Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ ВА МУНОСИБАТИ МУҲАССИЛИН БА ОН

12/1543641020_30729185_209771643121714_4020808379103021713_n.jpg[/medium]

Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим яке аз самтҳои муҳими ислоҳот дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм дар пиёда кардани ислоҳот саъю кўшиш дорад ва зина ба зина гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълимро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ амалӣ намуда истодааст. Ин раванд падидаи нав нест ва он танҳо таҷрибаи пешқадамест, ки аксарияти давлатҳои муқтадири дунё онро амалӣ кардаанд ва натиҷаи мусбати онро дар ҷомеаҳои худ дида истодаанд.
Дар самти коркарди назариявии муносибати босалоҳият дар илми кишвар пажўҳишҳои ҷиддие ба иҷро расида истодаанд. Муҳаққиқони ватанӣ Зиёӣ Х., Туронов С., Лутфуллозода М., Бобизода Ғ. ва дигарон дар ин самт пажўҳиш ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, пажўҳиши профессор Зиёӣ Х. тадқикоти хеле ҷиддӣ буда, дар он масъалаҳои умуминазариявӣ ва роҳҳои татбиқи амалии муносибати босалоҳият мавриди баҳс қарор гирифтааст. Муносибати босалоҳият дар ҳама самтҳои ташаккули муҳассилин натиҷаи мусбат меорад ва ин ҷо мо нақши муносибати босалоҳиятро дар ташаккули шахсияти муҳассилин мавриди пажўҳиш қарор додем.
Яке аз рукнҳои ташаккули шахсият ин ба меҳнат ва шуғли заруру барои ҷомеа муфид ҷалб намудани муҳассилин мебошад. Ҳанўз файласуфи бузурги Юнони бостон Антисфен гуфта буд: "Меҳнат накўст". Маҳз меҳнати фаъоли инсон ўро ба бунёди шаҳрҳою давлатҳо раҳандозӣ намуд. Аз ин ҷост, ки дар ташакули шахсияти муҳассилин ба меҳнат ва шуғл ҷалб кардан яке аз самтҳои асосии муносибати босалоҳият мебошад. Асоси ҳадафу мақсади муносибати босалоҳият ин дар пояи дониши андўхтаи муҳассилин инкишоф додани маҳорату малакаи онҳо мебошад. Дониш рукни асосии касби маърифаткунӣ маҳсуб меёбад, вале барои дар амалия истифода кардани дониш ҳатман дар хонанда маҳорату малакаро инкишоф додан зарур аст. Дар ташаккули шахсияти муҳассилин меҳнат дар пояи муносибати босалоҳият ҳам дар шакли ҷисмонӣ ва ҳам зеҳнӣ натиҷаи накўеро ба бор меорад. Инсон аввал барои қонеъ намудани талаботи истеъмолии худ ба меҳнати ҷисмонӣ машғул буд. Бо тақозои замон донишҳои илмӣ инсонро ба меҳнати зеҳнӣ овард. Бинобар ин, муносибати босалоҳият бояд баҳри ба шуғл ва меҳнати барои ҷомеа муфид ҷалб кардани муҳассилин равона гардад.
Бинобар ин, дар ташаккули шахсияти муҳассилин доштани ҳунар ва касб, пеш аз ҳама барои таъмини талаботи истеъмолии шахс заруранд. Пеш аз ҳама, ба ташаккули маҳорату малакаи муҳассилин бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, зеро бе ташаккули маҳорату малака аз худ кардани ягон шуғл ва касбу ҳунар имконпазир нест. Бо доштани дониш ва ҳампоя бо ташаккули маҳорату малака муҳассилин соҳиби ҳунари воқеӣ мегарданд ва дар амалия ин ҳунари онҳо манфиати зиёде оварда, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ободии ҷомеа ҳиссагузор мегардад.
Дар ташаккули шахсияти муҳассилин ҷалб кардани онҳо ба меҳнати зеҳнӣ низ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои муносибати босалоҳият мебошад. Маҳз меҳнати зеҳнӣ ба рушди технологӣ, мошинҳои электронӣ, киштиҳои кайҳонӣ овард ва ин собит менамояд, ки маҳз меҳнат асоси поягузори рушди ҷомеаи инсонист. Меҳнати зеҳнӣ ба инкишофи тафаккури хонанда ва андешаронии онҳо вобаста аст ва муносибати босалоҳият дар ин самт низ нақши ҳалкунанда ва калидиро мебозад.
Салоҳият натиҷаи таълими босифат аст ва ба он равона карда мешавад, ки муҳассилин қобилияти истифода бурдани дониш, маҳорат ва малакаро бархўрдор гарданд. Яъне, дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд, на ин ки пеши ин мушкилиҳо ночор бимонанд.
Дониш, илм ва хирад бояд дар амал татбиқ гарданд. Ин байти Бадриддин Ҳилолӣ муайянкунандаи равшани муносибати босалоҳият дар таълим мебошад:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ба андешаи муҳаққиқ Туронов С. салоҳияту салоҳиятнокӣ таҷассумгари фаъолият ва зиндагӣ буда, дар аксари вожаву мафҳум ифода меёбад. Масалан, "инсон", "инсонгароӣ", "тарбия", "худшиносӣ". "маърифати баланд", "маҳорату малака", "китобу китобхонӣ", "забондонӣ", "бовар ба худ", "имону виҷдон", "иродаи қавӣ", "зебоиписандӣ", "ватан, ватандорӣ", "миллат", "арзишҳои миллӣ ва эҳтирому ҳифзи онҳо", "муҳаббат ба якдигар", "таҳаммулпазирӣ", "фурўтанӣ", "сулҳпарварӣ" ва амсоли онҳо. Ин вожаву мафҳумҳое, ки дар боло ёдовар шудем, ҳампоя бо ташаккул додани онҳо дар муҳассилин роҳро ба сўйи шахсият ва инсони комил мекушоянд ва хонанда ба шахсияти воқеии дар ҷомеа дар ҳамзистӣ зиндагӣ ва фаъолият баранда омада мерасад.
Аз ин лиҳоз, муносибати босалоҳият пеш аз ҳама, бояд ба он равона карда шавад, ки муҳассилин паси мизи дабистон нишаста, фарогири дониши судманд ва маҳорату малакаи ташаккулёфтаи дар амалия ҷорӣ шаванда бишаванд.
Ташаккули шахсият раванди хеле мураккабест ва бузургтарин ақлҳои башарӣ ва хирадмандон дар натиҷаи омўзиш ва заҳматҳои зиёд андешаҳои хеле судманду ҷолибро пешниҳод кардаанд. Ҳар як мураббӣ ва устод вазифадор аст, ки бовиҷдонона ва софдилона ҷиҳати амалӣ кардани масоили ташаккули шахсияти муҳассилин заҳмат бикашад. Маҳз муносибати босалоҳият собит намудааст, ки салоҳиятнокӣ усули пешқадамтарини таълим дар ҷомеаи башарист.
Имрўз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аз паси амалӣ кардани ислоҳоти маърифатист ва дар низоми таълим ҷорӣ кардани муносибати босалоҳиятро ҳадаф қарор додаст, аз ҳар як пажўҳишгар ва мураббӣ ҳисси ватандўстиву садоқат ба кори худро тақозо менамояд. Маҳз дар натиҷаи меҳнати софдилона ҳадафҳо амалишавандаанд. Таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шахрванд ҳадафи асосии роҳбарияти давлат мебошад.

Иноят ФАЙЗУЛЛОЕВА,
ходими пешбари илмии
Пажўҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин