Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

"МАН"-и МИЛЛАТ

"МАН"-и МИЛЛАТ

Аз азал адабиёт ва публисистика ба ҳам тавъаманд. Имрўз ҳам. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон адибон ба мавзўъҳои мубрам рў оварда, дигаргуниҳои ҷомеаи озоду демократии моро дар қолаби жанрҳои публисистӣ ба хонанда пешкаш менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба адибон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар як суханрониашон гуфта буданд: "Бояд таблиҒи Ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рўзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳвари адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад".
Ин суханони ҳидояткунандаи Сарвари давлат адибонро бетараф нагузошт ва шоиру нависандагон аз ин рўҳу илҳом гирифта, рў ба инъикоси масъалаҳои муҳим оварданд. Дар як муддати муайян мавзўъҳои фавқуззикр бо тамоми нозукиҳояш мавриди омўзиш, ҷустуҷў ва таҳқиқ қарор гирифт ва ба ин васила асарҳои хуби адабию публисистӣ пайдо гардиданд. Адибони тоҷик бо навиштаҳои худ эҳсоси ҳаммаромӣ, ҳаммаслакӣ, ҳамақидавии хешро бо Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу сафо, зиндагии шоистаи халқ, якпорчагии Тоҷикистони азиз, озодиву осудагӣ намуда, бо садоқату виҷдони пок асарҳои зиёде офариданд. Осори публисистии адибони мо воқеан созанда ва бо обу ранги бадеӣ навишта шудаанд. Ин асарҳои ба қавли олими рус Е. Прохоров "ифодакунандаи рўҳи замон" - анд. Дар маркази ҳар як асари публисистие, ки адибони мо дар мавзўъҳои гуногун, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ навиштаанд, сарнавишти халқи мо, миллати мо бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Адибони мо дар таълифоти худ аз ҳуҷҷатҳои воқеӣ, факту рўйдод, далелу санадҳо истифода бурда, ба таъбири профессор Асадулло Саъдуллоев "роҷеъ ба рўйдодҳои замон" андеша рондаанд. Осори публисистии адибонро мо аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ: "Ҷумҳурият", "Садои Шарқ", "Адабиёт ва санъат", "Садои мардум", "Помир", "Минбари халқ", "Тоҷикистон", "Озодагон", "Фараж", "Ҷавонони Тоҷикистон", ҳамчунин аз маҷмўаҳои дастҷамъӣ ҷуставу ба риштаи таҳлил кашидем. Мавзўи Ваҳдати миллӣ як рукни ҷудонашавандаи эҷодиёти шоиру нависандагон буда, адибон Абдулҳамид Самад, Низом Қосим, Доро Наҷот, Назри Яздонӣ, Зулфия Атоӣ, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Фарзона, Давлат Сафар, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Собир Султон, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Озарахш, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон дар ин мавзўи хеле нозук ва муҳими имрўзи халқи тоҷик асарҳои насрӣ - публисистӣ ва назмӣ - публисистӣ эҷод намуда, тараннуми Ваҳдати миллӣ кардаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар ашъори насрӣ ва назмии худ рў ба ин мавзўъ оварда, шеърҳои "Дили ман, ёд бодо он ҳама парвоз карданҳо…", "Роҳи оҳан", "Навбаҳор меояд", "Пеши роҳи ту во бод…" эҷод намудааст. Инчунин, нигоштаҳои публисистии ў "Пешвои барҳақ", "Диёро, Пешво бидиҳад паёмат", "Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт" аз маҳсули эҷоди тозанашри ўст. Пешвои миллат дар ашъори Низом Қосим ҳамчун офарандаи сулҳу ваҳдати миллӣ, манзуркунандаи роҳату оромӣ, ифтихори худшиносиву худогоҳӣ бо ифодаҳои "шаҳчароҒӣ", "бахти халқӣ", "табиби миллат", "қомати расоят", "дилфидои миллат", "хишти ҷисму ҷон" тасвир шудааст:
Дастони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат…
Ҳар як дастоварди миллат барои Низом Қосим мояи ифтихор ва таманниёт аст. Шеъри "Роҳи оҳан", ки ба муносибати ифтитоҳ шудани роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон навишта шудааст, оҳанги публисистӣ дошта, ба таъбири шоир он роҳи меҳру пайванду ваҳдат аст:
Чун раги шараёнӣ, эй раҳ,
Аз дили меҳан ба ҳар узви тани ў.
Роҳи пайвандиву ваҳдат,
Нестӣ як шоҳроҳи оҳани ў…
Дар ҳамин замина силсилаи шеърҳои К. Насрулло, М. Ғоиб, Г. Келдӣ, Н. Яздонӣ, Д. Наҷот, Р. Ваҳҳобзода, М. Ҳошимзода, А. Хуҷаста, Д. Сафар ва дигарон рўйи чоп омадаанд. Аз ҳар сатри шеъри шоирон бўи Ватан, ваҳдат, сулҳ, худшиносӣ, миллат, ҳамдилӣ, истиқлолият меояд. Силсилашеърҳои оҳанги публисистӣ доштаи Доро Наҷот, ки бевосита ба ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд ва номи "Ваҳдати миллӣ"-ро доранд, ҳамчун шеъри сафед иншо шудаву хеле хонданианд. Матлаи як шеър чунин аст:
Ваҳдат тулўи зарринтоҷи ориёст
аз махзанҳои миллат,
Ва ҳафтандарҷўши кафшерест, ки
васл мекунад моро
бо фўлоди пайкари миллат…
ё:
Ваҳдат гулшукуфти тоҷиконаи
чеҳраҳост
аз дарахти миллат
ва озарахши тоҷикии
гавҳари дидаҳост,
аз тоҷу тахти миллат…
Ва мақтаи шеър чунин аст:
Ваҳдат аст, ки хулоса мешавем
дар "Ман" - и миллат
ва як порча мешавем
бо меҳани миллат!
Дар шеъри мазкур мо якпорчагии Ватанро мебинем ва навои якҷояи "Шашмақом" - у "Фалак" - ро мешунавем.
Маҳмадюсуф ИМОМЗОДА,
академик,
Аъзамҷон АЗИМОВ,
профессор

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин