ДЎСТӢ САРҲАД НАДОРАД
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю башардўстона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байни ду халқи бародару ҳамсоя - тоҷикону ўзбекон дар сатҳи олӣ аз нав барқарор гардид.
Сафари давлатии мутақобилаи роҳбарони ин кишварҳои бо ҳам дўст саҳифаҳои наву тозаеро дар таърихи муносибатҳои онҳо боз кушод.
Лаҳзаҳои пур аз шодию фараҳ ва чеҳраҳои шукуфон, чашмони пур аз ашки шодии иштирокдорони чорабиниҳои идонаи ин ду халқи "бо ҳам гўшту нохун" чунин мисраъҳои шеърии шоири ширинкалом Саъдии Шерозиро ба хотир меорад:
Душманамро бад намехоҳам, ки он бадбахтро,
Ин уқубат бас, ки бинад дўст ҳам зонўи дўст.
Воқеан, бародарӣ, дўстӣ ва дастгирии якдигар байни халқҳои тоҷику ўзбек таърихи тўлонӣ дошта, аз наслҳо ба наслҳо идома меёбад. Аз ҷумла, сокини ноҳияи Дўстӣ, соҳибкори муваффақ Шарофат Ҳайдарова яке аз он ўзбекзабонҳои муқими Тоҷикистон аст, ки барқароршавии муносибатҳои дўстонаи Тоҷикистону Узбекистонро бо хурсандию самимияти баланд пазироӣ намуд. Ў мегўяд, ки падару бобоҳои мо аз Фарғонаю Самарқанд соли 1947 кўчида, ба водии Вахш омаданд. Падарам солҳои зиёд дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи собиқ Ҷиликўл кор кардааст. Ман дар ноҳияи Дўстӣ таваллуд шуда, ба воя расидаам. Баъди хатми коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо Абдусаттор Ҳайдаров оила барпо намудем. Фарзандҳоямонро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия намуда, ба воя расонидем.
Дар даврони Шўравӣ мо барои хабаргирии хешовандон ва сайру саёҳат ба шаҳрҳои Қаршӣ, Тошканд, Фарғона ва Самарқанду Бухоро мерафтем. Онҳо низ барои хабаргирӣ ва аёдати дўстону хешовандон ба Тоҷикистон меомаданд. Аз тамошо ва сайру сайёҳати мавзеъҳои таърихӣ, табиати биҳиштосою афсонавии Тоҷикистони азиз бо як ҷаҳон таассурот ба Ватан бармегаштанд.
Мутаассифона, баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои пасошўравӣ риштаҳои дўстию ҳамкориҳо гусаста шуд.
Мо дигар барои сайёҳат ва барои дидани дидори ёру дўстон ва хешу таборон ба Ўзбекистон рафта наметавонистем. Бисёре аз дўстону хешовандони мо кўч баста, ба Ўзбекистон рафтанд.
Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳангоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ўзбекистон зимни суханрониаш гуфта буд: "Бо амри тақдир ва бо сабабҳои гуногун таи ду даҳсолаи охир халқҳои тоҷику ўзбек бегона шуда, қариб ҳамдигарфаҳмиро аз даст дода буданд. Хушбахтона, мо имрўз ҳамаи монеаҳоро бо ташаббуси муштарак бартараф намудем. Ва ҳоло бо итминон изҳор медорем, ки имкониятҳои дуҷонибаро босамартар истифода намуда, дар муддати кўтоҳтарин ба сатҳи баландтарини муносибатҳои миёни кишварҳоямон мерасем".
Шарофат Ҳайдарова ва шавҳараш Абдусаттор Ҳайдаров афзуданд, ки тўли 25 соли охир аз фироқи хешону пайвандонашон андўҳгину хавотир буданд. Ҳазорон ташаккур ба Президентҳои маҳбуби ҳарду кишвар, ки роҳҳоро дубора кушоданд ва меҳру садоқат байни ду миллати дўсту ҳамсоя аз нав эҳё гардид. Чанде пештар як гурўҳ дўстону пайвандони мо аз Ўзбекистон ба ноҳияи Дўстӣ омаданд. Мо онҳоро самимона истиқбол намуда, меҳмондорӣ карда, ба хонаҳои ёру дўстон ва наздиконамон рафтем. Баъди тамошои шаҳри Бохтару Душанбе ва дараи хушманзараи Варзоб онҳо бо як ҷаҳон таассурот ба Ўзбекистон баргаштанд. Мо ҳамаи ёру дўстон ва пайванду хешовандон маслиҳат кардем ва ният дорем, ки дар арафаи иди Наврўз дар ноҳияи Дўстӣ вохўрда, "Шоми дўстӣ" ташкил намоем. Мо аз он хурсандем, ки дар оянда ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи соҳаҳо миёни ин ду кишвари дўсту ҳамсоя боз ҳам тақвият меёбад.
Ҳангоми сафари давлатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 26 созишномаи ҳамкории мутақобилан судманд ба маблағи 100 млн доллари амрикоӣ ба имзо расид. Албатта, ин аз ояндаи неку босаодати муносибатҳои ду халқи бародару дўстони қарин дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар нахустин сафари давлатиашон ба ҷумҳурии мо бо ифтихори бузург иброз дошт: "Мардуми тоҷик ва ўзбек мисли ду шохаи як дарахтанд. Мо як дин, замин ва об дорем. Мо дар ғаму шодии якдигар якҷо ҳастем, як сарнавишт моро пайваст мекунад. Анъанаҳои неки гузаштагони худро идома дода, мо бояд дўстии мардумонамонро тақвият бахшем ва ҳимоя кунем".
Оре, мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дўстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми тарафайн муттаҳид месозад.
Акнун офтоби дурахшони дўстӣ болои сари ин ду миллати дўсту бародар боз шаъшаъапошӣ дорад. Бигзор, меҳру садоқат ва самимият миёни тоҷику узбек ҷовидону абадӣ бошад.
Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори "Ваҳдат"