даври куҳан сафар кунед ва ба Қалъаву кўшку мадрасаву масҷидҳои қадимаи шаҳрамон шинос шавед, яъне ба умқи таърих Ғўта занед. Хоҳед, ки бо ҳунарҳои мардумӣ шинос шавед, ба бинои муҳташами сеошёнаи Осорхонаи маркази шаҳр, осорхонаҳои Қалъаи Ҳисор ва деҳот биёед ва, албатта, аз дидани ин қадар маҳсулоту нигораҳои ҳунармандӣ моту мабҳут хоҳед шуд. Об ҳасту ободонист. Қад-қади дарёҳои Чангобу Кофарниҳон деҳаҳои хушманзар ҷой гирифтаанд, ки аз оби ҳаётбахши ин рўдхонаҳои бузург сабзу хурраманд ва мардум аз ин сарвати бебаҳо сар ба гардун расондаанду дар поку тоза нигоҳ доштан ва сарфакорона истифода бурдани он мекўшанд ва шукри Истиқлолият, Пешвои миллат ва сулҳу Ваҳдат карда, рўз ба рўз устуворона қадам зада, дар рушди Ватани маҳбуб ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Соли 2018-ум Соли рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд, ки хеле иқдоми наҷибу шоиставу саривақтӣ хоҳад буд. Ба пиндори мо, аз мардуми тоҷик дида ҳунармандтар ва аз кишвари мо дида замини зеботарро дар ҷое ҳам нахоҳед дид. Тоҷикон аз қадимулайём ба ҳунару ҳунармандӣ арҷ гузоштаанд. Ҳамаи номҳои касбу корҳо тоҷикиянд: сартарош, кулол, зинсоз, чармгар, чўпон, дегрез, сангиосиётарош... Ҳунар мушкилкушосту ҳунарманд азизу муътабар. Нақл меравад, ки шоҳзодае ба дасти роҳзанон меафтаду ўро ба Ғуломӣ мефурўшанд. Шоҳзода ҳунари қолинбофиро медонист. Қолинҳои зебо мебофту дар ҳар ҷойи он рамзеро ҷо мекард, аз рўйи ҳамон нишонаву рамзҳо ўро ёфта, аз асорат халос мекунанд. Шоҳ Гаршосп роҳгум мезанаду ба мамлакате меафтад, азбаски оҳангариро медонист, аз туфайли ҳамин шуҒл аз гуруснагӣ наҷот ва шуҳрат ёфта, ба мамлакати худ бармегардад. Чӣ хуш гуфтааст шоири маҳбуб Сайидо:
Рў намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
БоҒбон ризқи худ аз пушти гулистон мехўрад.
Тамошои маҳсули дастони ҳунарманди мумтоз кайфияте дорад беқиёс. Халқи тоҷик беш аз ҳазор ҳунарро соҳиб аст ва дар урфият гуфтаанд: "Ба мард чил ҳунар кам аст". Ба ин арқом далел дорем, ки Мавлоно Ҷомӣ собит сохтааст:
Чунин гўянд меъморони ин кох,
Ки чун шуд бар иморат доя густох.
Падид овард устоде ҳунаркеш,
Ба ҳар ангушти дасташ сад ҳунар беш.
Даҳ зарби сад чанд мешавад?
Аз осори устод Айнӣ мехонем, ки шаҳру деҳаву гузару маҳаллаву растаҳо ба номи касби дасти пешаварону косибон гузошта мешудаанд, яъне эътибори ҳунарманд хеле калон будааст: "Мо аз растаи Қандалотфурўшӣ ва Мисгарӣ гузашта ба Тоқи Тиргарон расидем ва аз он ҷо ба тарафи шимол баргашта аз растаи Собунфурўшӣ ва Регистон гузашта ба тарафи Ғарб баргаштем..."("Ёддоштҳо", ҷилди 6, с.1962, саҳ.341). Падари устод Айнӣ Сайидмуродхоҷа соҳибҳунари ботамиз будааст: санги осиё метарошидааст, бофандагию кишоварзӣ мекардааст. Як худи сангиосиётароширо тасаввур кунед. Охир, аз як санги бузург ба тариқи гирда буридан ба назар осон менамояд. Ҳар як санги осиё 300 то 700 кило вазн дорад. Аз кўҳ овардану ҷо ба ҷо гузоштани онро гўед!
Сокинони Ҳисори бостон чун гузаштагони худ пурҳунаранд, ки аз ҳосили дасти онҳо ба ваҷд хоҳед омад. Деҳаҳои ин диёри зарнисор ба номи ҳунармандон машҳуранд: Кафшдўзон, Бўрёбоф, Заргарон...Дар ин макони дилрабо шумо лазизтарин нон, бомазатарин палав, ширинтарин мева ва гуворотарин обу чойро хоҳед чашид. Аз бозору дўконҳо намунае аз ҳунари дастии устоҳои бомаҳорат харид карда, ба хонаатон армуҒони шоиста мебаред.
Табиати мо худ меъмори беҳамтост, вале иқрор бояд шуд, ки маҳз ҳунармандони чирадасту кошифу моҳир ин минтақаро дилкаштару диданиву тамошобоб кардаанд. Аз зебоӣ мафтун мешавему беихтиёр ба мутафаккир Носири Хисрав ҳамовоз гардида, ба сонеъ (ҳунарманд) офарин мегўем:
Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест...
Зи касби даст набвад ҳеҷ оре,
Беҳ аз максаб набошад ҳеҷ коре.
Сари сонеъ ба гардун бас фароз аст,
Салотинро ба саноон ниёз аст.
Хоҳед, ки оламро рангобаранг бубинеду ҳаловат бареду хушҳол шавед, марҳабо ба Ҳисори мо!
Ҳаким АЛӢ (Назаралиев), сокини деҳаи Ғуриёт, ш.Ҳисор, узви ИЖТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин