Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

"Мақоми назарияи маънипардозӣ ва суханварии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ"

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, файзи ваҳдати миллӣ ва сиёсати устувори фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир худшиносиву худогоҳии ҷомеаи Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Мардуми тоҷик ба насли худ, суннату ойинҳои аҷдодӣ, фарҳанги ҳазорсола ва намояндагони барҷастаи он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Таҷлилу қадрдонии аҳли илму адаби классик ва муосир, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ далели равшани ин гуфтаҳост. Ин матлабро иштирокдорони конференсияи илмие, ки ба муносибати 150-солагии шоир ва хаттоти машҳур Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ доир гардид, иброз намуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ олимон, адабиётшиносон, забоншиносон ва ҳаводорони ашъори шоир ва хаттоти машриқзамин иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи конференсия ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдураҳмон Муҳаммад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки эҳё намудани хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба чеҳраҳои мондагори миллат иқдоми бузургест, ки барои таълиму тарбия ва худшиносии миллӣ муҳимияти хосса дорад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн яке аз ситораҳои дурахшони олами илму адаби нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX тоҷик маҳсуб гашта, бо андешаҳои ҳакимона ва лаҳни ширини орифона дар байни аҳли қалам ва оммаи мардум машҳур гардидааст. Ў мероси гаронарзише аз худ боқӣ мондааст, ки қимати баланди илмию фалсафӣ ва адабию фарҳангӣ дорад.
Ашъори эҷодкардаи эшон ба мавзўъҳои гуногун бахшида шуда, аз ҷиҳати мазмун пуробуранг ва аз ҷиҳати тасвироту ташбеҳот дар ҳадди аъло мебошанд. Аз таҳқиқу тафсири ашъори ин нобиға бармеояд, ки ў дар ҳавзаи шоирони Хатлон ба манзалаи нигине будааст, ки шўълаи гарми он дунёи Шарқро мусаххар карда будааст. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки устоди санъати хитоба буд, мақому манзалати суханро ба арши аъло расонида, дар ин боб чунин гуфтааст:
Ба шамшери забон марди суханвар
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.
Дарвоқеъ, марди сухандону сухангўй дар замони Ҳоҷӣ соҳиби иззату эҳтиром ва мартабаи бонуфузе буд, ки барои мардумони одӣ на танҳо донишманду ҳаким, балки ҳимоятгару роҳнамо низ буд:
Суханвар тўтии воқиф зи аҳвол,
Ки будӣ бе сухан то арзи як сол.
Ба пардози сухан парвоз сар кард.
Забони қиссаро аз най шакар кард.
Дар ин шеър шоир марди суханварро чу тўтӣ тасвир намуда, мегўяд, ки ў аз ҳама ҳолу аҳвол бохабар аст ва замоне, ки ба гуфтор мепардозад, гўё забони қиссааш чун найшакар ширин мегардад.
Аз таҳлили пораҳои каломи ин шоири барҷаста иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки имрўз на танҳо ҳаёту фаъолият ва ашъор, балки мақоми назарияи маънипардозӣ ва суханварии ў бояд мавриди омўзишу таҳлил қарор гирад.
Дар ҷараёни конференсия китоби тозаэҷоди ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ки ба 150-умин солгарди шоири сухансанҷу хаттот Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бахшида шудааст, муааррифӣ гардид.
Бино ба маълумоти ташкилкунандаи конференсия-Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи дуюми конференсия дар шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки олимону адабиётшиносон гузашт.


Таҷлил аз Рўзи телевизион
Чанде пеш дар толори Академияи васоити ахбори омма бахшида ба Рўзи таъсисёбии Телевизиони Тоҷикистон маҳфили илмию амалӣ баргузор гардид. Чорабиниро директори академия Зиннатулло Исмоилзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рўзи телевизион табрик кард. Ба маҳфили мазкур собиқадорони телевизион, ки аз оғози фаъолият дар ташкили кори он ва ҷалби мутахассисони соҳа саҳми шоён гузоштаанд, даъват шуда буданд.
Зиннатулло Исмоилзода аз хусуси хизмати онҳо дар бахшҳои гуногуни телевизион, тарбия ва ба камол расондани шогирдон ёдовар шуда, ба онҳо сиҳатмандиву комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин, дар маҳфил ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки дар маҷлис ҳузур дошт, зимни суханронӣ аз нақши телевизиони Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ва дар ҷодаи дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.
Мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Қутбиддинов бошад, дар мавзўи "Дурнамои дурахшони телевизион" маъруза намуда, аз ҷумла гуфт:
- Телевизион як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мост. Он садҳо ҷабҳаи зиндагии моро фаро мегираду дар шаклу ранг гирифтани онҳо нақш дорад. Телевизион хабарсоз аст ва хабари пурэътимодро пахш мекунад. Телевизион иҷтимоъро месозад. Телевизион рукнҳои давлатро таҳким мебахшад. Телевизион мешўронаду ба ҳам меорад…
Андешае вуҷуд дорад, ки интернет ҷои телевизионро мегирад. Ҳамчун василаи дастрастар аудиторияи интернет торафт васеъ мешавад. Рақобату сабқат дар ин роҳ шиддат меёбад. Аммо аудиторияи маърифатманду ҳушёр телевизионро чун манбаи пурэътимод бештар мепазирад, ки ҳақиқати бидуни баҳс мебошад.
Ба ин манзур, рисолати фарҳангиву иҷтимоии телевизион дар кишвари мо мусалламу ошкор аст ва дар ин роҳ телевизионҳои кишвар хидматҳои бузургеро анҷом додаанд. Махсусан дар тарбияи худшиносиву ваҳдати миллӣ нақши телевизионҳои мо дар замони истиқлол баръало намоён аст.
Шумори телевизионҳо дар замони истиқлол афзуд. Телевизиони тоҷик низ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мавқеи маълуми худро соҳиб гаштааст. Аммо пўшида нест, ки ҳанўз дар кишвари мо рисолати иқтисодии телевизион пурра дарк нашудааст. Ҳарчанд дар ин роҳ қадамҳои аввал гузошта шуда бошанд ҳам, фикр мекунем, шукуфоиҳо дар пешанд. Зеро беҳбудёбии шароити иқтисодии ҷомеа ба ин раванд таъсир мерасонад. Он рўзҳо наздиканд ва ба кишвари саноативу кишоварзӣ табдил ёфтани Тоҷикистон боис мешавад, ки дар ин самт сабқату рақобатҳои шадид ба миён оянд. Маълум, ки ҷомеаи дорои иқтисоди қавӣ телевизионро нерў мебахшад. Махсусан, истифода аз реклама телевизионҳоро қудратманд месозад. Инро мо дар таҷрибаи телевизионҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дида метавонем. Барои онҳо низ ҳама чиз аз сифр оғоз гардида буд. Аввалин реклама дар телевизион соли 1941 ҳамагӣ 9 доллар арзиш дошт. Қиматтарин реклама бошад, имрўз то ба 33 миллион доллар расидааст.
Дар илми журналистикаву публисистика иборае роиҷ шудааст ба унвони "муътодии телевизион" яъне, гирифторӣ ба телевизион.
Воситаҳои ахбор, аз ҷумла телевизион барои бақои худ аз усулҳои мухталифи ҷалби аудитория истифода менамоянд. Ин, пеш аз ҳама, ифодагари касбияти корманди телевизион аст, ки бо марғубияти барномаҳояш оммаро мутаваҷҷеҳ кардааст. Япониҳо ба телезивион аз ҳама зиёд дода шудаанд. Як японӣ дар як шабонарўз 9 соат телевизион тамошо мекунад. Ин дар суратест, ки Япония аз нигоҳи иқтисоду саноат ва пешрафти илму техника дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.
Телевизион бо он афзалият дорад, ки ҳеҷ гоҳ талқин намекунад, балки дар саҳна ҳама чизро нишон медиҳад. Телевизион, пеш аз ҳама, як бахши аъзами фарҳанг аст ва бо ин минбари зиндагиомўз аст. Инро мо дар мисоли сериалҳои машҳутарини телевизионҳои ҷаҳонӣ дида метавонем. Масалан, гумон мекардем, ки аз ҳама сериали тулонитарин "Санта Барбара" мебошад. Аммо маълум гашт, ки сериали "Рўшноии ситораи роҳнамо" аз аз соли 1952 то соли 2009 тариқи телевизион пахш гардидааст. Чанд насл бо ин сериал камол ёфтаанд. Он аз 15 ҳазору 763 қисм иборат аст. Дар давоми зиёда аз панҷоҳ соли пахши ин сериал телевизион ҷараёнҳои шадиди сиёсиву иҷтимоии башариро паси сар кард, таҷдид ёфт, таҳаввул дид, аммо пахши сериал қатъ наёфтааст. Ин далели он аст, ки телевизион қудрат дорад дар як самту хати кашида оммаро даҳсолаҳо нигоҳ дорад.
Телевизион ҳамеша худро ҳамоҳанги замона сохта омадааст. Масалан, имрўз телевизион бо имконҳои нави худ аудиторияро ҷамъ месозад ва мавҷудияташро дар роҳи таъсир ба мафкура нигоҳ доштан мехоҳад: форматҳои ахборӣ, пахши мустақим, шоу-барномаҳои замонавӣ.
Имрўз барномаҳои ахборӣ ба шоу наздик шуда истодаанд. Дар телевизионҳои русӣ мебинем, ки воқеаву ҳаводис ҷараён дорад ва дар баробари он, шоу-барномаи телевизионӣ пахш гардида истодааст. Аз ҷои воқеа репортёрҳо ба таври мустақим бо муаллифи барнома дар тамос мешаванд, таҳлили чандҷониба ба миён меояд. Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки телевизион дар ҷомеаи башарӣ мондагор аст ва ояндаи дурахшон дорад, - зикр сохт дар хотимаи суханрониаш А. Қутбиддинов.
Устоди Донишгоҳи миллӣ, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, дотсент Сангин Гулов гузориши худро ба дастовардҳои телевизион ва саҳми он дар пойдории сулҳу ваҳдат бахшид. Қайд карда шуд, ки ин соҳаи муҳими иттилоотӣ ва таблиғотӣ давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар инъикоси зиндагии мардум ва пойдории сулҳу ваҳдат хизмати шоён намудааст. Ў, аз ҷумла, кайд намуд, ки масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард. Дар чунин шароите, ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма, барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ бамаротиб боло меравад. Дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одилона таъкид кардаанд: "Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳими воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад".
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзҳои фаъолият ба ҳайси Роҳбари кишвар таваҷҷўҳ ва муносибати хос бо фаъолияти ВАО ва озодии баён дошта, дар ин роҳ иқдомоту талошҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд.
Бо мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали солҳои дуҳазорум, бо фароҳам омадани шароити сулҳу субот таъсиси шабакаҳои нави радиоиву телевизионии ҳам давлативу ҳам ғайридавлатӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, соле нест, ки 1 ё 2 шабакаи нав ба фаъолият оғоз накунад. Яъне, дар ин давра васоити электронии ахбори ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа рушд намуда, инфрасохтори соҳаи радиову телевизион бо шароити муосиру талаботи замон мувофиқ карда шуд. Муҳтавои барномаву намоишҳо, маҳорат ва касбияти кормандон тағйиру такмил ёфт. Дар баробари як шабакаи умумии телевизионии мавҷуда, имрўз ҳашт шабакаи дигари ҷумҳуриявӣ-"Тоҷикистон", "Сафина", "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон", "Синамо", "Варзиш", "Футбол", ТМТ "Шаҳнавоз" ва дар тамоми вилоятҳои кишварамон телевизионҳои вилоятиву минтақавӣ бо мазмуну мўҳтавои гуногун, бо назардошти манфиат ва завқи бинандагон фаъолият доранд.
Дар самти радиошунавонӣ низ комёбиҳо бо ибтикороти созандаи Пешвои миллат рабт мегиранд. Имрўз Радиои "Тоҷикистон", ки таърихи қариб 90-сола дорад, чор шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид месозад. Яъне, дар баробари радиои "Тоҷикистон", ҳамчунин, дар фазои иттилоотии кишвар шабакаҳои "Садои Душанбе" (соли таъсис 1999), "Овози тоҷик" (аз соли 1949 то соли 2006 Саридораи гуфторҳо барои мамлакатҳои хориҷӣ) ва "Фарҳанг" (соли таъсис 2008) пахш мешаванд. Ҳамчунин, ба шарофати истиқлолият ва мусоидати бевоситаи Президент, дар баробари радиоҳои давлатӣ, радиоҳои ғайриҳукуматӣ таъсис ёфтаву пахш мешаванд. Радиоҳои ғайриҳукуматии "Азия-плюс", "Ватан", "Имрўз", "Тироз" "Авис-плюс" ва ғайра дар фазои иттилоотӣ ҷойгоҳи сазовор ва шунавандаи худро доранд.
Дар маҷмўъ, ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 76 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 13 телевизион ва 10 радио давлатӣ, 32 телевизион ва 21 радио ғайриҳукуматӣ мебошанд. Ин расонаҳо барои боз ҳам комилтару рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рўҳияи тоҷикият, худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ тарбия намудани насли наврас, боло бурдани маърифати ҷомеа, дастрасии бештари мардуми Тоҷикистон ба иттилои зарурӣ мусоидат менамоянд. Албатта, фаъолияти ҳамаи радиову телевизионҳоро наметавон ҷавобгўй ба талаботи аудитория ҳисобид. Аммо муҳим он аст, ки фазои иттилоотии мо бо таъсиси ин шабакаҳо комилтару пурратар мегардад.
Сарфи назар аз пешрафтҳои техникӣ, дар замони шўравӣ радио 80 фоиз ва телевизион камтар аз 70 фоизи ҳудуди кишварамонро фаро мегирифт. Мувофиқи омори расмӣ, имрўз пахши радиову телевизиони Тоҷикистон дар фазои тақрибан 99% ҳудуди ҷумҳурӣ роҳандозӣ гаштааст. Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳо, Пешвои миллат зикр карданд, ки "… фазои иттилоотии кишвар ҳанўз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад."
Сипас, С. Гулов иброз дошт, ки дар расонаҳои электронӣ иттилоърасонӣ нақши муҳим дорад. Яъне, аз нигоҳи фаврият радио ва телевизион дар расонидани иттилоъ нисбат ба матбуоти даврӣ бартарӣ доранд. Имрўзҳо дастрасӣ ба иттилоот тариқи технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ як ҷузъи муҳими рўзгори мардум гардидааст, ки интернет аз чунин имкониятҳост. Тибқи омори расмӣ, беш аз нисфи сокинони мамлакатамон аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Имрўз маводи матбуот, иттилои агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои радиову намоишҳои телевизионро аз тариқи интернет дастрас карда метавонем.
Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои моро хулоса мекунанд: "Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд."
Дар охири чорабинӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён низ аз роҳи тайкардаи телевизион ва хизматҳои собиқадорони соҳа ёдовар шуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо қадршиносӣ кард.
Ш. МУСТАФОҚУЛОВ,
рўзноманигор

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин