Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

КОРЗОРИ ФИДОКОРИҲО

КОРЗОРИ ФИДОКОРИҲО

Инак, чархаи аввали Роғун ба чархидан шурўъ мекунад. Барқи гаронбаҳои деринтизори он ба рагу пайи кишвар нерўи тоза эҳдо месозад. Неру барои ҷаҳидан ва барои иҷрои он ҳадафҳои бузурге, ки мо дар оянда барои хеш тарҳрезӣ кардаем. Дар ҳақиқат, ин рўзи таърихӣ, рўзи шодию нишот ва сарбаландии мост.
Воқеаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда аз хотири насли имрўз ба зудӣ фаромўш намешаванд ва таъсири онҳо давраҳои баъдӣ низ ба ҳаёти мо нақши шуми хешро боқӣ гузоштааст. Ҷанг, бесарусомонӣ дар иқтисод, камбуди барқ. Вақте бо гузашти ҳамагӣ ду-се соат чароғҳо то ба шабонарўзи дигар комилан хомўш мешуданд, вақте шабонгоҳон тамоми кўчаю хиёбонҳо, хонаю маҳаллаҳо дар шаҳру деҳот ба коми зулмат фурў мерафтанд, гўё ҳаёт дар ин фосилаҳо қатъ мешуд, набзи зиндагӣ аз задан мемонд. Ҳамасола тирамоҳу зимистон мардуми мо дар ҳамин аҳвол буданд. Корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, тамоми бахшҳои рўзгор, ки корашон вобастаи барқ буд, ҳолати шадиди бўҳрониро аз сар мегузаронданд. Мо ҳамон шабу рўзҳо амиқан дарк кардем, дар таҷрибаи худ дидем, ки барқ воқеан ҳам нони иқтисод, нерў барои пойдорӣ ва зистан будааст.
Шумо ба умқи воқеоту рўйдодҳои ҷаҳон таҳаммул кунед. Кўшиши ба даст овардани манбаъҳои нерў ҳатто сабаби ҷангу мухолифатҳои байнидавлатӣ гардидааст. Решаи ҳамаи он ҷангу забткориҳое, ки давоми асрҳои XIX ва XX воқеъ шудаанд, сари масъалаи тасарруфи манбаъҳои неру қарор гирифтааст. Дар асри мо низ ин талош аз назарҳо пинҳон нест, гарчанде бо ниқобу баҳонаҳои мухталиф рўйпўш мешавад. Чаро маҳз Ироқ ҳадафи ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифт? Чаро Либия? Магар ғайри ин давлатҳо, дар дунё дигар режимҳои мустабид набуданд? Иттиҳоди Аврупо наздиктарин ёру ёвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Дар ҷодаи байналмилалӣ маъмулан ҳама иқдомоти ИМА-ро ҷонибдорию пайравӣ мекунад. Аммо ба лиҳози нерў, газ вобастаи воридот аз Русия аст. Ҳамин вобастагӣ вайро маҷбур месозад, ки дар муносибат бо ин давлат эҳтиёткор бошад ва дар ташдиди равобит гоҳо аз хати кашидаи Амрико сар бипечад. Эҳтиёҷ ба нерў Ҷопонро водор мекунад, ки танкерҳои нафткашаш мудом, шабу рўз дар ҳаракат бошанд ва ба хотире, ки иқтисоди мутараққиаш аз чархидан бознаистад, бе танаффус аз он сўи қитъа барояш маводи сўхт бикашонанд.
Ҳамин тавр, дар шароити имрўза давлатҳое, ки аз манбаъҳои нерў танқисӣ надоранд, чи об бошаду чи нафту газ ва чи нерўи хастаӣ, барои пешрафт ва бунёди як иқтисоди модерну муосир соҳиб ба заминаи қавӣ ҳастанд. Онҳо дар фароҳам овардани зиндагии серу пур ва осудаҳолонаи шаҳрвандонашон имкониятҳои бештар доранд.
Хушбахтона, мо аз ҳеҷ манбаи нерў бенасиб нестем. Ҳам об, ҳам захираҳои фаровони нафту газ дар қаъри заминамон дорем, ки дар сурати мавриди истифода қарор гирифтанашон боис ба таҳаввулоти инқилобӣ дар ҳаёти кишвар хоҳанд шуд, ҳам уран, ҳам офтоби пурсаховат, ҳам шамол… Рўйи ганҷ хобидаем.
Аммо махсусан захираҳои нерўи обиамон дар ҷаҳон нодир ва беҳисобанд. Об, бархилофи нафту газ ва дигар манбаъҳои неру, ҳаворо олуда намесозад, бинобар ҳамин, энергетикаи обиро «энергетикаи сабз» гуфтаанду рушди он ба саломатии инсон ва рўзгори осудаҳолонаи сокинони сайёра хатар эҷод намекунад. Бартариҳои дигари нерўи обӣ дар арзон афтидан ва таҷдидшаванда будани манбаъҳои он аст.
Ба ҳамин тариқа, кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои истиқлолият расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи хеш қарор дода, тамоми қувваю имконотро, пеш аз ҳама, ба рушди энергетикаи обӣ равона намуд.
Ба миён гузошта шудани се ҳадафи стратегии рушд аз ҷониби Пешвои миллат дар солҳои аввали соҳибистиқлолию дар саргаҳи он қарор додани истиқлолияти энергетикӣ танҳо бо тақозои зарурати ҳаётии он рўзҳо набуд, гарчанде барои пур кардани танқисии барқ атрофи аз Қазоқистону Туркманистон интиқол додани он гуфтугўҳое ба вуқуъ пайваста буданд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар асл ҳам ҳадафи стратегӣ буд, барои он, ки заминаи рушди оянда пайдо шавад, то он нақшаву ҳадафҳоеро, ки имрўз дорем, бо дилпурӣ матраҳ карда тавонем. Вагарна, имрўз дар бероҳа мемондем. Ана, ҳамин аст яке аз нишонаҳои айнии хирадмандии бузурги Пешвои миллатамон.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 рушди иқтисодии кишвар ба ҳамин самт равона хоҳад шуд, яъне, пешрафти афзалиятноки саноату инноватсия, технологияҳои муосир. То охири давраи муайяншуда ҳиссаи саноат дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилии мо рақами аз ҳама бештарро ташкил хоҳад дод.
Тоҷикистон-кишвари саноатӣ. Тоҷикистони индустриалӣ. Замоне ин фикрро мо ҳатто дар сарамон ҳам ҷой намедодем. Бо кишварҳои пешрафта сабқат карданро хобу хаёл медонистем. Вале саноатикунонии Тоҷикистон аллакай дар нақшаҳои наздикамон шаклу шамоили воқеӣ гирифтааст, ки албатта, натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи иқтисодию иҷтимоии Сарвари давлатамон зимни солҳои сипаришуда мебошад.
Ҷиҳати ба ин мақсадҳои бузург ноил гардидан мо бояд энергетикаи обиамонро собитқадамона рушд диҳем, ки барояш, тавре дар боло ишора рафт, имкониятҳои нодир дорем. Дар Тоҷикистон 985 рўд ҷорист, ки дарозии умумиашон 28500 километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми тавоноии энергетикӣ дар онҳо солона 527 миллиард киловатт/соат аст, ки ҳоло ҳиссаи ночизе аз ин иқтидор (10 дарсад ҳам не) мавриди истифода қарор дорад. Дар Осиёи Марказӣ 26,4 дарсади тавоноиҳои обии нерў ба Қирғизистон, 14,5 дарсад ба Ўзбекистон, 4,3 дарсад ба Туркманистон ва 56 дарсади боқимонда ба Тоҷикистон мансубанд. Аз ин ҷиҳат мамлакати мо дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, ИМА. Бразилия, Зоир, Ҳинд ва Канада ҷои ҳаштумро мегирад. Бо ҳисоби ҳар нафар сокин бошад, дуюм ва бо масоҳат якум дар сайёра ҳастем.
Ҳоло 16 дарсади нерўро дар ҷаҳон иншоотҳои обӣ тавлид мекунанд, ки Чин, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Австрия, Зеландияи Нав, Швейтсария, Венесуэла аз ин ҷиҳат пешсафанд.
Бунёди нахустин нерўгоҳи обӣ дар Тоҷикистон соли 1936 сурат гирифт ва он дар рўди Варзоб, «Варзоб-1» буд. То соли 1952 дар маҷрои ин рўд боз ду нерўгоҳи дигар-«Варзоб-2» ва «Варзоб-3» ба истифода дода шуданд. Соли 1956 дар Қайроққум нерўгоҳи «Дўстии халқҳо» оғоз ба кор кард. Соли 1972 нерўгоҳи азими «Норак» тавлиди барқро шуруъ намуд, ки иқтидораш 2 ҳазору 600 мегаватт аст. Соли 1985 нерўгоҳи «Бойғозӣ» бо иқтидори 600 мегаватт ба истифода дода шуд.
Давоми 70 соли Шўравӣ мо ба истифодаи ҳамин қадар тавоноиҳои энергетикаи обиамон муваффақ гардидему баъди истиқлолият аз сабаби канда шудани робитаҳои иқтисодии миёни ҷумҳуриҳо бо танқисии шадиди неруи барқ дар айёми камшавиҳои зимистонаи оби дарёҳо рў ба рў омадем.
Вазъияти ба миёномада роҳбарияти кишвар, Президенти мамлакатамон, сиёсатмадори оқилу фидокор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки бунёди неругоҳҳои навбатии обӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеаамон қарор бидиҳанд.
Муддати зиёде нагузаштааст, вале мо илова ба иншооти мавҷуда, аллакай нерўгоҳҳои «Сангтўда-1»-ро бо иқтидори 670 мегаватт, «Сангтўда-2»-ро бо иқтидори 220 мегаватт дорем, маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт бунёд, нерўгоҳҳои «Норак»-у «Дўстии халқҳо»-ро таҷдид карда истодаем. Зимни солҳои соҳибистиқлолӣ бобати бунёди зерсохтори шабакаҳои барқ низ хеле корҳои бузург анҷом дода шудаанду дар минтақаҳои гуногун боз 300 неругоҳи хурди барқӣ оғоз ба кор кардаанд. Умуман, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳҳои нав ба кор пардохтаанд, ки ин андак нест. Ҳоло истеҳсоли шабонарўзии неруи барқ дар мо 55 миллион квт/с-ро ташкил медиҳад.
Акнун бунёди хати баландшиддати барқи «CASA-1000» шуруъ шудааст, ки неруи барзиёди тобистонаи барқро дар Қирғизистону Тоҷикистон (бештар Тоҷикистон) ба Покистону Афғонистон интиқол медиҳад.
Нерўи барқ метавонад муҳимтарин моли содиротии мо гардад, ба шарте суръати сохтмони неругоҳҳои обиро суст накунем, балки ривоҷи бештарашон диҳем, ин корро ба як унсури калидии иқтисодамон мубаддал созем. Аз ин ба рушди саноат, дигар бахшҳои иқтисод зиёне намерасад, чун имкониятҳо фаровонанд. Тоҷикистони ҷанубӣ бо рўдҳои Вахшу Панҷ 62 дарсади захираҳои гидроэнергетикиро дар хеш ғунгҷоиш додааст. Бадахшон-27 дарсад, шимоли кишвар-11 дарсад.
Дар маҷрои Вахш ба ҷуз иншооти маълум, боз бунёди неругоҳҳои Сичароғ (420 ҳазор квт/с), Шўроб (900 ҳазор квт/с) дар назар дошта шудааст. Дар маҷрои Панҷ 14 неругоҳ, ки иқтидорашон аз 300 ҳазор то 5,3 миллион квт/с хоҳад буд, бунёд мегардад: Панҷи Поён (1,1 млн. квт/с), Кўкча (800 ҳазор квт/с), Маскав (800 квт/с), Чумар (2 миллион квт/с), Даштиҷум (5,3 миллион квт/с), Қалъаи Хум (1,5 миллион квт/с), Туған (2 миллион квт/с), Рўшон (3,1 миллион квт/с). Танҳо нерўгоҳи Даштиҷум дар сурати сохта шуданаш солона 19 миллиард киловатт/соат барқ тавлид карда, талаботи кишварро қариб пурра қонеъ месозад. Ҳоло ҷиҳати бунёди нерўгоҳҳои «Шўроб», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод», «Себзор» корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.
Пас, бубинед, модоме мо ин қадар имкониятҳо дорем, чаро онҳоро истифода накунем, чаро нерўро, ки дар ҷаҳон ба ин ҳад арзиши гарон дорад, манбаи асосии содиротамон қарор надиҳем?!
Нерўгоҳи Роғун бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард квт/с барқ тавлид хоҳад кард. Шаш чархаи он ҳар як 600 мегаватт иқтидор доранд. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин нерўгоҳ дар минтақа калонтарин мешавад.
Бунёди он солҳои шўравӣ оғоз шуда буд. Аммо пас аз пош хўрдани давлати абарқудрат сохтмон қатъ гардид, ҷанги дохилӣ бошад, корҳои анҷомшударо қариб пурра аз байн бурд.
Бинобар ҳамин, бо талошҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқлолёбӣ дар Роғун корҳои барқарорсозӣ шуруъ гардиданд. Қатъи назар аз ҳама мушкилоти сангини иқтисодӣ, монеаҳои сунъии эҷодшуда, кор дар ин ҷо ҳамеша идома дошт. Сохтмон арсаи нангу номуси миллӣ эълон гардид. Мардум даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки алорағми мушкилиҳо мегуфт, агар лозим шавад, мо Роғунро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол карданд ва қувваю нерўяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона сохтанд.
Ба аҳамияти муҳими неругоҳ дар ҳаёти кишвар Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд ва ана, яке аз ин таъкидҳо: «Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди нерўгоҳи Роғун таъмин кардан амри маҳол аст. Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро таъмин месозад».
Акнун, ки дар натиҷаи меҳнати шабонарўзии ҳазорон нафар бетонрезон, кафшергарон, васлгарон, ронандагони мошину булдозерҳои пуриқтидор, лоиҳакашҳо ва намояндагони даҳҳо касбу кори дигар ин ормони миллии мо ба самар расидаасту чархаи аввали нерўгоҳ тавлиди барқро оғоз мекунад, мо ифодаи амалии он ҳама ҷаҳду талошҳо ва даъватҳои Пешвои миллатамонро баръало шоҳид гардида истодаем.
Роғунро тамоми Тоҷикистон месозад. Дар ин иншооти азим зиёда аз 15 ҳазор нафар одам кор мекунад, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. Роғун ҷоест, ки дар он ваҳдати миллӣ, дўстию рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешаванд. Мо, бешубҳа, шоҳиди ба дунё омадани наслҳои комилан нави шаҳрвандонамон ҳастем. Насле бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ, худшиносу худогоҳ, бо мавқеи фаъоли ҳаётӣ. Шуморо намедонам, вале ҳангоме ман гоҳо тавассути телевизион муҳокимарониҳои бунёдкорони оддии Роғунро мешунавам, аз онҳо ҳаловат мебарам. Чӣ қадар суханрониҳои оқилона, андешарониҳои дуруст, бе ягон қоғаз ва талқине аз берун.
Роғун барои даҳҳо сохтмонҳои дигари мо мактаби касбу ҳунар, мактаби таҷриба мешавад.

Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин