Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Андешае чанд дар атрофи асари "Забони миллат-ҳастии миллат"

Ҷои ифтихор аст, ки он чи дар давоми камтар аз сӣ сол барои бедории миллати тоҷик Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардаанд, дархўри таҳсин ва мояи шигифтӣ аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон масъалаи азнавэҳёкунии фарҳанги миллӣ ва махсусан масъалаи забон яке аз вазифаҳои муҳимми ҳаётӣ гардид.
Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН,
доктори илми филология, муовини директор оид ба
илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳарчанд барои халқи тоҷик дар замони шўравӣ ҳам мавзўи забон ва мушкилоти вобаста ба он аз баҳсбарангезтарин масъалаҳо маҳсуб мешуд, он замон шояд ин масъала бештар моҳияти мафкуравӣ пайдо карда буд. Аммо имрўз, хушбахтона, ин масъалаи муҳимми фарҳангии мост. Дар солҳои охир донишмандони зиёде доир ба забон ва масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ изҳори назар намуда, қадамҳои дилсўзона бардошта, осори арзишмандеро ҳам таълиф намуданд. Аммо таълиф шудани асари зиқимате чун "Забони миллат - ҳастии миллат" аз ҷониби Роҳбари кишвар ва дар он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани нозуктарин ҷанбаҳои забони тоҷикӣ барои мо чеҳраи Пешвои миллатро дар баробари сиёсатмадори шинохта буданаш, чун мутахассиси мутабаҳҳири таъриху назарияи забон муаррифӣ мекунад. Навишта шудани чунин асар, албатта, бесабаб набуд. Аз як ҷиҳат, заминаҳои таълифи он ҳанўз дар суханрониҳои илмии муаллиф аён буданд, аз ҷиҳати дигар, Пешвои муаззами миллат эҳсос менамуданд, ки яке аз ҷойҳои заъфи забоншиносии имрўзаи тоҷик ин надодани аҳамияти ҷиддӣ ба мушкилоти методологӣ ва назариявии рушди забон, ҷойгоҳ ва нақши он дар таҳаввули фарҳанг ва тафаккури инсон мебошад.
Асари "Забони миллат - ҳастии миллат" бо сабки бисёр ҷолиб, ҳунари нависандагии расо ва муҳтавои дақиқ офарида шудааст. Муаллиф бо баёни ифодаи "халқи куҳансоли тоҷик" дар ҷумлаи аввали китобаш ба он ишора доранд, ки халқи тоҷик ҳазорсолаҳо таърих дорад. Албатта, ин суханон маншаъ аз эҳсосоти фардӣ намегиранд. Маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳ бар ин каломанд. Тоҷикон дар тўли зиёда аз ҳазор сол дар таъйини сарнавишти худ озод набуданд. Ҳамакнун аз нав номи тоҷикон бо давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Муаллиф аз он изҳори хурсандӣ мекунад, ки на танҳо тоҷикони дар қаламрави таърихӣ умр ба сар бурда, балки кулли тоҷикону тоҷикзабонони ҷаҳон ин дастоварди бузурги сиёсиро хуш пазируфтанд ва тоҷик ба ҳайси як миллати том тамоми аломату нишонаҳоро доро гардид. "Миллати деринатаърих" "парчами озодӣ ва истиқлолро дар қалби Осиё" барафрохт.
Афсона мубаддал ба ҳақиқат гашт. Ҳар тоҷике, ки сохти давлатдории шўравиро дида бошад, аз барҳам хўрдани он изҳори таассуф мехўрад. Шўълаи таассуфашон хомўш гашт, чун баъд аз ҳафтод сол ба қафо нигаристем, кайҳо аз сармояи моддиву мероси маънавӣ маҳрум гаштаем. Пешвои миллат хуб дарк кардаанд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият "нахустин масъалаи пешомада он буд, ки Тоҷикистон бо он сармоя ва мероси моддиву маънавие, ки аз даврони Шўравӣ мондааст, барои бунёди давлати мустақил чӣ имконоти сиёсӣ ва заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ихтиёр дорад" (саҳ. 6). Муаллиф бо чанд нуктаи пурмуҳтаво аз мушкилиҳои расидан ба "истиқлоли воқеӣ" ва солҳои аввали соҳибистиқлол шудан изҳори назар мекунад. Ба тасвири нозукхаёлонаи муаллиф, "давлати шўравӣ аз ибтидо тавре бунёд гардида буд, ки ҷумҳуриҳои он дар маҷмўъ як пайкари воҳид ва як давлати умумиро ташкил дода, илова бар меҳвари ягонаи идеологию сиёсӣ бо садҳо риштаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳамдигар пайваставу вобаста буданд" (саҳ. 6). Муаллиф дуруст дарк кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто дар давраи шўравӣ як ҷумҳурии ақибмондаи зироатӣ буд, аз саноати мустақилу пешрафта маҳрум ва аз мутахассисони соҳибтаҷриба орӣ ва маҳрум аз захираҳои табиии иқтисодсоз. Баъд аз 70 соли заҳмати пушт ба пушту даст ба даст халқи тоҷик бо дигар халқҳои ҷумҳурияҳои тобеи шўравӣ номеву нишонеро боқӣ нагузошт. Ҷумҳуриҳо мустақил шуданд, дороиҳо тақсим шуданд, аммо халқи тоҷик гўё саҳме дар рушду тараққиёт надоштааст, аз мероси моддӣ бебаҳра монд. Танҳо гўё афсонаи "буд набуд"-ро дар ёдҳо боқӣ гузошту халос. Чизе ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон монда буд, дар коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ рафт.
Дар ин замина Пешвои миллат аз рўбарў шудан бо мушкилоти дар солҳои аввали ба истиқлол расидан борикбинона ишора мекунанд: надоштани собиқаи таърихӣ ва таҷрибаи амалии давлатдорӣ; ақибмондагии ақидатӣ; бўҳрони сахти фикрӣ; суст будани пояҳои идеологӣ; ниқобҳо мухталиф ва ҳадафҳои сиёсӣ гуногун.
Чеҳраҳои дурахшону равшанфикр решаи дарахти истиқлолро сустбунёд пиндоштанд ва ё аз тарси ҷону мол аз пойтахт фирор карданд ва ё дар гўшае пинҳон шуда, ба тарзи ҷараён гирифтани воқеаву ҳодисаҳо бетарафона наззора мекарданд. Аз ин вазъият тоифаҳои дигар ба хотири манфиатҳои ғаразноки шахсӣ вориди бозиҳои сиёсӣ шуданд, ки "дар натиҷа дар замини навободи афкори сиёсии он рўзҳои кишвари мо ба тарзи солим нашъунамо ёфта натавонист" (саҳ. 7).
Таълимоти идеологии сохтори шўравӣ "чун гирдбод рўзгоре хок хўрд, охир ба худ печиду рафт" (Соиб). Дар як давраи муайяни номуайяни таърихӣ шикамҳо холӣ, мағзҳо шуста, дилҳо ноумед гаштанд ва вазнинтар аз ҳама чашмҳо хунгирифта буданд. Ҳар як қувваи сиёсии берунаву дохилӣ барои ба даст овардани қудрат талошҳо менамуд.
Камсаводии сиёсии мардум ба нафъи гурўҳҳои манфиатхоҳ гашт. Ҳатто муллоҳои чаласаводи молпараст аз ин вазъият хуб истифода намуданд. "Як гурўҳе ҳам пайдо шуд, ки аз камсаводии мардум истифода бурда, дар масъалаҳои динӣ "фатвоҳои" иғвоангезу содалавҳона "содир" мекарданд ва аз ин роҳ соҳиби имтиёзу сарват мешуданд" (саҳ. 7). Ишораи нозукхаёлонаи Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки мардуми аз зери ҷабри сиёсати зиддидинии сохти шўравӣ баромада ва дучори бесаводии динӣ фатвои ҳар муллои иғвогарро тез қабул мекарданд. Насли дар орзўи коммунизм ба воярасида дар замони гузариш вовайлову саргардон чашму гўш ба забону сухани ҳар нафари уммедбахшанда мениҳоданд. Дар ин даврони ҳассос душманро аз дўст фарқ кардан ниҳоят мушкил буд.
Ба ҳеч маҳал "ҳамсояҷангиву бародаркушӣ" рух намедод, агар "роҳбару пешвои эътирофшудаи миллӣ" медоштем. Инро муаллифи асар бо варақ задани авроқи хотираҳои шахсӣ аз солҳои 90-уми асри 20 дарк менамуданду афсўс мехўрданд. "Худкушӣ" ном ниҳодани ин ҷангу ҷадалҳо аз ҷониби муаллиф бисёр бамаврид аст. Мо ҳам онро ҷуз ҷанг бо соя ё мушт ба оина чизи дигаре наметавонем ном гузорем.
Маҳз ҳамин бесоҳибӣ раъйи соибро аз мардум бурда буд. Ин боис гашт, ки мардуми бенаво "аз бими ҷанг тарки ватан карда, гурўҳ-гурўҳ ба кишварҳои дуру наздик паноҳ мебурданд. Давлат оҷизу нотавон шуда, фақру бечорагӣ ва сукути ваҳшатнок кишварро фаро мегирифт" (саҳ. 8).
Аммо мардуми таърихан хирадманди тоҷик ва ботинан хирадҷў чашми уммед ба ҷустани дидаи ҳақиқатбин намуданд, то ки ў тавонад чун хуршеди тобон бузургу хурди дуёнро бо як чашм бубинад. Ҳарчанд "мазаррати таъҷил бисёр асту манфаати сабру сукун бешумор" (Аҳмади Дониш), сабру таҳаммули беш аз ин дар ин замон дигар фоида надошт. Зеро салтанати шайтанат дар кишвар ҳукмрон гашту мардум тарсу, муллоҳои шаъбадабоз соҳибобрўву қотилону чорасўзон соҳибдору.
Ҳарчанд "роҳбарӣ кардан ба давлати фалаҷу рў ба завол ва ҳукумати бозичаи дасти гурўҳҳои бехабар аз ҳоли замону аҳволи ҷаҳон ва ё ҳукумат рондан бар мамлакати бемору бесуботе, ки дар ҳар гўшаи он мансабталоше худро амиру ҳоким пиндошта, бо ҷону мол ва номуси мардум бозӣ мекард, албатта, кори сахлу сода набуд" (саҳ. 8), ватанхоҳони оқибатандеш пешвоии миллатро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон супурданд. Мушкилӣ дар роҳбари давлатро таъйин ё интихоб кардан набуд, гап дар хусуси тақдири ватану миллату сарнавишти халқ ва пойдории Тоҷикистону бақои тоҷик мерафт. Қуръаи қисмат ба номи ҳар нафаре задан метавонист бебарории бадтареро ба бор оварад. Қавмҳову тоифаҳои зиёде даъвои қушбегиву бегларбегӣ менамуданд. Ҳеч кас ҷонибдори бо роҳи сулҳу оштӣ ҳал кардани масъалаву ба сомон даровардани вазъият набуд. Қотилон хуморӣ, хуниндилон дар талаби хунбаҳо, ноуммедон фирорӣ, ба замми ин гадочашмию нодидагӣ - хуллас, аз ҳама ҷой бўи интиқом меомад.
Хушбахтона, ҳолдонони оқилу дурандеши тоҷик дар баргузидаи худ хато накарданд. Ба ифодаи Пешвои миллат "бо саъю талоши ҳукумати ҷавон ва мусоидату ҳамкории дўстони озмуда мо аз сахттарин имтиҳони таърихи навини хеш бо сарбаландӣ ва дар айни замон оқилтару ботадбиртар бадар омада, садҳо ҳазор муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонида, оташи ҷангро хомўш намудем. Мухолифону озурдахотирони ба ҳам ҷангӣ якдигарро бахшиданд ва парчами сулҳу сафо ва ягонагиву ваҳдат бар фарози сарзамини озодазодагон ба ҷилва даромад" (саҳ. 9).
Албатта, танҳо паймони сулҳ бастану роҳи осоишта пеш гирифтан маънои истиқлоли воқеиро ба даст овардан надошт. Ҳанўз тамоми мушкилот дар пеш буд. Қадамҳои аввалин дар роҳи давлатсозӣ таҷрибанадидаву ноустувор буданд. Давлат аз назари иқтисодиву иҷтимоӣ фалаҷшуда буд, эътимод ба ҳукумату эътиқод ба ояндаи нек заррае ҳам намонда буд.
Муаллифи китоб, ки садорати ҳукумати ҷавонро ба уҳда гирифта буд, бо як ҷумла аз ҳалли аввалин вазифаҳо, ки масири минбаъдаи давлати ҷавони соҳибистиқлолро муайян ва дар дили торики мардум ситораи уммед оғоз ба дурахшидан кард, изҳори назар мекунад: "Бо азму иродаи мардуми сулҳдўсту таҳаммулпазири худ дар андак замон кишварро аз вартаи нобудиву парокандагӣ раҳоӣ бахшида, дар паи ободии харобиҳо ва дармони дардҳо афтода, халқи аз сиёсат рондашударо дар масири сиёсати ҷаҳонӣ қарор додем, иқтидори иқтисодии мамлакат ва сатҳи зиндагии сокинони онро ба қадри имконоти замон ва бардошти захираҳои табиӣ ва инсонии кишвар баланд бардоштем, ба милали ҷаҳон дасти дўстӣ ва ҳамкорӣ дароз намуда, худро ба ҳайси миллати бофарҳанг, созанда ва сулҳдўст муаррифӣ кардем" (саҳ. 9-10).
Масъалаи интихоби шакли давлатдориро низ муаллиф аз мавзўъҳои ҷиддӣ ва мураккаби он замон меҳисобид. Пешвои миллат сохти давлатҳоеро, ки аз нигоҳи шакли ҳукмронияшон динӣ буданд ва шакли давлатдории кишварҳои дунявиро хуб омўхта буданд. Тоҷикон, аз як ҷиҳат зиёда аз ҳафтод сол мешуд, ки арзишҳои динии худро аз даст дода буданд ва ташнаи эҳёи онҳо буданд, аз ҷиҳати дигар мутобиқи талаботи асри нав сохти давлати замонавиро бояд шакл дод. Агар принсипу меъёрҳои давлатҳои демократиро Амрикову Аврупо муайян мекарданд, арзишҳои давлати исломиро Эрону кишварҳои Араб ташреҳ медоданд. Исломзадаву ғарбзада шудан ба нафъи мо набуд. Ва ин давлат мебоист "дорои хусусияти миллӣ ва ба фарҳанги сиёсӣ, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои муқаддаси диниву маънавии гузаштаи халқи мо созгор мебуд" (саҳ. 10). Бо саъю талошҳои шабонарўзии Пешвои миллат чунин шакли давлатдориеро, ки орзў мекарданд, ташкил намуданд. Барои чашми мутаассибони диниро кушодану андешаи миллатгароёнро ботил намудан зарурат ба огоҳ сохтани мардум аз таъриху фарҳанги гузаштаи худ пеш омад. Истиқлолият ба мо озодии андешаву амал ато намуд. Маҳз дар ин фурсат Роҳбари давлат боҷуръатона изҳор намуданд, ки аз "файзи Истиқлолият мо имкон пайдо кардем, ки омўзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими "ранҷиши дўстон" ва бе ороишҳои дурўғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем" (саҳ. 11).
Хуллас, аз рўи як назари иҷмолӣ ба асари зиқимати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Забони миллат - ҳастии миллат", ба чунин натиҷа расидем, ки маълумоти вуфур, ки дар ин асар рехта шудааст ва таҳлилҳои амиқи илмӣ, ки дар он ҷой доранд, китобро табдил ба як ганҷинаи мунҳасир ба фард кардааст.
Ҳар тоҷики соҳибандешаро лозим аст, ки ҳар як ҳарфи ин муҳимтарин, шоистатарин ва пойдортарин таълифоти муаллифи соҳибназару соҳибсуханро дар тасбеҳи тафаккур гузаронида, маншаи илҳоми андеша қарор диҳад, зеро агар ин китоб бо чунин нукоти аниқу дақиқ ва хулосаҳои мушаххас арза намешуд, ҳанўз муҳаққиқон ногузир аз муроҷеа ба сарчашмаҳои дорои иттилооти бе далели сотеъу бурҳони қотеъ, ки ҷуз ба бероҳа намебурданд, мебуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин