Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР!

Имрўзҳо дар тамоми Тоҷикистон он касе, ки ин миллат ва ин давлатро дўст медораду ободию пешрафти онро хоҳон аст, интизори ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Касе, аз корномаи Пешвои дилогоҳу ободгару қаҳрамони мо шод буда, баҳри рушди кишвар бо кори содиқонаи худ ҳисса мегузорад, интизори ба кор даромадани ин неругоҳи азими аср мебошад.

Инак, лаҳзаҳои беназири таърихӣ наздик мешаванд. Аввалин агрегати НБО-и «Роғун» ба кор даромада, ба нурборон намудани кишвар оғоз мебахшад. Аз барқи неругоҳи «Роғун» хонаҳо чароғон мешаванд, корхонаҳои нав ба нав бунёд мегарданд, чароғакҳои кўчаҳои шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо шабҳои торикро нурафшонӣ менамоянд. Аз нури «Роғун» тамоми кишвар ва ҳатто ҳамсоягон низ истифода хоҳанд кард.

Имрўзҳо зиёиёни оқили мо бо сухан, бо кор, бо қалам аз «Роғун»-у кормандонаш ёд мекунанд. Яке тариқи радио, дигаре тавассути телевизион, сеюмин ба воситаи мақола, чорумин бо шеър «Роғун»-у коргаронашро офарину шодбош мегўянд. Ҳама Саркори ин амали бузурги беназири таърихӣ-Пешвои миллатро меситоянд.

Олими шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Аламхон Кўчарзода ба ваҷд омада, дар ситоиши «Роғун» рубоиҳо сурудааст, ки он зери унвони «Замзамаҳои Роғун» аз ҷониби нашриёти «Адиб» пешкаши хонандагон гардид. Ин рубоиҳои дилпазир дар ситоиши Неругоҳи барқи обии «Роғун»-у паҳлавонони арсаи меҳнат, мардуми дўстдори ваҳдат, ояндаи дурахшони миллат, ошиқони кору амалу пурмуҳаббат, дилдодагони ин мамлакатанд. Китобча бо ду хат- тоҷикӣ ва алифбои ниёгон чоп шудааст.

Дар оғози ин маҷмўаи шаклан хурду мазмунан саршор аз меҳру самимият академики АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода пешгуфторе навиштааст, ки ҷумлаи аввалини он чунин аст: «Рубоӣ ё фаҳлавиёт аз куҳантарин анвои адабии тоҷикӣ буда, бо манзури зуҳур комилан жанри адабӣ-ҳунарии миллист». Баъдан ба идомаи ин гуфта, мавсуф роҷеъ ба муаллифи ин китобча чунин менигорад: «Профессор Аламхон Кўчарзода дар эҷоди анвои мухталифи каломи манзуми адабӣ-ҳунарӣ, аз ҷумла рубоӣ низ басо комёб шудааст. Вай дар силсиларубоиёти ба Роғун бахшидаи худ ғамхории Ҳукуматро ҷиҳати бунёди ин иншооти аср воқеӣ тасвир кардааст».

Бале, устод А.Кўчарзода дар ин рубоиҳо самимона Ватани азиз – Тоҷикистон, неругоҳи нурафшон – «Роғун» ва мардуми онро бо эҳсоси шоирона чунин ситоиш намудааст:

Эй дидаи интизори даврон, Роғун

Ҷон дар бадани ниёзмандон, Роғун.

Борони сахот аз абри раҳмат бошад,

Эй мазраи сабзи Тоҷикистон, Роғун.



Роғун, намакӣ ту дар намакдони Ватан,

Ё кулчаи ширмол дар хони Ватан.

Аз ваҳдату аз шарори бунёдгарӣ,

Сад шукр, шукуфт гули армони Ватан.



Бархезу биё ба Роғун, ай ҷону ҷигар,

Пайванди вафои одаму об нигар.

Вахше, ки сарафрохта буд, роҳ гирифт

Аз мақдами Пешво ба маҷрои дигар.

А.Кўчарзода зимни муҳаббати бепоён доштан ба мамлакат ва миллат, Роғунро ҳамсоли Бадахшону Вахон дониста, онро чун «мурғи Ҳумо», ки дар афсонаҳо ва осори бадеӣ парандаи бахту саодат, давлату салтанат аст, ҳамбол медонад ва чун «шаҳбачаи истиқлол» меситояд:

Роғун, ба Бадахшону Вахон ҳамсолӣ,

Бо мурғи Ҳумо ту ҳамдаму ҳамболӣ.

Бо умри куҳан завқи ҷавонӣ дорӣ,

Як шаҳбачаи замони истиқлолӣ.

Шоир Роғунро «санами ҳаловати ҷон», «лаъли Бадахшон» номида, зимнан барои бунёди он заҳмат кашидани ҳазорон Фарҳоди кӯҳканро ба ёд оварда, гуфтааст:

Роғун санаме ҳаловати ҷон бошад,

Лаъли лаби ў лаъли Бадахшон бошад.

Ширин чу рабуд ҳуши Фарҳод, варо

Аз ҷумлаи Кўҳкан ҳазорон бошад.

Академик А.Раҳмонзода низ аз ин сурудаҳои А.Кўчарзода ба ваҷд омада навиштаст: «Дар силсилаи рубоиёти ба Роғун бахшидаи Аламхон Кўчарзода, хосса дар тасвирсозиҳои ў ҷузъиёти лирикӣ басо ҷолибу ҷозиб аст. Фаразан, дар силсилаи рубоиёти мазкур, ки мо онро вобаста ба фарогирии мавзўъ «Рўшноинома» ном гирифтем, об селобу хезоб ё пасобу мурдоб набуда, беш аз инҳо сарду ваҳшӣ ҳам нест. Алорағми сифоти фавқуззикр об сабаби ҳосилшавии ризқу рўзӣ, бақобахши мавҷудоту зиёбахши маъвову манзилҳо ва манбаи фаъолияти корхонаҳои кишвар аст. НБО-и «Роғун» бузургтарин сарчашмаи даромади миллӣ низ мебошад. Ин аст, ки он барои аҳли завқ манбаи илҳом гардидааст ва силсилаи мазкур натиҷаи он аст». Рубоиҳои зерин шоҳиди ин гуфтаҳоянд:

Дар синаи кўҳ санг гавҳар гардад,

Хок аз ҳунари марди ҳунар зар гардад.

Аз хандаи барқи НОБ-и «Роғун» Ватанам

Рахшон шаваду ҷаҳон мунаввар гардад.



Эй пардаи дида пойандози раҳат,

Овард баҳори рафта рўи чу маҳат.

Хуршед ба кошонаи ман ханда кунад,

Пайванд ба Роғун аст барқи нигаҳат.



Боз аз шафати қулла ба парвоз шавад,

Аз субҳ дари ризқ ба кас боз шавад.

То ранг барад баҳор аз хандаи нур,

Наврўзи Аҷам зи Роғун оғоз шавад.

Дар неругоҳи «Роғун» ҳазорон-ҳазор нафар коргарон аз минтақаҳои Тоҷикистон ва чандин кишварҳои ҷаҳон даст ба дасти ҳам дода, кор мекунанд. Муаллиф ин ҳамбастагиро чун «рамзи вафову ваҳдату паймон» ва амали «ватанхоҳию давлатдорӣ» меситояд:

Роғун, ба масал тоҷи сари мардонӣ,

Ҳам рамзи вафову ваҳдату паймонӣ.

Дар боби ватанхоҳию давлатдорӣ,

Ту дарди ҳазорсоларо дармонӣ.

Чандин неругоҳ дар равиши оби дарёи Вахш сохта шудаанд, ки муаллиф ба ин оби равони нурбахш муҳаббат дорад. Ба ин васила ў аз дарёи Вахш ёд менамояд, ки чархаҳои Роғун низ аз ҷараёни оби вай мечарханд. Кўчарзода самимона аз дарёи гуҳари Вахш, хоки зарини диёру косаи зараш, рўйи нуронию арақи ҷабини мардони ҳунараш чунин ёд намудааст:

Роғун, садафию Вахш дарёи гуҳар,

Як мушт зи хоки ту маро косаи зар.

Болои баланду рўйи нуронии ту –

З-обу арақи ҷабини мардони ҳунар.

Устод Кўчарзода аз тариқи сохтмони Роғун ба он ишорат менамояд, ки парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон боз ҳам дурахшонтар намоён мегардад. Аз ҷумла, дар ин мисраҳо Роғунро ҳамранги парчами Ватан дониста, ба воситаи тасвирҳои зебои мардумӣ чун «ифтихори ному нанг» онро ба хуршеди оламтоб ҳамсанг медонад:

Роғун, ту ба парчами Ватан ҳамрангӣ,

Парвардаи ифтихору ному нангӣ.

Аз Шарқ зиёи НОБ-и ту ханда кунад,

Ҳаққо, ки ба хуршеди фалак ҳамсангӣ.

Пешвои миллат борҳо гуфтаанд, ки Роғун умри Норакро даҳсолаҳо дароз менамояд. Шоир низ бар он ишорат намудааст, ки Роғун ба монанди Норак бародар дошта, ҳар ду барои ободии кишвар муҳим мебошанд:

Роғун, садафӣ, ба сина гавҳар дорӣ,

Аз лаъли мурассаъ тоҷ бар сар дорӣ.

Чун арча ба паҳнои кўҳистон сабзӣ,

Чун Нораки зарфишон бародар дорӣ.

Инак, он рўзи мунаввар, ки мардуми шарифи Тоҷикистон чандин солҳо интизораш буданд, фаро мерасад. Имрӯз ин неругоҳ ба маркази дўстию рафоқату меҳрубонӣ, маркази нуру маърифат, дўстию самимият, башрдўстию одамият табдил ёфтааст.

/АМИТ «Ховар»/.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин