Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Тоҷикистон мизбони ҷашнвораи байналмилалии филми "Дидор"

Дар доираи ҷашнвораи ҳаштуми филми байналмилалии "Дидор", Душанбе 2018, ки аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе давом дошт, дар муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» вохўрии кормандон ва донишҷўёни бахши режиссёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода бо яке аз иштирокчиёни чорабинӣ коргардони шинохтаи тоҷик Маргарита Қосимова доир гардид.
Маргарита Қосимова солҳои зиёде дар киностудияи давлатии Тоҷикфилм фаъолият кардааст, ҳоло дар шаҳри Мински ҷумҳурии Беларус иқомат дорад. Ўро сокинони мамлакат аз рўи филмҳои офаридааш "Дили яхини Помир", "Давраи осоишта", "Сабина", "Тобистони соли 43", "Ҷўра саркор", "Роҳҳо гуногун мешаванд", "Чор нафар аз чорсанг", "Дугонаҳо", "Чашмаи гўё", "Марди мутааллиқи ду зан", "Бародари ман Ғулом", "Сино", "Зебо", "Роҳи сафед", инчунин як қатор филмҳои мустанаду ҳунарӣ хуб мешиносанд.
Дар вохўрӣ ў иброз дошт, ки 27 сол боз ман аз ватанам шаҳри Душанбе дур будам, вале ягон лаҳза бе ёди он нафас намекашидам. Имрўз ман хеле хушнудам, ки ба чунин як ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ даъват шудам. Рости гап, агар маро дар ягон кўчаи пойтахт мефуроварданд, ман раҳгум мезадам.
Душанбе ба таври шинохтанашаванда басо зебою дилнишин гаштааст, ки боварам намеояд. Зеро вақте мо аз ин ҷо ҳиҷрат мекардем, аллакай задухўрду ҷангҳо оғоз ёфта буд. Гумон мекардам, Тоҷикистон ҳеҷ вақт дигар обод намешавад, вале имрўз осудагии мардум ва гаштугузори онҳоро дар кўчаю хиёбонҳои гулпўши пойтахт дида, дилам ба фараҳ омад. Ифтихор мекунам, ки ман дар ҳамин сарзамин ба дунё омадаам.
Ин ҳамоише, ки имрўз дар Тоҷикистон баргузор мегардад, бидуни тардид аз оромишу осоиши кишвар далолат намуда, мо кормандони соҳаи киноро боз ҳам ба ҳамдигар наздик менамояд. Бовар дорам, ҳамоиши мазкур барои рушди кинои тоҷик ва эҳё намудани анъанаҳои пештара такони ҷиддие хоҳад бахшид.
Ў, ҳамчунин, изҳор дошт: "Ман дар оянда ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо киностудияи Беларусфилм ва Тоҷикфилм филми наве офарам, насиб бошад, ин ниятро аз соли 2019 амалӣ хоҳам кард".
Дар вохўрӣ мутахассисон ва кормандони муассисаи Тоҷикфилм ба сухан баромада, аз саҳми Маргарита Қосимова дар рушди кинои тоҷик ёдовар шуданд. Аз ҷумла, ишора гардид, ки филмҳои дар солҳои гуногун офаридаи ў, ки то кунун аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода мешаванд, маҳбубияти худро дар байни мардум гум накардаанд.
Дар охир масъулини чорабинӣ ба меҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудаанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷашнвораи филми ҳаштуми байналмилалии Дидор дар сатҳи матлуб барпо гардида, дар он синамогарони кишварҳои Ўзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия, Муғулистон, Белоруссия, Бангладеш, Ҳиндустон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эстония ва Эрон филмҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Ш. МУСТАФОҚУЛОВ,
мухбари «Ваҳдат»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин