Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Зебосанам аз Тоҷикистон ғолиби озмуни "Face of Central Asia-2019" гардид

Валерия Мороз - зебосанам аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии "Чеҳраи Осиёи Миёна - 2019" ("Face of Central Asia-2019"), ки 26 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ғолиб гардид.Мақоми дуюму сеюм мутаносибан насиби Екатерина Руденко ва Камран Илёсев аз Қирғизистон шуд.
Фотима Маҳмадалиева, намоянда ва ташкилкунандаи асосии озмуни "Face of Central Asia-2019" иттилоъ дод, ки озмун дар меҳмонхонаи "Ҳайят Реҷенсӣ" доир гардид ва дар он аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон намояндагон ё муаррифони либосҳо (модел) иштирок доштанд. Онҳо либосҳои омоданамудаи тарроҳон аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Кореяи Ҷанубиро муаррифӣ намуданд.
"Аъзои ҳакамон аз 15 нафар иборат буда, 4 нафари онҳо аз Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ғолибони ин озмун имкони иштирок дар Фестивали моделҳои Осиёро ба даст меоранд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад".-гуфт Фотима Маҳмадалиева.
Мақсади асосии ташкили озмуни мазкур намоиши фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва зебоии табиии сокинони ин минтақа арзёбӣ мешавад.
Озмуни мазкур ҳамасола баргузор карда шуда, он имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин