Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

МУЪМИНОБОД: "Якарча" ба кор даромад

Бо ташаббуси соҳибкор Зуҳуршоҳ Сафаров дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фабрикаи парандапарварӣ дар ноҳияи Муъминобод дубора таъмир ва ба кор шурўъ кард.
Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур дар замони шўравӣ бо номи фабрикаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод бунёд ёфта, аз 12 сех иборат буд ва на танҳо ноҳия, балки аксари шаҳру навоҳии минтақаи Кўлобро бо тухму гўшти парҳезӣ таъмин мекард. Вале корхона аввали солҳои 90 - уми асри гузашта харобу валангор гардида, аз фаъолият боз монда буд... Соли ҷорӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Зуҳуршоҳ Сафаров чор сехи асосии корхона баъди таъмиру навсозӣ ба кор дароварда шуд. Масъулон аз Туркия 20 ҳазор тухм ва аз Ҷумҳурии Қазоқистону шаҳри Хуҷанд бошад, ба миқдори зарурӣ хўроки паранда ворид намуданд.
Баҳри таъмини сокинони минтақа бо гўшту тухм, Зуҳуршоҳ Сафаров, тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик иқтидори истеҳсолии корхонаро пурра барқарор созад. Ҳамин аст, ки ҳоло навсозии боз ду сехи дигари он босуръат идома дорад.
Тавре масъулон иброз медоранд, баъди пурра ба кор даромадани ҶДММ "Якарча", он метавонад дар як сол 14 ҳазор тонна гўшти парҳезӣ истеҳсол намояд.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рўзноманигор

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин