Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

НБО-и "Тоҷикистон": нерўгоҳи баландтарини ҷаҳон

Ширкати "Помир Энерҷӣ" дар доираи ҳамкории молиявии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ноҳияи баланд-кўҳи Мурғоб НБО-и нави "Тоҷикистон"-ро мавриди истифодабарӣ қарор дод. Истгоҳи барқии мазкур қисми бештари аҳолии ноҳияи баландкўҳи Мурғобро бо нерўи барқи босифат, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэътимод таъмин менамояд.
Маросими расмии ифтитоҳи нерўгоҳи барқии обӣ дар таърихи 13 сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Бо пешниҳоди Сарвари давлат ба нерўгоҳи тоза ба кор даромада ба ифтихори ҷашни мубораки 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи "Тоҷикистон" дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки НБО-и мавҷудаи ноҳия ҳанўз соли 1964 бо тавоноии нақшавии 640кВт дар дарёи Оқ-Су бо усули маҷроӣ сохта шуда, ҷиҳати камии оби дарё ва фарсудашавии таҷҳизотҳо солҳои охир тобистон фақат бо тавоноии 300кВт ва зимистон - то 140 кВт кор мекарду халос. Барқи истеҳсолкардаи нерўгоҳ ҳатто барои аз рўи реҷа таъмин намудани муштариёни маркази ноҳия намерасид.
Маҳз бо шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шароити мушкили ин ноҳияи дурдаст дар дастрасӣ ба барқ ба ҳисоб гирифта, дар дарёи Оқ-Су хишти аввали НБО-и нав гузошта шуд.
Дар соли 2015 Ширкати "Помир Энерҷӣ", ки аз соли 2002 дар асоси Шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати мамлакат ҳамчун нахустин шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шабакаҳои барқии ВМКБ-ро идора мекунад, ба азнавсозии ин НБО-и хурд шурўъ намуд.
Мувофиқи лоиҳаи аввала тавоноии НБО бояд 800кВт-ро ташкил медод. Ба ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Федеролии Олмон тавассути Бонки рушди Олмон (KfW) маблағи 5 млн. евро ҷудо карда шуд. Вале баъд аз анҷом додани тадқиқотҳои иловагии топографӣ хулоса бароварда шуд, ки бо ворид намудани баъзе тағйиротҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ба андозаи 2 метр паст кардани сатҳи канали обпарто ва ба андозаи 3 метр баландтар бардоштани сатҳи сарбанди неругоҳ иқтидори барқтавлидкунии онро ба 1500 кВт расондан мумкин аст. Ин пешниҳод бо назардошти ниёзмандии зиёд ба қувваи барқ дар ноҳияи Мурғоб ҳам аз тарафи Ширкати "Помир Энерҷӣ" ва ҳам аз тарафи мушовири лоиҳа - Ширкати консалтингии олмонии "Фихтнер" мувофиқи мақсад дониста шуд.
Дар маҷмўъ бо назардошти пурра аз нав сохтани иншоотҳои дар натиҷаи селравии тобистони соли 2015 зарардида бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои амалисозии лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Олмон 7,4 млн. евро ихтисос дода шуд. Дар баробари ин барои анҷоми корҳои боқимонда, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи барқӣ, васлу насби зеристгоҳҳо ва асбобҳои замонавии барқченкунӣ аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд тавассути Ширкати "Помир Энерҷӣ" ба лоиҳа ба андозаи 2,1 млн. евро иловатан маблағгузорӣ шуд. Қайд кардан зурур аст, ки бо тавсия ва ҳидояти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар тамоми таҷҳизот барои нерўгоҳ аз тарафи мутахассисон маҳз бо назардошти шароити табиию иқлимии ноҳияи баландкўҳи Мурғоб интихоб ва дастрас карда шуд. Барои мисол, дар сохтмони канали обгузар маводҳои махсуси синтетикӣ - геомембрана ва геотекстил, ки қобилияти борбардории зиёд ва ёзандагӣ дошта, дар шароити аз ҳад хунук тобовар ва инчунин зарфи симини "Рено" (матрацы Рено), ки бо мустаҳкамӣ, ёзандагӣ ва сифатан аз бетон қавитар мебошанд, истифода шуданд.
Дар бунёди бинои агрегатҳо бошад конструксияҳои махсуси металлӣ дар якҷоягӣ бо сэндвич-панелҳо, ки аз ҷиҳати мустаҳкамӣ ҳамто надошта, гармиро дар дохили бино ба муддати дароз нигоҳ медоранд, истифода шуданд, ки дар шароити сангини Мурғоб хеле муҳим аст. Барои таъмини кори мураттаб ва боэътимоди дарвозаҳои сарбанд дар фасли зимистон ба таҷҳизотҳои дарвозаҳо гармкунакҳои махсус дохил карда шудаанд, ки онҳо дарвозаҳоро дар давраи хунукии аз ҳад зиёд аз яхкунӣ нигоҳ медоранд ва барои гузариши ҳаҷми зарурии об шароити мусоид фароҳам меоранд.
Ба ғайр аз ин нахустин маротиба дар шароити ВМКБ ҷиҳати фаъолияти бенуқсон ва боэътимоди НБО-и "Тоҷикистон" сарбанди ҳақиқӣ бо баландии 12 метр ва дарозии 64 метр сохта шуд, ки дар болооби он ба андозаи беш аз 2 млн. м3 оби фоиданок ҷамъ мегардад. Ҳамчунин нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ дар сарбанди нерўгоҳ иншооти махсус - моҳигузар сохта шуда, имкон медиҳад, ки моҳиҳо озодона ва бе ягон монеа тавассути он ҳаракат кунанд.
Лоиқ ба қайд аст, ки нахустин маротиба дар таърихи энергетикаи ноҳияи Мурғоб барои таъмини шаффофияти кул дар ҳисобу китоби қувваи барқ барои тамоми муштариёни ноҳия ҳисобкунакҳои замонавии электронӣ васл карда шуда, минбаъд тамоми ҳисобу китоб ва назорати сарфиёти нерўи барқ тавассути онҳо сурат мегирад.
- Ҳукумати Олмон маблағи заруриро барои сохтмони ин нерўгоҳ ҷудо карда, боварӣ дорад, ки он нафақат ҳамчун сарчашмаи таъмини равшанию гармӣ барои сокинони ноҳияи Мурғоб хизмат мекунад, балки кафолати ҳақиқии беҳбудии ҳаёти маскунони ин диёри баландкўҳи Тоҷикистон хоҳад гашт. Хеле муҳим аст, ки бо оғози фаъолияти ин нерўгоҳ истифодабарии ҳезум ва буттаҳои терескен - ягона растании дар ҳудуди ноҳия рўянда барои пухтупаз ва гармкунӣ ба таври назаррас кам хоҳад шуд, ки ин дар навбати худ дар ҳифзи муҳити зисти минтақа роли муҳим мебозад, - қайд кард ҳангоми сўҳбат бо сохтмончиён Силке Кловер, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон.
Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд: "Ҳукумати Тоҷикистон ба кори дар чунин шароити табиату иқлими вазнин анҷомдодаи иҷрокунандагони лоиҳа - Бонки рушди Олмон (KfW) ва Ширкати "Помир Энерҷӣ", ки тавонистанд тамоми қувваю захоири пудратчиёнро ба сари вақт супоридани ин иншооти ҳаётан муҳим сафарбар созанд, баҳои баланд медиҳад. Кори дар доираи ҳамкории молиявии байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон бомуваффақият анҷомдода ва инчунин саҳми Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ дар шакли маблағгузории иловагӣ имкон доданд, ки бо роҳи ҷорикунии технологияҳои нав имрўз корхонаи ҳозиразамони ба рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи баландкўҳи Мурғоби Тоҷикистон мусоидаткунандаро мавриди истифода қарор диҳем".
- Ман ба ҳукумати мамлакат, ки амалисозии ин лоиҳаи меҳнатталаб ва аз ҳар ҷиҳат нодирро ба Ширкати "Помир Энерҷӣ" бовар намуд, изҳои сипоси худро арза медорам. Ва аз он хушҳолам, ки бо шарофати маҳорати баланди касбии мутахассисону меҳнати фидокоронаи коргарони ин ширкат ва инчунин пудратчиёни маҳаллию бурунмарзӣ, кумаку дастгирии ҳамарўзаи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳолии муқимӣ ва ризокорон НБО-и нави "Тоҷикистон" дар шароити иқлимии хеле вазнин сари вақту бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Мо имрўз дида истодаем, ки сокинони Мурғоб аз дастрасӣ ба қувваи барқи боэътимоду аз нигоҳи экологӣ тоза, ки боиси баланд шудани сатҳи зиндагиашон хоҳад гашт, хеле хушҳолу мамнунанд, - қайд намуд Акбаралӣ Песнани, роҳбари намояндагии доимии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон.
Бо мавриди истифода қарор додани НБО-и "Тоҷикистон", яке аз нерўгоҳҳои баландтарин дар ҷаҳон, қариб 7750 нафар аҳолӣ ва инчунин 67 адад муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои давлатию хусусӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва иншоотҳои дигари дар ноҳияи баландкўҳи Мурғоббуда дар давоми ҳашт моҳ бо қувваи барқи хушсифати 24-соата ва дар чор моҳи мавсими хунук бо барқи хушсифати то 18-соата таъмин карда мешаванд.
Мардуми ноҳияи Мурғоб аз ин ғамхории Сарвари давлат басо миннатпазир буда, кўшиш ба он менамоянд ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам тамоми ғайрати хешро баҳри гулгулшукуфоии ватани азиз равона хоҳанд кард.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин