Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ОБОДКОРӢ САМАРИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИСТ

Файзобод аз ҷумлаи ноҳияҳои кўҳистони тоҷик аст, ки ҳамчун гўшаи поку обод ва дорои таърихи бою рангин кайҳост, ки маълуму машҳур гаштааст. Ободкориҳои солҳои охирро сокинони ин ноҳияи зархезу файзрез хеле хуб қабул кардаву умед бар он доранд, ки ҳамарӯза ташаббусҳои навини созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ин диёри зебоманзар рӯи кор хоҳад омад.
Миёни мардуми мо як мақоли хеле хубе ҳаст, ки мегӯянд : «Корро корфармо мекунад». Ободкориву созандагӣ ва бунёдкориҳои ноҳияро дида, бори дигар ба дурустии ин мақоли мардумӣ итминон пайдо мекунам. Имрӯз ба чароғон шудани роҳи маркази ноҳия, роҳҳои маркази ҷамоатҳои Бӯстону Меҳробод, Вашгирд бо ҳавас дида медӯзему боварӣ дорем, ки ин иқдом дар маркази дигар ҷамоатҳо низ амалӣ хоҳад гашт. Арчаҳои сарсабзи ду тарафи шоҳроҳ ва бунёди боғҳои нав, ташкили «Гӯшаи деҳқон» қариб дар ҳамаи ҷамоатҳо, мумфаршу асфалтпўш шудани роҳи деҳаҳои Чиноро, Заркамар ва шаҳраки Файзобод, ободии мазору қабристонҳо ва дигар иқдомҳои бунёдкорӣ аз маҳорати баланди ташкилотчигию роҳбарии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода гувоҳӣ медиҳад. Акнун вақти он расидааст, ки мо ҳама сар аз як гиребон бароварда, дасти ҳам гирифта, иқдомҳои бунёдкорию ободкунии мақомотро дастгирӣ намоем, рушд диҳем, ҳиссагузори ҳама корҳои шоиста ва амалҳои хайр бошем.
Солҳои пеш дарахтшинониро танҳо вазифаи кишоварзону заминдорон мепиндоштанд. Ҳоло бошад, ҳама якдилона дасту остин барзада, қариб се фасли сол пайи дарахтшинонӣ камар бастаанд. Ба нигоҳубину парвариши ниҳолҳо диққати хоса дода мешавад. Ба сабзишу қадкашии ниҳолҳо назар андўхта, тану рўҳи кас ҳаловат мебарад.
Вақт довари барҳақ аст, - мегўянд мардум. Имрўз маълум шуд, ки барои анҷоми амалҳои шоиста дилсӯзӣ зурур будаасту ғамхори мардуму диёр будан. Хушбахтона ҳамаи ин хислатҳоро роҳбари имрӯзаи ноҳияи Файзобод, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Миралӣ доросту метавонад мардумро сӯйи ободонию созандагӣ, гулзор намудани кўчаву гулгаштҳо, дарахтшинонӣ ва зебогардонии диёр ҷалб гардонад.
Теппаҳои ноободи ду тарафи шоҳроҳ ҳамвор кардаву барои дарахтшинонӣ тайёр шудаанд. Шоҳроҳ ҳусни тоза пайдо намуда истодааст. Меҳмонон, роҳгузарон шоҳроҳро, ки аз ҳудуди ноҳияи мо убур мекунад, дида, аҳсант ба мардуми соҳибфарҳангу зебоипарасташ мегӯянд. Зеро қаторҳои арчаю сӯзанбаргу санавбари ду ҷониби роҳ басо диққатрабову дилфиребу чашмрасанд. Ин ҳама моро водор месозад, бигӯем, ки ноҳияи Файзобод рӯз то рӯз ободтару дилработар гашта, рӯ ба ободӣ дорад.
Шуруъ аз соли 2015 роҳбарии ноҳияи мо ба зиммаи шахси ободкору ватандӯст Миралӣ Раҷабзода вогузор аст. Маҳз бо кордонии ин марди нексиришт дар мудати кӯтоҳ ноҳияи Файзобод симои хешро ба куллӣ дигар карда истодааст. Рўз то рўз Файзобод ободу зебову гулистон мешавад. Заҳматкашони ноҳия бо дили гарму рўҳи болида паи зиндагии осоишта ва ободонии диёру ватананд. Ҷавонон ҳам дар бахшҳои ҷамъиятию сиёсӣ, маориф, иқтисод, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, ҳарбӣ саҳми босазо доранд.
Бо дастгирии раиси ноҳия ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, дар деҳаи Бўстон, муассисаи таҳсилоти умумии асосии №60 аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори диёр С. Ғафуров дар деҳаи Кенҷаобод, муассисаи таҳсилоти умумии асосии №54 аз ҷониби сокинони диёр дар деҳаи Кўлобиён, таъмири пурраи МТМУ №2 дар деҳоти Меҳробод, аз таъмири хушсифат баровардану ба муассисаҳои томактабӣ (ширхоргоҳ-кўдакистон) табдил додани биноҳои кўҳнаи муассисаҳои таълимии №№ 2 ва 3, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Бӯстон, маркази солимгардонии ҷавонону наврасон дар деҳаи Лолагӣ, азнавсозӣ ва таъмири толори варзишӣ дар деҳаи Хӯҷамард, майдони марказӣ ва майдонҳои футбол дар як қатор деҳаҳо далели ин гуфтаҳост. Танҳо соли гузашта, дар маҷмуъ 72 иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ҳамаи ин ободкориҳо самари кордонии мақомот бо роҳбарии раис ва ваҳдату ягонагии аҳли ҷомеа мебошад.
Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу дўстӣ, истиқлолияти миллӣ, ободиву бунёдкориҳо бирасем, кишварамонро боз ҳам ободу шукуфо гардонем.
Манижаи ФАЙЗУЛЛО,
донишҷўи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин