Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

КЎЛОБ: Ҳунарҳои мардумӣ меросианд

Дар Кўлоб ҳанўз аз замонҳои қадим ҳунармандӣ равнақ ёфта буд. Яке аз соҳаҳои пешрафта бофандагӣ мебошад, ки ба он асосан занон машғул ҳастанд. Оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои маъмули ин минтақа ба шумор меравад. Оҳангарони минтақаи Кўлоб ин ҳунари пурбаракати аҷдодии худро то имрўз фаромўш накарда, балки онро боз ҳам ривоҷ дода истодаанд. Устоҳои оҳангар дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кўлоб бо асбоби сохтаи худ аз қабили теша, каланд, дос, зоғнўл, наъл барои асп ва ғайра мушкили мардумро осон менамоянд.
Оҳангарӣ меросӣ буда, аз падар ба писар ва ба наслҳои минбаъда гузашта омада истодааст. Ҳунармандону устоҳои халқӣ, аз ҷумла, наққошону кулолгарон мисгарону зардўзон ва қолинбофону косибон дар офаридаҳояшон нақшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст менамоянд. Ҳар як нақшу нигор маънои хос дошта, номгузорӣ мешавад ва аксари онҳо нишони эътиқоду боварӣ ба урфу одати мардум мебошанд. Чунин хусусиятҳо бештар дар санъати ороишии гулдўзӣ ва чакан мушоҳида мешаванд. Аз қадим фарҳангшиносону мардумшиносон зиёда аз 700 навъи нақши гулдўзиро маълум намудаанд, ки намунаҳои маъруфтаринашон: аноргул, бодом, барги бед, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурўс, булбул, думи товус, парпар, пайи гунҷишк, ҳашттарк, моҳ, ситора, мори печон, гулбаст ва ғайра мебошанд.
Ҳунармандони мо то имрўз сару либос, хилъат, камзўлчаҳои кўдакона, васкатҳои занона, рўймоли миён, тоқӣ, чойникпўш ва монанди инҳоро гулдўзӣ менамоянд, ки аз ҳунари баланд доштани мардуми мо гувоҳӣ медиҳад. Чунин гулдўзиҳои зеборо дар хонадони ҳар як сокини ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Темурмалик ва шаҳри Кўлоб дучор шудан мумкин аст.
Дигар ҳунаре, ки дар байни мардуми минтақаҳои Кўлоб машҳуру маъруф мебошад, навъе аз кашидадўзӣ - чакан мебошад. Насли калонсолу миёнасол хеле хуб дар ёд доранд, ки дар минтақа ҳеҷ як арўсро бе куртаи чакан ва чодару дигар намуди кашидадўзиҳо ба хонаи домод гусел намекарданд.
Нақши чакан бо риштаҳои гуногун: сафед, сурх, сабз ва зард кашидадўзӣ карда мешавад. Нақшҳои чакан мафҳумҳои гуногунро дар бар мегирад. Тасвири офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, ҷонварон ва рустаниҳо мебошанд, ки ҳар яки онҳо маънои ба худ хос доранд. Хушбахтона, то имрўз чакану чакандўзӣ на танҳо аз байн нарафт, балки боз ҳам рушд ва ба худ мазмунҳои тозаро касб намуд.
Заргарӣ низ яке аз ҳунарҳои қадимаи аҷдодиамон ба шумор мераванд, ки то имрўз маснуоти онро занону духтарони тоҷик ба таври васеъ истифода менамоянд. Талаботи мардум ба ашёи заргарӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои минтақа ин ҳунари қадима боз ҳам рушд намояд. Заргарони мо аз нуқра ангуштарин, даспона, қулфи гиребон, гўшвораҳои чапарак, қафасӣ ва монанди инҳоро сохта пешкаши ҳаводорони худ менамоянд.
А. РАҲИМОВ,
омўзгори коллеҷи омўзгории
ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин