Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ

Бо ибтикори шўрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳаракат - директори коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор, номзади илмҳои филологӣ Гулхумор Дадобоева зери унвони "Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими давлатдории муосири тоҷик" дар маҷлисгоҳи коллеҷи омўзгории шаҳр конференсияи илмӣ - адабӣ баргузор гардид. Дар он намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, рўзноманигорон ва омўзгорону донишҷўён иштирок доштанд.
Дар конференсия маърўзаҳои омўзгорони коллеҷ Лутфулло Гиёев "Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷик", Шарифа Шарифова "Рамзҳои давлатдорӣ - арзишҳои миллӣ", донишҷўён Ҳусниддин Соҳибов "Саҳми Пешвои миллат дар шинохти арзишҳои миллӣ" ва Рафоат Ализода "Забони миллат - пояи миллат" шунида шуд.
Адиб Султонмуроди Одина ва котиб - ҳамоҳангсози ҳаракат дар шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холов ба музокира баромада оид ба эҳтироми муқаддасоту арзишҳои миллӣ, хизмат ва ҳифзи марзу буми Ватан, хавфи шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ суҳбат намуданд.
Намоиши ҳунар ва дастовардҳои омўзгорону донишҷўён ва ташкили сўҳбатҳо вобаста ба мавзуъ дар бахшҳо аз он гувоҳӣ медод, ки масъулон конференсияро дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудаанд.
Абдузоҳид ОСТОНАҚУЛОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин