Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

ФУРЎҒИ САВОБ

Ман як нафари накўтолеъам, ки Худовандгор бароям дар ин ҷодаи кўтоҳу дароз, ки номаш Зиндагист, бо инсонҳои арҷманду муаззам ва камназиру бемасал шарафи дўстиву ошноӣ бахшидааст. Дар ин ҳалқаи мунир устод ва бародари бузургам Абдулманнони Насриддин, ки аз соли аввали донишҷўӣ роҳбари гурўҳи мо буданд ва то имрўз моро роҳбари иршод мондаанд, ҷойгоҳи шоиста доранд.
Боре дар рўзгори донишомўзӣ устод Абдулманнон маро насиҳат дода буданд, ки "ин қадар шабу рўз китобҳои иқтисоди сиёсиву коммунизми илмӣ нахон, зеҳни одам фақат дар ҷавонӣ хушпазир аст, баъд заиф мешавад. Ту бештар осори ниёконамонро омўз". Устод ҳамон вақт ҳам медонистанд, ки чӣ мондагор асту чӣ тундгузар. Барои муайян намудани мавзўи кори дипломӣ ман ба манзилашон рафта будам ва устодро дарёфтам, ки бо Ғайрату ҳиммати тамом хишт мерезанд. Мо қаблан олимонро андаке дигаргуна тасаввур мекардем: дар сарашон каҷкулоҳ, дар чашмашон айнак, дар дасташон кифи бузург бо шаҳомати хос дар долонҳои беҳаво гаштугузор мекунанд ва, як навъ, мунзавиёне ҳастанд, ки робитае бо замину об, бо офтобу борон ва бо гулу баҳор надоранд. Аммо устод Абдулманнон то имрўз суннатҳои шарифи падари зореъу боҒпарвар ва ҳамзамон донишварашонро идома мебахшанд ва ҳолиё ҳам муҳаббаташон ду қисмат шудааст: ҳам донаи аслӣ кишт мекунанд, ҳам донаи маҷоз. Ва аслан ин ду муҳаббат як муҳаббати воҳид аст ба дунёву инсонҳояш, ё саҳеҳтар бигўем, ба худи Нақшбанди вуҷуд, ки устодро ҳам азамати рўҳ додааст ва ҳам нерўи бозу. Устод аз замин афкандагиву фурўтаниву тавозўъро омўхтаанд, аз осмон иртифои рўҳро. Ҳама афкандагиҳояшон аз Ғояти сарафрозист.
Масалан, тамоми донишҷўён медонанд, ки устод Абдулманнони Насриддин ҳаргиз касеро сахт танбеҳ намедиҳанд, садо баланд намекунанд, ё бо виқор ба ҳарфи касе даст намеафшонанд, аммо баробари ин барои пеши устод рафтану матлаберо гуфтан бисёр бедаступо мешаванду ҷасорат намекунанд, худро қафо мекашанду лол мемонанд, зеро шаҳомати рўҳи устод ба ҳадде баланд ва сиришти ойинапартавашон ба ҳадде шаъшаарез аст, ки ҳамаро хира мекунад ва ҳар кӣ ҷуръат намекунад, ки бо як қофила ҷурм рост ба чашми ойина назар созад. Дар маҳфилу ҷаласае, ки устод Абдулманнон ва якчанд дигар донишмандони камназир ҳузур дошта бошанд, масъулияти мутакаллим бисёр баланд мешавад, зеро он чи мақбули ом аст, ба хос писанд наояд. Бояд абрешимро болотар зад ва садое марҒубтар рўшан кард.
Ба ҷуз китобҳояшон "Шамс-ул-луҒот ва аҳаммияти он барои луҒатшиносии тоҷик", "Нависанда ва шарҳи осори адабӣ", "Маърифат ва шарҳи адабиёт", "Фарҳанги мушкилоти адабиёт", "Сухани фаришта" "Сеҳри мубин", "Рўдакӣ", китоби дуҷилдаи "Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик" устод бештар аз 500 мақола интишор намудаанд, ки гиреҳкушои бисёр масоили адабӣ ҳастанд. Ва зиёда аз ин ҳастии бошарофати устод ба ҳадде ба шогирдонашон шодиву дилпурӣ мебахшад, ки якеи онҳо рўзе ба ман гуфт: " Ҳар бор ба факулта (факултаи суханшиносӣ) оям, аввал мошини устод Абдулманнони Насриддинро ба чашм тавоф мекунам ва дилам қавӣ мешавад, ки устод ин ҷо ҳастанд, яъне ҳақиқат ва маънавият пирўз аст ва мо ҳам ятим нестем".
Вақте ман бо муҳаббату хулуси нотасвир дар рўзгори навҷавониям худро ба кўчаи ноошнои шеър мебурдам, устод ҳамеша роҳи маро чароҒафрўзӣ мекарданд. Рўзе ману модарамро ба манзилашон бурданд ва ба аҳли хонаводаашон чунин муаррифӣ карданд: "Иноятҷон (устод маро ҳамеша чунин ном мебаранд) хоҳари воқеии ман аст".
Хушбахтона, ин хоҳариву бародарии хуҷаста то имрўз бегазанд мондааст. Ба қавли шайх Камол:
Меҳри қиёматиро ҳаргиз завол бошад?
Ҳай-ҳай, наузубиллаҳ, ин худ чӣ қол бошад.
Аз ин муридиву шогирдӣ ва дўстиву ошноӣ ман бисёр суд бардоштаам ва ангезаҳое барои шеър гирифтаам. Рўзе устод аҳли хонавори моро ба рустои Деҳмой, ба тамошои замини шолизорашон бурданд ва он ҷо ман анбўҳи сўзанакҳои садрангро дидам, ки дар таҷаллизори офтоб гирд мегаштанду самоъ мекарданд ва ман чакомае сурудам:
Дар он диёри гулпаракони ҳарирбол...
Тозабаҳори соли 1987 устод Абдулманнон, ки сарвари факултаи суханшиносӣ таъин шуда буданд, маро ба ҷашни Наврўзи донишҷўён даъват намуданд ва ман бо ҳамин баҳона раҳораҳ таронае мавзун кардам:
Замин гулпўшу сабзоҒўш, шафақ бо қуллае ҳамдўш,
Сабо дар соҒари гулҳо шароби қатра дорад нўш...
Гули зардолу мерезад...
Ин гуна шеърҳо, ки мутивашро устод ирсол кардаанд, хеле бисёранд.
Чунин иттифоқ афтода буд, ки ҷашни арўсии ман ва хатнатўии писарони устод Абдулманнон (устод панҷ писари аршаду шоиста доранд) дар як шаб барпо шавад. Бародарии устод Абдулманнон ба ҳадде самимиву содиқона аст, ки як ҳавлӣ меҳмону ташвишу тараддуди беҳисоби худро ба дигарҳо вогузошта, дар базми мо ширкат карданд ва баъди хотимаи он устод Лоиқ ва дигар меҳмонони мўътабарро ба манзили худ бурданд. Устод Лоиқ низ сўҳбатҳои Абдулманнони Насриддинро бисёр дўст медоштанд ва ҳар бор, ки ба Хуҷанд меомаданд, ба Толибҷон мегуфтанд: "Барои ман Ҷўрабек, Атахон, Абдулманнон, Носирҷон, Аҳмадҷон, Усмонҷон, Нурмуҳаммад, фалонӣ, фалониҳоро ёб!" Чандин соату шабу рўзи хуҷастаи устод Лоиқ дар ҳавлии муаллим Абдулманнон гузаштааст ё мондагор шудааст. Бахусус, як шоми лоҷварди романтикӣ, ки устод Лоиқ дар манзили муаллим риндона шеър мехонданд ва Хосияти Зарафшонӣ таронаҳои шодоб месуруд:
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд,
Аз бисотам ситора хоҳад монд.
Аз касе як хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд.
Соат дуи шаб буду меҳмонони хушбахт мизбонро раҳо намекарданд ё мизбонони хушбахт меҳмононро. Дар хазинаи устод Абдулманнон чун ёдгори азиз чанд китоби армуҒоновардаи устод Лоиқ мондааст, ки "Ҳофизнома"-и Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ дар ин шумор аст. Ва шояд мулоқот ва дўстии баъдии устод Абдулманнон бо Хуррамшоҳӣ ва бузургони дигари адаби порсӣ ба ҷуз ишқу хулуси мустақим ва мутолиаи пайвастаашон, бо далолату заминагузории маънавии устод Лоиқ низ сурат гирифта бошад. Ва ҳоло дўстии мо бо бузургони муосир ба василаи худи устод Абдулманнон муяссар мешавад. Масалан, чанд рўз қабл, дар сафари Эрон вақте бо устодони Донишгоҳи Кошон мулоқот доир шуд, устод Абдулманнон як нафари онҳо - Саид Муҳаммади Ростгўро чун Қуръоншинос ва Ҳофиздони номвар тавсиф карданд ва чандин рисолаашро ном бурданд. Соате пас дар боҒ ва музеи таърихи БоҒи Фини шаҳри Кошон вақте ман бо оқои Ростгў рўбарў омадам ва иттилоъи устод Абдулманнонро бозгў кардам, шодии ў канора надошт ва тамоми рўз бо нишоти бузург раҳнамоии моро анҷом дод. Ин ошноӣ баҳона шуд, ки баъди бозгашт ман ба мутолиаи осори доктор Ростгў пардохтам.
Аслан, ба қавли аллома Иқбол, як умри ҳазорсола бояд, то ман яке аз ҳазор гўям. Ҳам он ҳазору ҳам ин як ногуфта беҳ, ки намешавад аз инсоне, ки рўҳаш нури мусаввар аст, нақше кашид. Ин ҷо иктифо мекунам ва устод Абдулманнонро бо милоди фархундаашон таҳният мегўям. Орзу мекунам, ки ҳамеша поянда ва мубашшири субҳҳои оянда бошанд:
Ту, эй чароҒи ҳидоят, ту эй, фурўҒи савоб,
Фитодаем дар ин кўрараҳ, ба мо бартоб!
Фарзона

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • muneer
  • 22-10-2018, 16:14
  • : 16:14
it was a wonderful chance to visit this kind of site and I am happy to know. thank you so much for giving us a chance to have this opportunity.. Guide to Create a New Gmail Account
  • aftabak
  • 24-10-2018, 14:33
  • : 14:33
The Windows Media Player and The Real Media Player. 123movies free
  • muneer
  • 30-10-2018, 12:16
  • : 12:16
That gives off an impression of being fabulous anyway i am still not very beyond any doubt that I like it. At any rate will look much more into it and choose by and by! fast food open near me
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин