Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

ТОҶИКОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ЮНОНӢ ВА ЧИНӢ

Пас аз марги шаҳриёр номаро мегушоянд ва номи шоҳзодае, ки дар он набишта шудааст, бар тахти шоҳӣ менишинад. Ва Шоҳи навҷулус ба шаҳзодагон ё бародаронаш мансабҳо дода, онҳоро аз пойтахт берун месозад, то дигар бо ҳам вонахуранд. Раият шоҳро Ицзян гўянду шаҳбонуро Фанбу ва шаҳзодаро Шо. Аз мансабдорони давлатӣ Моҳутан (мўбади мўбадон -С.Б.) ба корҳои додгоҳӣ машғул аст. Нахухан ба хазинадорӣ ва тақсими заминҳои васӣ ва вақф, Цзао ба муросилот роҳбарӣ мекунанд. Гэлохад роҳбари корҳои кохи шоҳ буда, Сюбоб сарлашкар дар сатҳи кишвар аст. Ҳар яке аз онҳо дар навбати худ ёварон доранд, ки масъулияти зиёде ба дўшашон аст. Силоҳҳои онҳо аз ҷавшан, найза, сипарҳои мудаввар, шамшер, тиру камон иборат аст. Филсавор меҷанганд, ки аз пасашон то сад нафар пиёда ҳаст. Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ барои гуноҳи вазнин ё ба дор мекашанд ва ё мепаронанд. Барои ҷинояти начандон вазнин зиндон мекунанд, то иваз шудани шоҳ. Барои ҷинояти сабук биниро мебуранд ё дар гарданашон тахта меовезанд, то шармсор гарданд. Ғоратгарон ва дуздонро як умр зиндон мекунанд. Агар зино содир шавад ба зани дороён марди гунаҳкорро зиндонӣ кунанд ва барои содири чунин ҷиноят гўшу бинии занро бибуранд. Молиёт (андоз) аз замин вобаста ба таснифоти он (обӣ, лалмӣ) бо пули симин (нуқраӣ) ситонида мешавад. Ба оташу осмон ниёиш кунанд. Дабираашон аз дабираи туркӣ тафовут дорад. Амак ва аммадухтари хешро ба занӣ гирифтан иҷоза ҳаст. Миёни мардуми ом ва хос ақд бастани никоҳ ҷоиз аст. Мардуми Боси байни хориҷиён аз ҳама бадахлоқанд. Духтарони зеборо, ки синнаш аз даҳ гузашт, шоҳ ба дарбор меорад ва ба онҳое, ки хизмати хуб карданд, туҳфа менамояд. Мурдагонро ба кўҳ мебаранд ва як моҳ мотам медоранд. Берун аз шаҳр табақае ҳаст, ки алоҳида зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба гўронидани мурдаҳо машғуланд ва нопок ҳисобида мешаванд. Агар ба бозори шаҳр раванд, аз омадани худ таввасути зангўла хабар медиҳанд. Оғози соли нав рўзи аввали моҳи шашуми моҳтобист. Асосан рўзи ҳафтуми моҳи ҳафтуми моҳтобӣ ва рўзи аввали моҳи дувоздаҳуми моҳтобиро мўътабар медонанд. Дар ин рўзҳо меҳмон даъват карда, меҳмондорӣ менамоянд, зери оҳанги мусиқӣ шодиву хурсандӣ мекунанд. Ҳар сол рўзи дувуми моҳи моҳтобӣ ба хотири мурдагон қурбонӣ мекунанд. Дар давраи ҳукмронии Шейгуй (518 - 519) шоҳ ба дарбори Шимолӣ расул фиристод. Бо нозу неъмати зиёд ва тавсиянома, расулро хеле хуб мепазиранд. Тобистони дувуми ҳукмронии Гун Ди (554 - 556) хонадони ВЭй - и Ғарбӣ (555) шоҳ ва сафир фиристод ва дар тавсифномааш ин тавр навишт: "Хони Бузург, писари Осмон, зодаи Осмон! Таманно дорам, ки ту ҳама замон ҷовидон бошӣ ва шоҳ ҳама умр саҷдаи туро намояд. Даргоҳ инро қабул кард ва аз ин пас ҳар вақт ба дарбор бо ҳадоё меомаданд. Дар давраи Оли Суи ҳоким Ян - ди ба Боси Ли Иро расул фиристод, ки бо ў аз Боси сафирон бо ҳадяҳо баргаштанд".
Таърих, одобу русум, фарҳангу ҳунар, тарзи давлатдории суғдиён низ таваҷҷуҳи чиниёнро ба худ ҷалб карда, зеро ин кишвари кашфшуда аз нигоҳи муаррихони чинӣ, аз як сў, маълумоти тоза дар бораи ҳамсояҳои орёии худ бошад, ки он ҳам аз лиҳози таърихӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳоизи аҳамияти илмист, аз сўи дигар, ҳамин дақиқу амиқ будани ахбори мусаббат барои ба роҳ мондани муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ низ муҳим будааст. Чунонки аз ахбор, вақоеи таърихӣ, ёддошту сафаргуфтаҳои чиниён ба кишвари хуршедии мо бармеояд, онҳо ҳар чизи дидаашонро дақиқ дар навиштаҳои худ сабт менамоянд ва давра ба давра маълумоти иловагӣ ба онҳо зам шуда, доираи шинохташон дар бораи тоҷикон низ вусъат меёбад. Муаллифи "Таърихи Оли Суйро" кишвари қадимаи Суғд (Боси)-ро чунин тасвир менамояд: "Шаҳриёри Боси дар ғарби дарёи Дағ, дар шаҳри Сулин нишинад. Ин замини қадими Таочи (тоҷикон С.Б.) аст. Номи шаҳриёраш Ку - Сахо аст. Пойтахташ кариб 10 ли масоҳат дорад. Нуфуси аҳолиаш 130 000 нафарро ташкил медиҳад. Филсавор меҷанганд. Ҳукми қатл нест. Ҷинояткорро дасту по мебуранд, молашро мусодира мекунанд ва ришашро бармекананд ё барои шарманда сохтан дар гарданаш банд меовезанд… Шоҳ дар сар тоҷи заррин дошта, ришашро бо зару зевар, чун занҷираи заррин зеб медиҳад. Нишастгоҳаш тахти заррин, ки шабеҳи шер аст, бошад. Ҷомаи зарбафт якҷо бо сангҳои қиматбаҳо дўхташуда мепўшад. Дар ин кишвар аспҳои хушзот бисёранд. Ҳайвоноте чун нахчир, шер, фили сапед низ дида мешавад. Тухми шутурмурғ низ ҳаст. Марворид, зару сим, алмосу булўр, ақиқ, алмос, мис, филиз, қалъагӣ, сурма ва шиша фаровонанд. Қолиҳо, порчаҳои гуногун, пўстҳои мухталифпашм, атриёти фаровон ва ашёи бисёр дигар мавҷуданд. Туркюиҳо (туркон С.Б.) наметавонистанд ин кишварро тасарруф намоянд. Шоҳ бо хоқон (император)-и Чин муносиботи давлатӣ дошт, ба он фиристода (сафир) ва ҳадоёи бешумор мефиристод.
Аз пойтахт ба самти Ғарб, то баҳр чанд сад ли масофа, дар Шарқ то Му қариб 4 000 ли, дар шимолу ғарб то Фолин 4 500 ли, дар Туа - Чжеу 11 700 ли. Янди (605 - 515) ба Боси сафир фиристод, ва аз онҷо бо ў ба Чин сафир ба ҳадя омаданд".
Ин манзараи таърихӣ ба воқеаҳои замони Сосониён марбут буда, дар ҳақиқат дар ин давра ду пойтахт вуҷуд дошт: яке Ктесефен, ки номашро ба Бех Ардашер табдил доданд, дигаре Истахр буд. Хусусан, ин муаррихи чинӣ, ки дар бораи одобу русуми тоҷикон маълумоти ҷолиб зикр кардааст, ки аз назари омўзиш ва таҳқиқи масоили марбут ба мардумшиносӣ (этнография) аҳамияти калони илмӣ дорад. Зикри ин нукта ҳам ба маврид аст, ки дар замони подшоҳии Ардашери Бобакон оини зардуштӣ дини расмии давлати Сосониён буд ва мўбади мўбадон пас аз шоҳ шахси дуюм дар сохтори давлатдорӣ буд.
Мо аз шарҳи бештари ин иқтибос худдорӣ мекунем, аммо ин аҳамият дорад, ки дар таърихномаҳои чинӣ сарзамини Эроншаҳр то давраи Сосониён бо номи кишвари Тяочи - тоҷикон каламдод шудааст. Дар байни воқеоти давраи соснӣ бо номи Боси ёд шуда, аз кишвари қадимаи тоҷикон буданаш ёдрас намудаанд ва овардаанд, ки Босӣ аз номи шоҳ истинбот шудааст.
В. Хаников роҷеъ ва пайдоиши истилоҳи тоҷик ба сарчашмаҳои зиёд таваҷҷуҳ карда, ба чунин натиҷа мерасад: "Аз тарафи худ илова мекунем, ки тоҷ барои муътақидони таълимоти Зардушт низ ҳамон чизе буд, ки чалипо барои масеҳиён ва салла барои мусулмонон, яъне аломати тафриқаи мўътақидони ин оин аз аҳли оини дигар… Аз ҳамин сабаб калимаи "тоҷик" дар ватани азалии Зардушт, ки таълимоташ дар Бохтар хеле пештар аз ин, ки ба Ғарб ворид шавад, роиҷ буд ва дар ҳатто дар замони Комбиз порсҳо натавонистанд будани муғонро таҳаммул кунанд, интишори зиёд дорад".
Аз ин ахбор чунин хулоса бармеояд, ки калимаи "тоҷик" хеле қадима буда, ба эҳтимоли қавӣ ба давраи Зардушт рафта мерасад. Ҳамчун номи умумии қавму қабилаҳои орёӣ, ки ба оини Зардушт муносиботи нек доштанд, мисли истилоҳи славян, араб, турк ва ғайра. Дар давраи истилои араб аз тарси таҳқиру нобудшави худро ба ин ном муаррифӣ накардаанд ва уламою удабояш алорағми араб калимаи "аҷам"-ро истифода кардаанд ва таърихашонро ба номи таърихи Аҷам навиштаанд.
Аз охири асри XI сар карда, дубора истилоҳи "тоҷик" ҳамчун номи халқҳои эронӣ дар таърихномаҳо ва адабиёти бадеӣ ба назар мерасад. Ва беҳуда нест, ки Шайх Саъдӣ дар тарҷеъбанди машҳураш фармуда:
Шояд, ки ба подшаҳ бигўянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Миллер бо истинод ба хабари Хайруллоҳи Мустаъфӣ (1340) соҳиби "Наҳзату-л-қулуб" таъкид мекунад, ки дар асри XIV аҳолии эрониасли Озарбойҷон бо номи "тоҷикон" ёд шуда, онҳо бо забонҳои порсӣ, озарӣ, паҳлавӣ, курдӣ, тотӣ, толишӣ гап мезаданд. Ба гуфтаи Хайруллоҳи Мустаъфӣ дар ғарби Озарбойҷон, дар маҳаллаи Тосуҷ, дар қисми шимолии соҳили кўли Урмия то қарни XIV ҳанўз тоҷикон зиндагӣ мекардаанд. Инчунин, аҳолии Табрез дар асри XIV, то қабули забони туркӣ, ҳамагӣ тоҷикон будаанд.
Мувофиқи ахбори Ибни Батута мардуми бумии Табрез, новобаста ба зиёд будани туркон, ҳоло ҳам тоҷиконанд ва аз туркон фарқ мекунанд.
Дар аксари сарчашмаҳои муътамади таърихӣ то қарни XVI, яъне то давраи расман эълон шудани мазҳаби шеа, ба иборати дига то замони ба сари қудрат омадани Сафавиён дар Эрон кулли мардуми эрониасли порсигўй ғолибан ба истилоҳи "тоҷик" ёд шудаанд.
Имрўз порсигўёни Афғонистон хешро дар кишварашон бо номи қавми "тоҷик" ном мебаранд. Ва дар шиноснома хешро "тоҷик" менависанд, дар хориҷи кишварашон низ хешро пурра тоҷик мехонанд, аммо дар Тоҷикистон онҳоро чун афғонҳо мешиносанд, ки аз ноогоҳӣ дарак медиҳад.
Инҷо зарур медонам, ду-се сухан роҷеъ ба қавми араб мансуб донистани тоҷик, ки дар баъзе аз луғатномаҳои форсӣ ва навиштаи баъзе олимони таърихшинос (Бартолд, Таджикистан, 1925) дида мешавад, ибрози назар намоям. Албатта, ин нуқтаи назар ғалат аст, вале, мутаассифона, чунин маълумотро баъзе муаррихони навбаромади хориҷӣ барои исбот намудани таърихи халқҳои худ дар Осиёи Мина такрору ба такрор зикр мекунанд. Мо барои равшан шудани масъалаи мазбур танҳо ба ин гуфтаи Хаников иктифо мекунем: "Таъқиби ҷонибдорони Хоҷаҷом, авлоди пайғамбар дар Байнаннаҳрайн дар солҳои 80 - уми садаи аввали ҳиҷрӣ, маҷбур кард, ки бисёр сайидони Куфа, Басра, Бағдод ва музофоти ин шаҳрҳо ба Мовароуннаҳр муҳоҷират намоянд. Яке аз машҳуртарини онҳо Сайид Сулаймон, писари Абдуллоҳ Ҳаддод ва чабераи Зайнулобиддин мебошад. Дар Урганҷ ў ба хоҳари Сайид Маҳмуд хонадор мешавад, ки дар деҳаи Пирмасти тобеи Бухоро мадфун аст. Аз ин издивоҷ ду писари дугоник таввалуд мешаванд, ки падарашон ба ифтихори писарони Алӣ онҳоро Ҳасан ва Ҳусейн ном мегузорад. Инчунин, ўро духтаре буд, ки ба яке сайидони Бухоро, писари Амир Кулол, бобокалони шаҷараи сайидони Кулолӣ, ки аслан аз Вобканд буда, дар Бухоро сукунат дошт, издивоҷ менамояд.
Аз Ҳасан авлоде боқӣ намондааст. Аз Ҳусайн ду писар - Ҷалол ва Камол, ки Ҷалол бобокалони сайидони Афғонистон (Ҷалолуддини Афғонӣ -С.Б.) буда, Камол саравлоди сайидони Бухорост. Камолиён бо лақаби "Сайидони Хурд" низ машҳуранд. Шохаи сеюми сайидони Мавороунаҳр Сайид Ато низ аз авлоди сайидони тарафдори Хоҷиҷом аст. Ин шаҷараи сайидон бо тоҷикон омезиш ёфтаанд, табиист, ки миёни мусулмонон оилаҳое, ки бо сайидон омехта шудаанд, обрўи калон доранд. Ин ақида то ба ин рўз идома дорад, ки гўиё тоҷикони Бухоро аз авлоди арабҳоянд.
Мусаллам аст, ки на ҳамаи тоҷикон ниёгони худро араб меҳисобанд. Масалан, тоҷикони деҳаи Шоҳони Басмандаи ноҳияи Ғончӣ шаҷараи худро ба Ковус мерасонанд. Гурўҳе аз тоҷикони деҳаи Ворў ва Моғиёни ноҳияи Панҷекат муғонро ниёгони худ мешумурданд ва онҳоро имрўз низ аз "авлоди (шаҷараи -С.Б.) муғ" ном мебаранд. Шохаи калони тоҷикони ноҳияи Кўлоб худро аз қавми ҷўшониён (Кўшониён С.Б.) медонанд. Чунин мисол дар миёни тоҷикони Хуросон, Систон ва Мозандарон низ роиҷ аст. Аз ин хотир, он чи ки дар луғатномаҳои форсӣ дар ин маврид сабт шудаанд, бебунёд буда, пояи устувори илмӣ надорад.
Сарчашмаҳои чинӣ бошад аз арабҳо бо номи "Дошӣ" ва "Тошӣ" ёд кардаанд, ки ба тоҷикон ҳеч муносибате надорад ва дар мавриди пайдоши қавми арабҳо низ ахбори зиёду амиқ мавҷуд аст, ки берун аз таҳқиқи мост.
Андешае чанд дар атрофи асари
"Забони миллат-ҳастии миллат"
Бобомуллоев САИДМУРОД,
доктори илмҳои таърих

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин